Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз пеши роҳи шумо интихоби душвор қарор мегирад. Он метавонад муносибатҳои наздикатонро мустаҳкам ё вайрон кунад. Ба садои дили худ бовар кунед. Вақти хуб барои даъвати меҳмонон ё суҳбат бо хешовандони калонсол аст. Эҳтиёт бошед: шахсе бо ҳасад пушти саратон гап мезанад. Вазъи пулиятон ноустувор аст, корҳои нави тиҷоратиро оғоз накунед. Ба истеъмоли ғизо ва дору диққат диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз ба наздикони худ меҳрубонӣ нишон диҳед. Туҳфаҳои хурд ва суханони гарм онҳоро хурсанд мекунанд. Дар оила нофаҳмӣ эҳтимол дорад, беҳтараш бо сабр рафтор кунед. Аз корҳои нав худдорӣ намоед, вақти муносиб барои ҳуҷҷатҳо ва ҳисобу китоб аст. Барои шавқу завқ ва хоббиҳои шахсӣ вақт ҷудо кунед. Хатари шамол хӯрданатон зиёд аст.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Муносибатҳои ошиқонаатон на ҳамеша ором мемонанд, бо гузашти вақт шикоятҳо пайдо мешаванд. Имрӯз аз мулоқотҳо дурӣ ҷӯед. Эҳтимол душманон шуморо тӯҳмат кунанд, аз ин рӯ суханро бодиққат гӯед. Агар қарздор бошед, дар фикри даромади иловагӣ шавед. Варзиш кунед, вале аз ҳад зиёд не, то мушакҳо осеб набинанд.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз нафаре ба шумо таваҷҷуҳ мекунад, ки ба дилатон писанд нест. Аз чунин ошиқон бо эҳтиёт дурӣ ҷӯед. Каломи сахт дили ҳамсаратонро меранҷонад – аз танқид худдорӣ кунед. Энергияи зиёд метавонад ба стресс оварда расонад. Агар қарз дошта бошед, вақти хубест барои пардохт. Дар истеъмоли ғизо танҳо маҳсулоти табииро интихоб кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат хушнудӣ ва вохӯриҳои ҷолиб эҳтимол дорад. Вақти хуб барои тағйири намуди зоҳирӣ низ ҳаст. Муносибатҳо бо ҳамсар хуб мешаванд, агар шумо ба ҳолати рӯҳии ӯ аҳамият диҳед. Дар касбу кор ростқавл бошед, обрӯ аз ҳама муҳимтар аст. Шумо метавонед кумаки ғайриинтизор ё туҳфа гиред. Саломатӣ хуб мешавад ва неруятон зиёд мегардад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз ҳамсаратон аз шумо меранҷад, зеро корро аз муҳаббат боло медонед. Ба наздикон ва дӯстон диққати бештар диҳед. Имкони шиносоӣ бо шахсони нуфуздор пайдо мешавад, онро аз даст надиҳед. Харидҳо фоидаи хуб меоранд. Барои саломатӣ бошад, тахтапушт ва гарданро бо машқ ва маҳс табобат кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Барои занон шиносоии кӯтоҳмуддат эҳтимол дорад, ки ҳаёти шахсиро тағйир дода метавонад. Мардон бошанд, бояд принсипҳои худро ҳимоя кунанд. Имрӯз баҳсу сӯҳбатҳо зиёд мешаванд, сабрро аз даст надиҳед. Дар кор натиҷаҳои хуб ба даст меоред, агар бо фикрҳои эҷодкорона амал кунед. Неруятон меафзояд, вале эҳтиёт кунед, хароҷоти нодаркор имкон дорад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз аз вохӯриҳои нав, махсусан дар интернет, худдорӣ намоед. Аммо тағйироти ногаҳонӣ ва гуворо дар зиндагиатон пайдо мешаванд. Ба ақлу хиради худ эътимод кунед. Дар касбу кор муваффақият эҳтимол дорад, вале ҳуҷҷатҳоро бодиққат санҷед. Вазъи молиявӣ босуръат беҳтар мешавад. Вале вақти истироҳатро фаромӯш накунед, то аз хастагӣ эмин бошед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз муносибатҳои ошиқонаатон пур аз гармӣ ва меҳр мегардад. Бо ҳамсар ростқавл бошед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Оиладорҳо бояд эҳсосотро идора кунанд, барои нафарони танҳо бошад, вақти ҷустуҷӯи бахт нест. Ваъдаҳои зиёд ва кори зиёдатӣ обрӯятонро коста месозад. Аз субҳ неру пайдо мекунед ва метавонед ҷойи кор ё касбро тағйир диҳед. Аз корҳои вазнин худдорӣ кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз мумкин аст шахси муҳимеро вохӯред, ки бо ӯ дар оянда муддати дароз ҳамроҳ мемонед. Ба наздикон меҳрубонӣ нишон диҳед – ҷавобашро мегиред. Шумо роҳи ҳалли оқилонаи мушкилотро меёбед. Дар кор бояд қобилияти худро нишон диҳед. Ба сутунмуҳра ва ҳолати нишастан диққат диҳед – машқҳо барои пушт муфиданд.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз мумкин аст вохӯрии муҳим дошта бошед, ба намуди зоҳир диққат диҳед. Хабари хуш метавонад зиндагиатонро дигар кунад. Дар корҳои худ муваффақ мешавед, монеаҳоро пушти сар мекунед. Аммо эҳтиёт шавед, аз хароҷоти калон ва харидҳои гарон худдорӣ кунед. Вақти хуб барои ором кардани рӯҳ аст – ба табиат бароед, ба ибодат машғул шавед ё сайругашт кунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Муносибатҳои вайроншудаи ошиқонаро нигоҳ доштан душвор аст – беҳтараш дӯстдоштаи худро раҳо кунед. Имрӯз тағйироти ногаҳонӣ имкон дорад, ки ба пул ва хароҷоти оила таъсир мерасонад. Бо меҳнат шумо метавонед дар касбу кор пеш равед. Харидҳои калонро мавқуф гузоред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед – хоб ва оромӣ зарур аст, стрессро кам кунед.