Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ҳодисае рух медиҳад, ки муҷиби ғамгин шудани шумо мегардад. Наздиконатон барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол ба шумо кӯмак кардан мехоҳанд. На танҳо дар кор, балки дар ҳаёт низ масъулиятро ҳис кунед. Дер ё зуд ба коре даст мезанед, ки худатон интизораш набудед. Даромади иловагии пулӣ муваққатан дар назар нест.
Савр (21 апрел-20 май)
Ба онҳое, ки шуморо ба тиҷорат ҷалб кардан мехоҳанд, бовар накунед, зеро натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда наметавонед. Шумо аз ӯҳдаи чунин корҳо намебароед, бинобар ин, аз пайи коре шавед, ки худатон дӯст медоред. Танҳо ба таҷрибаи худ такя кунед, чунки маслиҳати дигарон заррае ба шумо кӯмак намекунад.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Агар дар дилатон шубҳа ҷой дошта бошад, аз нафарони наздикатон дар ҳеҷ бобате маслиҳат напурсед. Дертар худатон ҳамаашро фаҳмида мегиред. Нимаи дувуми рӯз хабари хуш мешунавед, ки шуморо рӯҳбаланд мекунад. Парво накунед, ки киҳо дар бораи шумо чӣ фикр мекунанд. Бо ақлу заковати худ зиндагӣ кунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Рӯз барои саратонҳо хубу бобарор аст, аммо саволҳои зиёд майнаи шуморо гиҷ мекунанду ба худ ҷавоб мехоҳанд. Ба организми худ гӯш диҳед, ки чӣ мехоҳад. Агар ба бемориҳои роҳи нафас гирифтор бошед, беаҳамиятӣ накарда, саривақт ба духтур муроҷиат кунед ва аз пайи табобат шавед.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ин рӯз кори зиёд пайдо мешавад, вале на ҳамаи асадҳо хоҳиши кор карданро пайдо мекунанд. Танбалу коргурез шудаед, аз ин одати бад дурӣ ҷӯед. Аз иҷрои корҳои вазнин наҳаросед, зеро онҳо натиҷаи хуб доранд. Ба худ иҷоза надиҳед, ки ғамгин бошед ва дар гирдоби фикрҳои бад ғӯта занед.
Сунбула (23 август-23 сентябр)
Сунбулаҳо имрӯз аз касеву чизе дилгир намешаванд. Бо бадӣ мубориза бурданатон шарт нест. Танҳо бадонро аз худ дур кунед ва ба зиндагии орому ҳақиқӣ рӯ оред. Субҳи барвақт пиёдагардӣ кунед. Ҳам асабатон ором мешавад ва ҳам имкон пайдо мекунед, ки дар бораи ояндаатон дар танҳоиву оромӣ дурусттар фикр кунед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар муошират бо дӯсти дӯстатон эҳтиёткор бошед. Ҳатто агар тавонед, худро аз онҳо дур гиред. Аз ҳад зиёд хӯрок нахӯред, зеро дарди меъда азиятатон медиҳад. Шоми худро дар толори варзишӣ гузаронед. Боварӣ дорем, ки бо рӯҳияи тоза ба хоб рафта, субҳи дигар бо нерӯи дучанд ба кор меравед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои оғози корҳои нав рӯзи неку бобарор аст. Ба кор дода шуда, наздиконатонро фаромӯш накунед, зеро онҳо дар хона шуморо мунтазиранд. Шом дар ҳалқаи пайвандон бошед ва барояшон худатон хӯрок омода кунед. Ақрабҳои муҷаррад ҷуфти муносиби худро пайдо мекунанд ва тӯй низ дар назар аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Аз ҳар касу ҳар чиз шубҳа карда, монеи пешравии корҳои худ нашавед. Барои коре, ки бояд ба қарибӣ ба анҷом расонед, қувваи кофӣ ҷамъ кунед. Вақти он расидааст, ки пулро беҳуда сарф накунед ва аз дилхушиву айшу ишрат даст кашед. Аз пайи коре шавед, ки ба шумо фоида орад, на зарар.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Пинҳонӣ орзу карданро бас кунед. Имрӯз барои амалӣ шудани ана ҳамин орзуҳои пинҳонии шумо рӯзи мувофиқ аст. Ҳамсаратон шуморо бо туҳфаи ногаҳоние шод мегардонад. Ба аёдати онҳое биравед, ки дербоз надида будед. Инсон бо дуо месабзад гуфтаанд, дуои пиронро ҳатман гиред.
Далв (21 январ-18 феврал)
Лоиҳаҳои муҳимро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Корҳоро чуноне ҳаст, ҳамон тавр гузоред, вагарна душвориву мушкилӣ пеш меояд. Давоми рӯз шуморо мушкилиҳои ғайричашмдошт интизор аст. Бо сухандониатон имрӯз нафаронеро ба зери итоати худ медароред, ки ҳеҷ дӯсташон намедоштед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Дар ин рӯз ҳутҳоро зарур аст, ки ба касе бовар накунанд. Аз беэҳтиётӣ миёни шумову дигарон мушкилиҳо пеш омада метавонанд. Дар ҷои кор беҳтараш бетараф бошед ва аз баён кардани андешаатон худдорӣ намоед. Даромади пулӣ дар назар аст, аммо ба миқдори на он қадар зиёд.