arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ МАРТИ СОЛИ 2023
4324

 

                 Ҳамал

Зодагони мучали ҳамалро лозим аст, ки бештар ба садои қалби худ гӯш андозанд. Агар хоҳиши тағйир додани нақшаҳои худро дошта бошед, ҷасурона аз пайи ин кор шавед. Корҳоятон барор гирифта, пеши роҳатон кушода мешавад. Аз кишвари дуре хабари хуш мешунавед.

 Савр

Шуморо лозим меояд, ки ба хотири ба нафаре кумаки худро расонидан тамоми корҳоятонро ба таъхир гузоред. Ин амал шуморо руҳафтода намесозад, балки тамоми рӯз бо табъи болида мегардед. Бегоҳирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмон хеле мусоид аст. Агар харид карданӣ бошед, айни муддао аст.

Ҷавзо

Дар ин рӯз зодагони мучали ҷавзо бо шарофати андешаронии комил ва назорат карда тавонистан мушкилоти сарзадаро ба осонӣ рафъ месозанд. Агар бо дӯстдоштаи худ қаҳрӣ бошед, дар ин рӯз оштӣ шудан хеле осон аст. Умуман бо атрофиён хеле хуб забон меёбед.

Саратон

Мушкилоти сарзадаро ба зудӣ рафъ кардан муяссаратон мегардад. Рӯзи бобарорест барои рафъ намудани мушкилоти молиявӣ. Беҳтараш ҳама корҳоятонро дар танҳоӣ ҳаллу фасл намоед. Ҳамкорон ва ҳамфикрон бо сабаби сусткорӣ корҳоятонро ба таъхир мегузоранд. Дар ин рӯз нафаре пайдо мешавад, ки дар мақсадҳои нопоки худ шуморо истифода бурдан мехоҳад.

Асад

Ба ҳама рӯйдодҳои атрофатон бо дили кушод нигарде, он гоҳ мушкилиҳои сарзадаро ба осонӣ бартараф месозед. Эҳтимол баъзеҳо бо суханҳои нешдорашон ба иззати нафси шумо мерасанд. Рӯзи шанбе ба ягон муноқишаву низоъ роҳ надиҳед. Вақти худро бо нафароне сипарӣ намоед, ки шуморо дӯст медоранду бароятон эътимод мебахшанд.

Сунбула

Мушкилиҳои сарзадаро аз пештара осонтар рафъ месозед. Дар ин рӯз аз натиҷаи корҳои анҷомдодаатон қаноатманд мегардед. Барои он ки фаъолнокиро аз даст надиҳед, наҳорӣ ва хӯроки нисфирӯзиятон бояд хеле серғизо бошад. Бегоҳирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна аз дарди шикам раҳо намеёбед.

Мизон

Тамоми рӯзро дар ҳаракат мегузаронед, эҳтимол ба сафар бароед. Бисёр чизҳои навро аз худ мекунед. Ба хароҷоти ногаҳонӣ омода бошед. Аз истеъмоли хӯрокҳое, ки то ин дам истеъмол накарда будед, худдорӣ намоед. Эҳтимоли дучори аллергия шуданатон зиёд аст.

Ақраб

Масъалаҳои вобаста ба даромади пулӣ ва маблағ хеле бобарор роҳи ҳалли худро меёбанд. Ҳангоми сар задани мушкилиҳо аз кӯмаки шиносҳои пешинаву наватон истифода баред. Ба шумо бо камоли майл кумак мерасонанд. Аксари зодагони мучали ақраб бо кори ҷолиб машғул мешаванд.

Қавс

Айёми хубест барои амалӣ сохтани нияту нақшаҳо. Корҳои якранг ва дилбазанро ба таъхир гузоред. Ба маслиҳати наздикон гӯш андозед, айни замон ин тавсияҳо ба шумо хеле муфиданд. Танқидро ҳамчун таҳқир қабул накунед.

Ҷаддӣ

Дар зиндагиатон тағйиротҳои ҷиддӣ рух медиҳад. Баъзеҳо аз чунин дигаргуниҳо ба ҳарос меафтанд. Барои камтар сохтани изтироб ва фишори руҳӣ бо мутахассисон ва нафароне, ки дучори чунин ҳолат шудаанд, истифода баред.

 

далв

Мушкилоти худро бо нафароне, ки хуб намешиносед, қисмат накунед. Ба ҷои дастгирӣ дучори танқиду эрод мегардед ва дар натиҷа табъатон хира мегардад. Беҳтараш бо ягон кори ҷолиб машғул шавед, ба сафар бароед, ба ҷашну маърака ва хурсандиҳо равед.

Ҳут

Барои он ки аз вазъиятҳои душвортарин берун бароед, ҷасорату фантазияи худро ба кор баред. Мушкилиҳои пешинаро фаромӯш кунеду мушкилоти рӯзгорро бартараф ё нерӯи худро ба беҳтар сохтани муносибат бо дӯстдоштаатон сарф намоед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД