sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3007

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи ниҳоят душвор аст. Аз ҷониби душманону бадхоҳон иғвову шӯрандозӣ дар назар аст. Нерӯи худро беҳуда сарф накунед, аз сафарҳои роҳи дур бо мошини шахсӣ худдорӣ карданатон беҳтар аст. Камтарин низоъ бо шахси дӯстдоштаатон боиси ҷанҷоли калон ва ҳатто ба ҷудоӣ оварда мерасонад. 

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз табъи худро хуш нигоҳ доред. Чизҳои ниёзи худро бо нархи начандон зиёд ба даст оварда метавонед. Дар масъалаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед, харҷи беҳуда накунед, вагарна бе пул мемонед. Ба нафарони муҷарраде, ки дар фикри оиладоршавӣ ҳастанд, шитоб карданро тавсия намедиҳем.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Барои амалҳои худ посух гуфтанатон лозим меояд. Аз маъракаҳои серодам ва баландиҳо эҳтиёт шавед, имкони ҷароҳати ҷиддӣ бардоштан ё гирифтори беморие шуданатон вуҷуд дорад. Баъди нисфирӯзӣ камқувватиро эҳсос мекунед ё хабари нохуш мешунавед. Дар хоб дидани доду фиғон фоли хуб нест.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз корҳоятон барор гирифта, бо осонӣ тамоми мушкилиҳоро рафъ ва ба орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшонед. Бо виҷдони пок ва иродаи мустаҳкам аз вазъиятҳои душвортарин берун меоед. Хабари бемории яке аз наздикон хотиратонро парешон ва табъатонро хира мегардонад.  

Асад (23 июл-22 август)

Барои тарки одату дилбастагиҳои бад рӯзи хуб аст. Нафароне, ки одати сигоркашӣ доранд, имкони аз он халос шуданро пайдо мекунанд. Дар ин рӯз худтабобаткуниро тавсия намедиҳем, беҳтараш бо маслиҳати духтурони касбӣ табобатро ба роҳ монед. Дар масъалаҳои ошиқона бо амри дил кор кунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бебарор аст. Мушкилоти рӯзгор, муноқишаҳои хурд ё хабари нохуш аз шумо кӯшиши зиёдро талаб мекунанд, кидар натиҷа вазъи молиявӣ ва саломатиятон нохуб мегардад. Хоҳед, ки вазъи молиявиатон душвор нагардад, ба ҳодисаҳое, ки маблағи пулиро талаб мекунанд, диққати зиёд надиҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз кӯшиши ба нафаре чизеро исбот карданро накунед. Ҳақ будани худро бо гап неву бо кор собит намоед. Ихтироъкорӣ ва каме ҳиллагарӣ карданатон лозим меояд. Дар ҷодаи муҳаббат тағйиротҳои судманд рух медиҳанд. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб шуданатон дар назар аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз фиребу ваъдаи дурӯғ боиси рӯҳафтодагиву ранҷиш мегардад. Нафароне, ки ошиқ шудаанд, нисбати дӯстдоштаи худ бодиққат буданашон лозим аст. Эҳтимол, ёри ёфтаатон ба шумо арзандаву муносиб нест. Ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, хонаву дари худро аз дуздӣ ё рух додани сӯхтор эҳтиёт кунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз нафаре ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад. Ба шахсе, ки чандон бовар надоред, қарз доданро тавсия намедиҳем. Дар муносибатҳои оилавӣ давраи душвор фаро мерасад, агар наздикон шуморо намефаҳмида бошанд, ба нуқтаи назари онҳо аҳамият надиҳед. Асабҳои худро аз хасташавӣ эмин нигоҳ доред.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Аз монеаҳое, ки бадхоҳону душманонатон дар роҳи шумо гузоштаанд, раҳо ёфта наметавонед. Душманони худро пайдо карда, кӯшиши чизеро исбот карданро накунед. Дар ин маврид хомӯширо пеша намоед. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Аз чорабиниҳое, ки ба касбу коратон таъсири мусбӣ мерасонанд, қафо намонед. Айни замон имкониятҳои мусоид пеш меоянд, муваффақиятро аз даст надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ хабари нохуш мешунавед ё мушкилоти рӯзгорро ҳатман рафъ карданатон лозим меояд. Дар оила муноқишаи хурд имкон дорад.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои ба анҷом расонидани корҳое, ки чанд муддат аз ӯҳдааш намебаромадед, аз ҳад зиёд истодагарӣ накунед. Агар монеаҳоро рафъ карда натавонед, беҳтараш таваққуф намоед. Рӯзи хубест барои муносибатҳои ошиқона ва дидорбинӣ. Нисбати саломатии худ ва наздикон диққати бештар зоҳир намоед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД