Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз агар дар пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ мушкилӣ доред, ба худ бештар бовар кунед. Тағйири намуди зоҳирӣ ё омӯхтани малакаҳои нав метавонад дар ин кор кумак кунад. Агар бо шахси дӯстдоштаатон қаҳр карда бошед, вақти муносиб барои оштӣ фаро расидааст. Рӯзи аз ҷиҳати молиявӣ хуб аст: баъзе корҳои қаблан оғозкардаатон метавонанд даромад оваранд. Имрӯз имкониятҳои нав пайдо мешаванд, аммо худро аз ҳад зиёд хаста накунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуби ошиқона баъзан бояд ба ҳамдигар гузашт кард. Бегоҳӣ ба аҳли оила вақт ҷудо карда, бо онҳо суҳбати самимӣ кунед ё якҷо филм тамошо намоед. Барои беҳтар шудани вазъи молиявӣ аз имкониятҳои корӣ истифода баред. Ба саломатӣ низ диққат дода, ҳатман барои истироҳат вақт ёбед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Имрӯз нерӯи зиёд доред, вале кӯшиш накунед тамоми корҳоро якбора ба анҷом расонед. Қувваи худро оқилона истифода баред. Рӯз барои эҷодкорӣ ва мулоқоти ошиқона мувофиқ аст. Беҳтараш корҳои хонаро анҷом дода, ба аҳли оила бештар таваҷҷуҳ кунед. Бегоҳӣ наздикон метавонанд шуморо бо сюрпризи хуш шод кунанд. Барои корҳои муҳим ва масъулиятнок имрӯз вақти чандон муносиб нест. Нимаи дуюми рӯз метавонад бо баъзе душвориҳо гузарад, бинобар ин сабру таҳаммулро аз даст надиҳед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз эҳсосоти ошиқонаи гузашта метавонанд дубора зинда шаванд ё шиносоии нави пурҷӯш оғоз гардад. Дар оила эҳтимоли баъзе мушкилот вуҷуд дорад, аз ин рӯ байни кору зиндагии хонаводагӣ тавозунро нигоҳ доред. Фикрҳои эҷодии шумо фаъол мешаванд ва метавонед роҳҳои ғайриодии ҳалли масъалаҳоро пайдо кунед. Мушкилоти молиявӣ метавонанд шуморо ба ташвиш андозанд, вале оромии худро нигоҳ доред. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва фикрӣ худдорӣ намуда, бештар истироҳат кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар шахси дӯстдоштаатон ба шумо таваҷҷуҳ намекунад, аз суҳбат кардан бо ӯ натарсед. Имрӯз барои оромӣ, нигоҳубини хона ва вақтгузаронӣ бо фарзандон мувофиқ аст. Агар масъалаи муҳими корӣ доред, бо муштарӣ ё шарики муҳим суҳбатро ба шом нагузоред. Рӯз барои сармоягузорӣ мусоид буда, метавонад дар оянда фоидаи хуб оварад. Бегоҳӣ истироҳат кунед ва ба саломатии гулӯятон диққат диҳед, зеро фишори зиёд ба овоз метавонад нороҳатӣ ба вуҷуд оварад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз беҳтараш тамоми диққатро ба муносибатҳои ошиқона равона накунед. Муҳимтар аз ҳама, барои оромии оила баъзе масъалаҳоро бо гузашт ҳал кунед ва ҳатман барои исботи ҳақ будани худ баҳс накунед. Шумо метавонед вазъиятҳои гуногунро бо оромӣ таҳлил карда, қобилиятҳои нави худро ошкор намоед. Дар муносибатҳои корӣ низ аз низоъ худдорӣ кунед. Имрӯз ба саломатии дилу рагҳо ва фишори хун диққат дода, худро аз эҳсосоти манфӣ ва асабоният дур нигоҳ доред.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз ба шахси дӯстдоштаатон бештар меҳрубонӣ нишон диҳед ва бигзоред ӯ эҳсос кунад, ки бароятон муҳим аст. Барои ҳалли мушкилот қувваи кофӣ доред, бинобар ин вақтро беҳуда сарф накунед. Агар масъулиятҳоятон зиёд шудаанд, як қисми онҳоро ба одамони боэътимод супоред. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтимоли таъхири маош ё дигар пардохтҳо вуҷуд дорад. Сабр кунед ва масъалаҳоро сари вақт ҳал намоед. Барои беҳтар кардани вазъи ҷисмонӣ ба варзиш машғул шавед ва аз зиёдаравӣ дар ғизо худдорӣ кунед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Имрӯз имконияти хубе доред, ки бо шахси дӯстдоштаатон муносибатро равшан созед. Ин фурсатро аз даст надиҳед. Барои ба даст овардани натиҷаи хуб кӯшиш кунед бо атрофиён муносибати хуб дошта бошед ва оромиро нигоҳ доред. Корҳое, ки ба ҳисобу китоб ва таҳқиқ вобастаанд, бомуваффақият пеш мераванд, зеро қобилияти фикрронии шумо хеле баланд аст. Дар масъалаҳои молиявӣ саросема қарор қабул накунед. Машқи ҷисмонӣ ё сайругашти фаъол ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо фоида мерасонад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Якрангии зиндагӣ метавонад муносибатҳои ошиқонаро дилгиркунанда кунад. Барои эҳёи муносибатҳо якҷо сафар кунед, бо корҳои дӯстдошта машғул шавед ва таассуроти навро бо ҳам тақсим намоед. Дар оила вазъият ором ва устувор хоҳад буд. Дар кор низ рӯзи хубест барои фаъолият ва тарҳрезии нақшаҳои оянда. Агар ба кумаки молиявӣ ниёз дошта бошед, метавонед ба наздикон муроҷиат кунед. Имрӯз худро аз ҳад зиёд хаста накунед ва барои барқарор кардани қувва бештар истироҳат намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз табъи хуш ва хоҳиши мулоқот бо одамони ҷолиб пайдо мешавад. Имкони оғози муносибати нав аз рафтору ташаббуси худи шумо вобаста аст. Барои оиладорҳо вақти хубест, ки бо меҳрубонӣ ва романтика муносибатро бо ҳамсар гармтар кунанд. Намояндагони касбҳои эҷодӣ метавонанд илҳоми нав пайдо кунанд. Дар масъалаҳои молиявӣ имрӯз гирифтани қарз ё ба касе пул додан мувофиқ нест. Норасоии вақт ва қувва метавонад шуморо хаста кунад, бинобар ин худро аз ҳад зиёд сарборӣ накунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз дар бораи муносибатҳои худ бо одамон зуд хулоса набароред ва фикратонро пай дар пай тағйир надиҳед. Эҳтимол дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон аз сабаби нофаҳмӣ мушкилӣ пайдо шавад. Вақтро бо аҳли оила гузаронед, зеро ин муносибатҳоро мустаҳкам мекунад. Дар кор шумо хеле хушмуомила ва хушсухан хоҳед буд, аммо суҳбатҳои зиёдатӣ метавонанд диққататонро парешон кунанд. Барои оғози кори нав суботкорӣ ва масъулият зарур аст. Имрӯз инчунин вақти хубест барои тарки одатҳои зараровар ва ба низом даровардани реҷаи рӯз.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои мулоқоти ошиқона омодагӣ бинед ва ба намуди зоҳирии худ диққат диҳед. Дар хона ба осонӣ парешон мешавед, зеро аҳли оила метавонанд ба кори шумо халал расонанд. Шояд рақиби пешинаатон дар як кори муштарак ба ҳамкоратон табдил ёбад, бинобар ин барои ҳамкорӣ омода бошед. Барои пайдо кардани ҷавоб ба масъалаҳои муҳим бояд маълумотро бодиққат ҷамъ ва муқоиса кунед. Нерӯи ҳаётӣ зиёд мешавад, вале дар ҳама кор меъёрро нигоҳ доред.