sebiston july new
Толеъномаи 14-уми март
14.03.2022
Нодира
3880

Ҳамал (21 март-20 апрел)
Ақидаву пешниҳодҳои аҷибе ба саратон меоянд, вале дар ҷодаи молиявӣ бурд намекунед. Пулҳои худро сарф накарда, ба вазъиятҳои ногаҳонӣ омода бошед. Баъзеҳо имкони хуби дар вазифа боло рафтанро пайдо мекунанд. Ба хонаатон аз роҳи дур меҳмони нохонда меояд. Баъди нисфирӯзӣ тасодуфан бо собиқ дӯстдоштаатон вомехӯред.

Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз муваффақияти молиявӣ ё дастгирии шахси муътабаре имкон дорад. Дар ин бора ба касе нақл накунед, вагарна душманон ба ҳуҷум гузашта, аз роҳ мезананд. Эҳтимоли хабари нохуш шуниданатон имкон дорад. Камқувативу бемадорӣ нишонаи фасли баҳор аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)
Хуб мебуд, ки нисбати танқиду эрод ва сарзаниши атрофиён аз ҳад зиёд хурдагирӣ накунед. Шумо нуқтаи назари худро доред ва онро пайгирӣ намоед. Тамоми ҷашну маъракаҳое, ки дар ин рӯз ба нақша гирифтаед, дар сатҳи олӣ мегузаранд. Агар худро нотоб ҳис кунед, барвақттар ба хона рафта, истироҳат кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳама кор андозаро нигоҳ доред. Аз кору рафтори ногаҳонӣ худдорӣ намуда, сари эҳсосот ба қароре наоед, тамоми корҳои дар ин рӯз анҷом додаатон оқибатҳои нохуш ба бор меорад. Ба туҳфаҳои тақдир умед набандед. Барои ба даст овардани маблағи пулӣ заҳмати зиёд кашиданатон лозим меояд.

Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз ғайри хоҳиши худ ба ҳодисаву доми макру фиреб кашида мешавед, атрофиён бо ғаразҳои шахсии худ шуморо истифода бурдан мехоҳанд. Дар ин рӯз рашки худро нишон надиҳед, вагарна кор бо муноқишаи калон анҷом меёбад. Аз тамоми гуна сафарҳо худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз тасодуфан ва ғайриихтиёр нафареро ранҷонида метавонед. Қабл аз он ки гаперо ба забон меоред, оқибати онро чанд маротиба андеша намоед. Сари эҳсосот сирру асрори нафареро фош карда ё ба ҳамсуҳбати худ ҳақиқати талхро гуфта, боиси ранҷиши дилаш мегардед. Худро ҷисману руҳан хаста насозед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз ҳангоми робита бо наздиконатон хеле боэҳтиёт бошед. Ҷое ки бояд нозукона рафтор намоед, ба ҳуҷум нагузаред. Нисбати атрофиён танқиду норизогӣ накунед. Барои он ки муносибататон бо нафаре аз наздикон вайрон нашавад, аз мавзӯҳои дардноку ҳасос дурӣ ҷӯед. Имкони сарф кардани маблағи зиёд вуҷуд дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Аз ғалатҳои пештараи худ ибрат гирифта, минбаъд агар якравиро аз худ дур карда, бомулоҳиза амал накунед, боз хато мекунед. Дар давоми рӯз сарчашмаҳои нави даромад пайдо карда, хеле шод мегардед. Ширкат варзидан дар маъракаҳои серодам барор намеоранд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз бо нафароне, ки шуморо дӯст медоранд, баҳсу мунозира накунеду дил наранҷонед. Барои иваз кардани ҷойи кор рӯзи мусоид нест. Дар масъалаҳои пулӣ бояд таваккал намоед, он гоҳ бурд мекунед. Мулоқоти ошиқона лаҳзаҳои хотирмон ато мекунад. Эҳтимоли хурӯҷ намудани бемориҳои куҳна вуҷуд дорад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Чизҳои куҳнаву нодаркорро партоед, то ки дар зиндагиятон барои оғози нав ҷой пайдо шавад. Бо рубӯчини хона машғул шуда, худро сабук ҳис мекунед. Бо ҳамин роҳ айбу гуноҳи худ, ишқу муҳаббати нобудгаштаро рафъ карда метавонед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз ҳам ғалатҳои худатон ва ҳам аз атрофиён боиси асабонияти шумо гашта метавонад. Панду насиҳатхонӣ накунед, вагарна атрофиёнро меранҷонед. Аз кору ниятҳои хатарнок худдорӣ намоед, оқибати хуш намеоранд. Табъи нохушатон ба муносибатҳои ошиқонаатон бетаъсир намемонад. Баъди нисфирӯзӣ паст шудани фишори хунатон имкон дорад.

Ҳут (21 феврал-20 март)
Бад шудани вазъи саломатиятон имкон дорад. Ба маслиҳати фиребгару қаллобон гӯш дода, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарзи табобатро тағйир додану истеъмоли дорувориҳои навро тавсия намедиҳем, беҳтараш аз тарзу усулҳои санҷидашуда истифода баред. Он гоҳ аз аллергия ва заҳролудшавӣ эмин мемонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД