arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 22-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3081

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳамалҳое, ки ба бемории дилу қанд ва фишорбаландӣ гирифторанд, аз номусоидии боду ҳаво каме азият мекашанд. Дар хонадони баъзе ҳамалҳо тифли нав ба дунё меояд ё хурсандии дигаре дар назар аст. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки аз истеъмоли хӯрокҳои серравған муваққатан парҳез кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз саврҳоро ҳодисаҳои нохуш дар пеш аст. Ба ҳар ҳол омода бошед ва ҳар қадами худро санҷида гузоред. Кӯмаки дӯстони наздикро қабул ва ба онҳо бовар кунед. Барои аз бало наҷот ёфтан ба ин кор маҷбур ҳастед. Агар мошин дошта бошед, ҳангоми рондан суръати ҳаракатро баланд накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз агар аз даҳони нафаре шунидед, ки мардум дар бораи шумо гап мезананд, парво накунед. Дар бораатон сухани хуб мегӯянд ё бад, муҳим нест. Муҳим он аст, шуморо мавзӯи баҳсашон қарор додаанд. Ба хонаатон меҳмон меояд ё эҳтимол, худатон ба меҳмонӣ меравед. Меҳмонро гарму самимӣ истиқбол гиред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз чизеро аз даст медиҳед, ки барояш сахт ғамгин мешавед ва зиёд ғам мехӯред. Барои он ки фикрҳоятон парешон шавад, ҳамроҳи дӯстон ё дугонаҳоятон ба сайру гашт бароед. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, як қисми қарзро бармегардонад. Бо ӯ моҷаро накунед ва барояш боз муҳлат диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз дар худ дигаргуниеро ҳис мекунед, ки шуморо ба ташвиш меорад. Хавотир нашавед, ин танҳо таъсири кори зиёд аст. Ба худатон фишор наоред ва аз соати муқарраршуда зиёд кор накунед. Ба асадҳои ошиқ тавсия медиҳем, ки имрӯз аз вохӯриҳои ошиқона ва муносибатҳои маҳрамона худдорӣ кунанд.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Бо ҳамсаратон муноқиша мекунед. Боке надорад, аввалин шуда гапро сар кунеду оштӣ шавед ва маъзаратхоҳӣ кунед. Барои дилашро ёфтан ягон хӯроки бомазза омода намоед. Ҳангоми гузаштан аз гузаргоҳҳо боэҳтиёт бошед. Бо телефон дуру дароз гап назанед ва аз истифодаи ҳаргуна косметика даст кашед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз аз суҳбат бо нафароне, ки буданашон бароятон нороҳаткунанда аст, дурӣ ҷӯед. Беҳтараш вақти пурқиммати хешро ба корҳои фоидаовар сарф кунед. То охири моҳ вақт зиёд аст, ба ҳамин хотир, дар истифодаи маблағ сарфакор бошед, то қарздори беҳуда нашаведу азоби бепулӣ накашед. Барои ошиқон рӯзи хуб аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки тамоми рӯз дар хона бимонед, зеро дар кӯча бо шумо ягон ҳодисаи нохуш рух доданаш аз эҳтимол дур нест. Дар хона бимонед ва як рӯзи худро ба оилаву фарзандони худ бахшед. Дар ин рӯз аз касе қарз напурсед, қарз надиҳед ва бо касе муноқиша ҳам накунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба хабаргирии яке аз наздиконатон меравед. Бо худ гирифтани дастовезро фаромӯш накунед, зеро дасти холӣ рафтан одати хуб нест. Даромади ногаҳонӣ ба даст меоред. Аввал қарзатонро баргардонед, баъдан чизҳои лозимиро харидорӣ кунед. Аз меъёр зиёд харид карданро тавсия намедиҳем.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нисфирӯзӣ шуморо нафаре, ки чанд муддат надида будед, ба меҳмонӣ даъват мекунад. Дудила нашуда, розӣ шавед, вале ҳини суҳбат эҳтиёт кунед, ки аз даҳонатон суханҳои пасту баланд набарояд. Дар ҷои кор кӯшиш мекунанд, ки ба торҳои асаби шумо нохун зананд. Тавре вонамуд кунед, ки гӯё чизеро намешунавед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ба кор каме дер мекунед ва роҳбарият барои ин коратон шуморо танбеҳ медиҳанд. Озурдахотир набошед, зеро ин ба фоидаи худи шумост. Бо ин роҳ хатоҳои худро ислоҳ мекунед. Аз харидорӣ кардани чизҳое, ки лозим нестанд, даст кашед. Шом вақти ба хона рафтан, ба кӯдаконатон ҳатман ширинӣ гиред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз аз субҳ асабҳои шумо харобу таъбатон хира аст. Ният доред, ки бо ягон нафар ҷанҷол карда, худро ором созед, аммо ин роҳи ҳал нест. Беҳтараш ба тамошои табиат ё ба лаби дарё равед. Барои ҳутҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Агар ба дӯстдоштаатон изҳори муҳаббат накарда бошед, имрӯз ҳатман бигӯед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД