Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз бисёриҳо ба зиндагии беҳтару фароғати бештар майл мекунанд. Дар ҳаёти шахсӣ тағйироти ногаҳонӣ ба фоидаи шумо рӯй дода метавонад. Қобилиятҳои шумо ба зудӣ қадр мешаванд, ҳатто метавонед масъалаи зиёд шудани маошро бардоред. Аз шитобкорӣ худдорӣ кунед. Имкони даромади иловагӣ вуҷуд дорад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед.
Савр (21 апрел-21 май)
Имрӯз сабрро пеша намуда, дар муносибатҳои ошиқона шитоб накунед, ҳама чиз сари вақт ҳал мешавад. Барои баъзеҳо вохӯрии ошиқона ё беҳ шудани муносибатҳо дар назар аст. Рӯз барои бастани шартномаҳо ва корҳои молиявӣ мувофиқ аст, вале ҳуҷҷатҳоро бодиққат хонед. Хоби бароҳат ва истироҳати кофӣ ба шумо нерӯи тоза мебахшад.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Шахси наздик шуморо бо сюрпризи гуворо хурсанд мекунад. Муносибатҳои шумо дурнамои хуб доранд. Дар оила эҳтимоли нофаҳмиҳо ҳаст, бинобар ин ба ваъдаҳои худ содиқ бошед. Дар кор давраи каме душвор пеш меояд, бояд бештар заҳмат кашед. Аз ҷиҳати молӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли талафи пул вуҷуд дорад. Ба саломатӣ диққат диҳед ва аз машқҳои вазнин худдорӣ намоед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Агар бо шахси дӯстдоштаатон издивоҷ карданӣ бошед, шитоб накунед. Агар муҷаррад бошед, вақти муносибест барои оиладоршавӣ. Муносибат бо наздикон метавонад каме душвор гардад. Кӯшиш кунед корҳои ҷамъшударо ҳарчи зудтар ҳал намоед. Барои онҳое, ки бо пул сарукор доранд, рӯзи серташвиш мешавад. Аз қарз худдорӣ кунед ва маблағи захира нигоҳ доред. Каме истироҳат кунед, то худро хаста насозед.
Асад (23 июл-23 август)
Аз субҳ эҳтимоли нофаҳмиҳо ва муноқишаҳо вуҷуд дорад. Сабру таҳаммул нишон диҳед. Гарчанде мехоҳед роҳбарӣ кунед, беҳтараш бо мулоимӣ рафтор карда, ба созиш бирасед. Имрӯз бо одамони гуногун муошират ва ҳамкорӣ мекунед. Агар аз вазъи пулӣ ноумед шуда бошед, хавотир нашавед, ба зудӣ беҳтар мешавад. Аз стресс дурӣ ҷӯед, то ба саломатӣ таъсири манфӣ нарасад.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Муносибатҳои ошиқона имрӯз пур аз меҳру муҳаббат мешаванд. Кӯшиш кунед бо наздикон муноқиша накунед ва фазои хубро нигоҳ доред. Агар касе шуморо масхара кунад, онро ҷиддӣ нагиред. Манбаи нави даромад пайдо мешавад, гарчанде хароҷот ҳам каме зиёд мешавад. Варзиш ва истироҳати фаъол ба шумо қувват мебахшад. Эҳтимоли шиносоии нав низ вуҷуд дорад.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз барои сафар хеле мувофиқ аст, ба шумо оромию боварӣ мебахшад. Дар корҳои эҷодӣ муваффақият ба даст меоред ва заҳмататон қадр мешавад. Оббозӣ ё сауна барои барқарор кардани нерӯ муфид аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Барои духтарони танҳо вохӯрии муҳиме дар пеш аст, ки метавонад оғози муносибати ошиқона гардад. Кӯшиш кунед мушкилоти кориро ба хона наоред. Имрӯз беҳтараш ба корҳои кӯҳна камтар диққат диҳед. Маслиҳати шахси боэътимод ба шумо кумак мекунад. Бо меҳнат ва сабр ба натиҷаҳои хуб мерасед. Фикру андешаҳои мағшушро аз сар дур созед, каме истироҳат ҳам лозим аст.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Имрӯз эҳсоси моҷароҷӯӣ дар шумо зиёд мешавад, аммо худро идора кунед. Барои таъмир ё навсозии хона рӯз мувофиқ нест. Дар бораи самти нави фаъолият фикр кардан бад нест. Хариди калон ё даромади хуб эҳтимол дорад. Бо вуҷуди каме хастагӣ, рӯҳбаландиро нигоҳ доред. Шомро оромона бо китоб ё мусиқии дӯстдошта гузаронед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Шахси дӯстдошта аз кам будани таваҷҷуҳи шумо норозӣ аст, инро ислоҳ кунед. Рӯз барои тарҳрезии нақшаҳо ва кумак ба наздикон хеле мувофиқ аст. Хабарҳои нав метавонанд нақшаҳои шуморо тағйир диҳанд. Давраи орому мусоид дар пеш аст. Пешниҳодҳои кориро бодиққат баррасӣ намоед. Агар сафар дар назар дошта бошед, ҳама чизро пешакӣ омода кунед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Имрӯз ҷозибаатон зиёд аст ва диққати дигаронро ба худ ҷалб мекунад, эҳтиёткор бошед. Кӯшиш кунед байни худ ва дигарон тавозун нигоҳ доред. Шояд коре анҷом диҳед, ки ба дилатон наздик нест, вале онро хуб иҷро мекунед. Пардохти калон метавонад шуморо нигарон кунад, бинобар ин бо андеша амал намоед. Аз пурхӯрӣ худдорӣ кунед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Барои шахсони танҳо шиносоии муҳим имкон дорад. Энергияи зиёд метавонад шуморо ба қарорҳои шитобкорона барад, бинобар ин бодиққат фикр кунед. Корҳо тадриҷан пеш мераванд ва имкони пешрафт дар касб вуҷуд дорад. Аз хароҷоти нолозим даст кашед. Фаъол бошед, зеро муваффақият аз ҳаракат ва ташаббуси шумо вобаста аст.