Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 18-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3379

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар имкон дошта бошед, имрӯз дар оғӯши табиат истироҳат кунед. Аз ӯҳдаи тамоми мушкилиҳои сарзада баромада наметавонед, вале саломатиро аз даст медиҳед. Дар ҷодаи муҳаббат дӯстдоштаатон ба тамоми ҳарфҳои шумо гӯш медиҳад. Бо сабаби мушкилиҳои оилавӣ ва тиҷорати шахсӣ хароҷот дар назар аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо дӯстдоштаатон вайрон мегардад. Агар шумо ба наздикӣ шинос шуда бошед, аз чунин ранг гирифтани кор рӯҳафтода нагардед, зеро ҳанӯз якдигарро хуб наомӯхтаед. Агар ба нуқтаи назари шумо наздиконатон гӯш андозанд, мушкилиҳои рӯзгор зудтару хубтар рафъ мегарданд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз кори душвор даст кашед, хусусан, агар саломатиятон нохуб бошад, зеро хастагӣ ба саломатиатон бетаъсир намемонад. Даромади иловагӣ пайдо карда, аз норасоии маблағ азият намекашед. Мардҳо бояд фикру андешаҳои худро ҷилавгирӣ намоянд, вагарна ҳодисаҳо ба фоидаи шумо анҷом намеёбанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз яку якбора аз пайи амалӣ сохтани чанд кор нашавед. Эҳтимол, мушкиливу ғалатҳои пештара дубора баргашта, муносибатҳоятон бо нафаре, ки дӯсташ медоред, душвор мегардад. Дар саломатии аксари саратонҳо мушкилоти ҷиддӣ сар зада, сари вақт ба табиб муроҷиат карданашон лозим аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳангоми баҳсу мунозира бо баъзе ҳамкорон якравӣ зоҳир мекунед. Шартномаҳои молиявӣ бобарор мешаванд. Нафароне, ки тиҷорати худро доранд, бояд онро назорат намоянд. Агар аз рафтори беадолатонаву дағалии нафаре нороҳат шавед, беҳтараш аз ин нафар худро барои ҳамешагӣ дур гиред.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз танҳо ба қувваву тавоноии худ умед бастанатон лозим аст. Муваффақият на ҳамеша насиби шумо мегардад. Нафаре ба корҳоятон таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат сабру таҳаммулро пеша намоед, ба баҳсу мунозира роҳ надиҳед. Ҳангоми сафар бо мошини шахсӣ боэҳтиёт бошед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз даромади ногаҳонӣ на он қадар калон имкон дорад. Агар маблағи худро боақлона сарф карданӣ бошед, як қисми онро барои хариди калон мавқуф гузошта метавонед. Агар имкони истироҳат карданро пайдо намоед, ҳатман аз паяш шавед, зеро шумо ба хоби бароҳат ва витаминҳо ниёз доред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз бо нафаре, ки чанд муддат ба гарданатон нишастааст, дағалӣ карда, имкон намедиҳед, ки шуморо истифода барад. Рӯзона бо нафаре вомехӯред, ки пештар дӯсташ медоштед. Агар дӯстдошта дошта бошед, ишқи собиқатонро фаромӯш намоед. Фарзандону хешовандон хароҷоти калонро талаб мекунанд.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нафаронеро, ки кӯшиши бо шумо наздик шуданро мекунанд, аз худ дур насозед. Бештар суҳбату дарди дил кунеду дастгирии маънавӣ намоед. Агар сари вақт ба роҳбарият ҳисоботи худро пешниҳод накунед, ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Муҳим он аст, ки фишори рӯҳиро дар худ ҷамъ накунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Одати рӯирост гуфтани гуноҳи одамонро партоед, зеро бо ин амали худ нафарони зиёдеро аз худ меранҷонед. Барои хариди калон рӯзи бобарор нест, аз ин рӯ, бо харидани маҳсулоти хӯрока қаноат намоед. Ситораҳо бегоҳирӯзӣ дар муҳити орому осуда истироҳат карданро тавсия медиҳанд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба сарфи беҳудаи пул роҳ надиҳед. Хусусан, агар манбаи даромади иловагӣ надошта бошед, пулҳоятонро сарфакарона истифода баред. Сафарҳои роҳи дур ва сафарҳои кориро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Хусусан, агар дар зиндагиатон корҳои таъхирнопазир дошта бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Вазъият дар хонаатон тавре сурат мегирад, ки аз хона баромада рафтан мехоҳед. Беҳтараш муносибататонро бо пайвандон хубтар сохта, бо мушкилоти рӯзгор машғул шавед. Ба эътирозҳои нешдори як ҳамкоратон босабр бошеду ба муноқиша роҳ надиҳед. Барои ҳутҳои тоҷир рӯзи бобарор аст.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД