Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз шуморо фазои пур аз муҳаббат ва эҳсосоти гуворо иҳота мекунад. Аз изҳори меҳру муҳаббат натарсед ва бо шахси дӯстдошта самимӣ бошед. Барои шумо шиносоиву саргузаштҳои ҷолиб дар пешанд. Ба падару модар бештар таваҷҷуҳ диҳед ва дар хона муҳити гарму дӯстона фароҳам созед. Дар кор аз имкониятҳои нав истифода баред, зеро малакаҳои тоза ба пешрафтатон мусоидат мекунанд. Имрӯз барои беҳтар кардани вазъи молиявӣ рӯзи муносиб аст.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз баҳсу нофаҳмиҳо сабаби ҷиддӣ надоранд, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Рафтори шахси дӯстдошта метавонад шуморо каме асабонӣ кунад. Дар ҷои кор аз муноқиша бо ҳамкорон дурӣ ҷӯед, зеро асабоният нерӯи шуморо кам мекунад. Пулро беҳуда сарф накунед, чун эҳтимол дорад ба наздикон ё дӯстатон кумаки молӣ расонед. Ба саломатӣ диққат диҳед: истироҳати хуб ва оромии равонӣ шуморо аз бемориҳо муҳофизат мекунанд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Кӯшиши якбора амалӣ кардани ҳамаи орзуҳо танҳо шуморо хаста мекунад. Беҳтараш корҳоро бо тартиб иҷро намоед. Тағйири муҳит ва каме истироҳат ба шумо нерӯи тоза мебахшад. Агар нафаре шуморо танқид кунад, ба суханони ӯ аҳамияти зиёд надиҳед. Дар кор баъзе вазифаҳоро ба таъхир гузоштан мехоҳед, вале беҳтараш корҳои оғозшударо ба анҷом расонед. Аз қарорҳои муҳими молиявӣ худдорӣ кунед. Сайругашт дар ҳавои тоза ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо таъсири хуб мерасонад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ҳаёти ошиқонаи шумо хабар ё воқеаи хуше рух медиҳад. Эҳтимол шахсеро вохӯред, ки бо меҳрубонӣ ва эҳтиром ба шумо муносибат мекунад. Барои аҳли оила вақти хубест, то мушкилоти хонаводагиро ҳал намоянд. Аз баъзе суханони шахси дӯстдошта ранҷидан мумкин аст, вале онро ҷиддӣ қабул накунед. Қувва ва нерӯи кориатон бештар мешавад ва иҷрои вазифаҳои нав осон мегардад. Кори иловагӣ метавонад даромади шуморо зиёд кунад. Хӯрокҳои равғанин истеъмол накунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимол касе бо нияти манфиатҷӯёна ба шумо наздик шавад. Каме танҳо мондан ба шумо кумак мекунад, то беҳтар дарк намоед, ки ин шахс ба шумо мувофиқ аст ё не. Якравии шумо метавонад атрофиёнро ҳайрон кунад. Нимаи дуюми рӯз бо роҳбар ё ҳамкорон нофаҳмӣ сар мезанад, вале бо оромӣ ва сабр метавонед фикри худро фаҳмонед. Аз хариди нолозим худдорӣ намоед, зеро ба зудӣ маблағ лозим мешавад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯҳияи шумо ба атрофиён таъсир мерасонад, бинобар ин кӯшиш кунед хушмуомила бошед. Сахт асабӣ мешавед, вале суҳбати самимӣ ҳамаи нофаҳмиҳоро бартараф мекунад. Ба мушкилоти хурди хона аҳамияти зиёд надиҳед. Дар ҷои кор ҳама чиз хуб пеш меравад ва роҳбар аз фаъолияти шумо қаноатманд мешавад. Пешниҳодҳои хуби корӣ имкон доранд. Аз хастагии зиёд ва камхобӣ эҳтиёт шавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз бо шахси дӯстдоштаатон суҳбати ҷиддӣ дар пеш аст ва эҳтимол баъд аз он рӯҳияатон каме нохуб шавад. Ба корҳои хона бештар кумак расонед ва ба ҳамсар ё дӯстдоштаатон таваҷҷуҳи зиёд диҳед. Рӯз метавонад душвор гузарад, зеро масъалаҳои нотамом зиёданд. Дар кор эҳтиёткор бошед, зеро рашки дигарон ё хатои худатон метавонад барои шумо мушкил эҷод кунад. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо қарор қабул накунед. Барои саломатӣ бештар ҳаракат кунед ва ҳатто машқҳои сабуки саҳаргоҳиро фаромӯш насозед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Ба наздикӣ нуқтаи назар ва муносибати шумо ба баъзе чизҳо дигар мешавад. Эҳсосоте, ки нисбат ба шахси дӯстдошта доштед, метавонад тағйир ёбад. Пеш аз сухан гуфтан хуб андеша кунед, то ба мушкил дучор нашавед. Вазифаҳои дермондаро ба анҷом расонед. Мукофоти ногаҳонӣ ё кумаки молӣ аз наздикон сари вақт мерасад ва ба шумо имкон медиҳад қарзҳоятонро пардохт намоед. Дар кор пешрафт имкон дорад. Аз сабаби хастагӣ иммунитет суст мешавад, бинобар ин, бештар истироҳат кунед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз рӯйдоди муҳиме метавонад ҷаҳонбинии шуморо дигар кунад. Барои муҷаррадон шиносоии ошиқонаи ҷолиб дар назар аст. Шумо бо нафароне вомехӯред, ки дар назди онҳо худро озод ва роҳат ҳис мекунед. Аммо барои бастани шартномаҳо, гуфтушунидҳои муҳим ё харидҳои калон рӯз мувофиқ нест. Роҳбарият нисбат ба шумо меҳрубон мешавад, вале қоидаҳои кориро вайрон накунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ аз асабоният ва пурхӯрӣ худдорӣ намоед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Ба шахси дӯстдоштаатон занг занед, зеро таваҷҷуҳи шумо ӯро хушҳол мекунад. Вохӯрӣ бошад, эҳсосоти хуб мебахшад. Ба шахсони оиладор тавсия дода мешавад, ки аз саргузаштҳои ошиқона дурӣ ҷӯянд. Якбора чанд корро оғоз накунед, вагарна ягонтояшро ба анҷом расонида наметавонед. Аз харидҳои ногаҳонӣ худдорӣ кунед. Рӯҳияатон метавонад ноором шавад ва ин аз хастагӣ дарак медиҳад. Бештар дам гиред ва худро аз фишори равонӣ муҳофизат намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз шумо таъсири қавии худро ба атрофиён хуб эҳсос мекунед. Ҷозиба ва ширинсухании шумо диққати бисёриҳоро ҷалб мекунад. Каме шӯхиву ширинзабонӣ барои боло бурдани боварӣ ба худ муфид хоҳад буд. Дар баробари ин, мушкилоти зиёдеро бояд ҳал намоед. Агар кори ҳозира дигар ба шумо писанд набошад, вақти муносиб аст барои ҷустуҷӯи кори беҳтар. Вазъи молиявӣ каме ноустувор мешавад, аз ин рӯ, хароҷотро бодиққат назорат кунед. Саломатӣ тадриҷан беҳтар шуда, нерӯятон бештар мегардад.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Қадри чизҳоеро, ки доред, бидонед ва барои эҳсосоти нав муносибатҳои хубро вайрон насозед. Эҳтимол касе мехоҳад шуморо ба васваса андозад, вале оромии оилавӣ барои шумо беҳтар аст. Ҳолати равонии шумо каме ноором мешавад, аммо нагузоред ғаму афсурдагии муваққатӣ ба зиндагиятон таъсир расонад. Тафаккури мусбат ба шумо кумак мекунад. Имрӯз метавонанд шуморо ба кори шубҳанок даъват кунанд, бинобар ин пеш аз розигӣ додан хуб фикр намоед. Ҳангоми ронандагӣ ва корҳои ҷисмонӣ эҳтиёткор бошед.