Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ба сафари роҳи дур набароед, эҳтимоли ҳодисаи нохуш дар роҳ вуҷуд дорад. Беҳтараш дар муҳити ором бо нафарони дилписанд суҳбат кунед ё ба кори зеҳнӣ машғул шавед. Нисбати масъалаҳои молӣ ба нафароне, ки бовар надоред, эҳтиёт кунед. Ба садои дил гӯш андозед: он ба шумо дар фарқ кардани дӯст аз душман кумак мерасонад.
Савр (20 апрел-20 май)
Ба касе душманӣ накунед, вагарна худатон дар мушкилӣ қарор хоҳед гирифт. Ба ҳамкорони камтаҷриба бо меҳрубонӣ муносибат кунед, хурдагирӣ накунед. Ҳамён ё пулҳои худро дар ҷои бехатар нигоҳ доред, эҳтиёт бояд. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре мулоқот мекунед, ки муддати тӯлонӣ дар ёди шумо буд. Агар нотобӣ эҳсос кунед, эҳтимол ин нишонаи камхобӣ аст.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз нафаре шуморо дар беодобиву бемаърифатӣ гунаҳкор мекунад, омода бошед. Ҳангоми муошират бо дӯстдоштаатон ғурурро канор гузоред. Бо дӯстони қадима самимӣ бошед. Агар ба пул ниёз дошта бошед, қарз гиред, вале агар пул дошта бошед, беҳтараш қарз надиҳед. Аз одамоне, ки фишори руҳӣ доранд, эҳтиёт кунед, онҳо метавонанд ноором шаванд.
Саратон (21 июн-22 июл)
Ба саломатӣ диққат диҳед, агар чизе нороҳат мекарда бошад, ба духтур муроҷиат кунед, худтабобаткунӣ накунед. Аз ғизоҳои равғанӣ, хамирӣ ва шӯр даст кашед. Бегоҳирӯзӣ дар муносибатҳои ошиқона лаҳзаҳои ҷолиб пешбинӣ шудааст. Даромади пулӣ ба табъи шумо таъсири мусбат мерасонад, вале эҳтимол онро зуд сарф кунед.
Асад (23 июл-22 август)
Аввал мушкилоти худро ҳал кунед, сипас ба дигарон ёрӣ диҳед, то ки вақтро ба кори беҳуда сарф накунед. Ба ҷустуҷӯи манбаи нави даромад машғул шавед. Вохӯрие, ки имрӯз дар нақша ҳаст, метавонад хотирмон ва пур аз муҳаббат шавад. Бе ташхис ва машварати табиб ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳед.
Мизон (23 август-22 сентябр)
Ҳодисаҳое, ки дар ин рӯз рух медиҳанд, ба дил наздик нагиред ва ба руҳафтодагӣ роҳ надиҳед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ, манбаи нави даромади пулиро ҷустуҷӯ кунед. Маслиҳати дӯстатонро бо умед қабул кунед, онҳо шуморо эҳтиёт мекунанд. Имрӯз рӯзи мусоидест барои оғози табобат.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Овозаҳо дар бораи шумо ва дӯстдоштаатон зиёданд, бо ҳушёрӣ ва оқилона муносибат кунед. Ақрабҳои коргар бо супориши роҳбарият метавонанд ба сафари хидматӣ раванд. Вазъи молиявӣ хуб аст, вале агар хароҷот назорат нашавад, кисаҳоятон ба зудӣ холӣ мешавад.
Барои табобати асаби хароб, муҳити орому осоишта лозим аст.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Субҳ нақшаи корӣ ва истироҳатро дурўст тақсим кунед, то ки ба ҳадафҳоятон расед. Табъи нохушро пинҳон кунед, вагарна ба ноумедӣ гирифтор мешавед. Вохӯрие наздик аст, ки фикру ақидаҳои шуморо тағйир медиҳад. Дар нақлиёт эҳтиёт кунед, эҳтимоли гум кардани ашёҳои қимат вуҷуд дорад. Дӯстон ва дӯстдоштаатон ба меҳрубонии шумо эҳтиром хоҳанд кард.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз пешниҳоди нави корӣ мегиред, саросема нашавед, беҳтараш ду рӯз фикр кунед. Масъалаҳои молӣ бояд бо машварати наздикон баррасӣ шаванд. Агар аз дарди меъда ранҷ мебаред, худтабобаткунӣ накунед, духтур ба шумо кумак мекунад. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон эҳтимол меҳмон меояд. Имрӯз рӯзи хубест барои мулоқоти ошиқона.
Далв (20 январ-18 феврал)
Маслиҳати дӯстатонро бе танқид қабул кунед. Фикр накунед, ки наздикон ба ҳаёти шумо таъсир мерасонанд, ин андеша ғалат аст. Дӯсти наздикатон мехоҳад ба шумо кӯмак кунад, дастгирияшро қабул кунед. Агар тиҷорати худро фурӯхтанӣ бошед, ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зуд натиҷа мебинед. Дарди сар ва асабҳои харобро табобат кунед. Дар лаҳзаҳои душвор дӯстдоштаатонро аз даст надиҳед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Душманони ноодил метавонанд имрӯз ба шумо таъсир расонанд, ҳушёр бошед ва “ҷавоби аҳмақ сукут” гӯён, ба суханашон посух надиҳед. Имрӯз душманон ба шумо ноадолатона рафтор мекунанд. Аз ҷониби нафаре, ки бароятон бетафовут нест, таърифҳо мешунавед. Аз надоштани пул руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъ беҳтар мешавад. Ба саломатии дӯстдоштаатон бетафовут набошед.