Gazprom july 2025
ТОЛЕЪНОМАИ 17-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2025
1379

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз фоидаи калон ба даст намеоред. Хатари фиреб хӯрдан ва ваъдаҳои бардурӯғ вуҷуд дорад. Эҳтиёт кунед, то аз дарди сар ё нооромии меъда ранҷ набардоред. Нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед ва бо шахсони ношинос дарди дил накунед. Ба ҳар гуна танқид аҳамият надиҳед, то оромии рӯҳиро ҳифз кунед.

Cавр (21 апрел-21 май)

Имрӯз натиҷаи меҳнати худро мебинед. Агар дар рухсатӣ бошед, бо хотири ҷамъ истироҳат кунед. Барои дур кардани фикрҳои нодаркор беҳтараш бо корҳои хона ва ободонӣ машғул шавед. Рӯҳияи нохуб метавонад ба наздикон таъсир расонад, пас кӯшиш кунед, ки шодтар бошед ва худро бо корҳои писандида машғул доред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз хавфи сар задани баҳс дар хона бо наздикон ё ҳамсояҳо зиёд аст. Дар ҷодаи муҳаббат сабр ва гузашт кардан зарур аст. Ҳангоми харид ё қабули пешниҳоди молиявӣ эҳтиёткор бошед, хатари фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Аз шитобкорӣ худдорӣ кунед, то баъдан аз кори кардаатон пушаймон нашавед ва муносибатҳои ошиқонаро ҳифз намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои рафъи хастагӣ пиёда бештар роҳ гардед ва вақти кофӣ барои хоб ҷудо кунед. Витамин ва ғизои солим неру мебахшад. Аз баҳсу моҷаро ва вохӯриҳои нодаркор канорагирӣ кунед. Барои нигоҳ доштани саломатии рӯҳу ҷисм ба корҳои оромкунанда машғул шавед, то рӯз бидуни стресс ва изтироб гузарад.

Асад (23 июл-23 август)

Барои муваффақ шудан дар кор маслиҳати ҳамкорони боэътимодро гӯш диҳед. Ба касе иҷозат надиҳед, ки ба ҳаёти шахсиятон дахолат кунад. Баъд аз нисфирӯзӣ вазъи молиявиятон беҳтар шуда, имкони ҳалли мушкилот пайдо мешавад. Ба наздикон бовар кунед ва бо онҳо нақшаҳоятонро тарҳрезӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз муносибат бо шахси наздик метавонад сард гардад. Барои ҳалли мушкилоти молиявӣ эҳтимоли қарз гирифтан зиёд аст. Ба саломатии худ аҳамият диҳед ва аз муноқиша канорагирӣ кунед. Ба суханони носанҷидаи атрофиён аҳамият надиҳед, то рӯҳияатон паст нашавад ва ба одамони даркорӣ бештар диққат диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пурташвиш пеш аст. Эҳтимол нафаре ба муносибатҳои ошиқонаи шумо халал ворид кунад. Аз пурхӯрӣ ва хастагии ҷисмонӣ худдорӣ кунед. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёткор бошед. Барои нигоҳ доштани оромӣ вақт ҷудо кунед ва худро аз вазъиятҳои хатарнок дур нигоҳ доред.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз эҳтимоли ҷудоӣ бо шахси дӯстдошта рӯҳафтода нашавед. Имрӯз меҳмондӯст бошед ва дӯстону наздиконро ба хонаатон даъват кунед. Барои ҷавонони ин бурҷ рӯзи пурбаракат аст. Саломатӣ хавфи ҷиддӣ надорад, аммо ронандагон бояд бегоҳ эҳтиёткор бошанд, то аз ҳодисаҳои нолозим ҷилавгирӣ шавад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз хатари фиреб хӯрдан ва ваъдаҳои дурӯғ зиёд аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт шавед. Зудбоварӣ метавонад боиси пушаймонӣ гардад. Дар муошират эҳсосотро идора кунед, то муносибатҳои муҳимеро аз даст надиҳед. Қарорҳои шитобзада нагиред ва ҳадафҳоро бо сабр пайгирӣ кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз муносибат бо рақибон беҳтар мешавад. Дар муҳаббат, агар шиносоӣ нав ба вуқуъ омада бошад, эҳтиёткор бошед. Аз баҳсу мунозира канорагирӣ кунед ва ба хӯрдагириҳои дигарон аҳамият надиҳед. Бо оромӣ ва мулоҳиза амал намоед, то рӯзи шумо бидуни низоъ ва стресс гузарад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз сатҳи даромад зиёд шуда, имкони оғоз кардани корҳои нав фароҳам мешавад. Вақти истироҳат нест, аз фурсат истифода баред. Бо наздикон нармгуфтор бошед, махсусан агар корҳои сохтмонӣ дар хона идома дошта бошад. Саломатӣ хуб аст, танҳо каме хастагӣ эҳсос мекунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Тағйирот дар ҳаёти шахсӣ эҳтимол дорад. Барои нигоҳ доштани муҳаббат аз баҳсу моҷаро канорагирӣ кунед. Хафагиву кинаро аз дил дур созед. Шахсони синнашон калон эҳтиёт бошанд, хатари зиёд шудани нишонаҳои бемории тарбод вуҷуд дорад. Ба оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД