arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 23 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020 (ЧОРШАНБЕ)
2683

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар ин рӯз ба вуҷуд омадани якчанд озмоишҳои ғайричашмдошт дар назар аст. Вақти он расида, ки рӯирост ҳарф зада, ҳақатонро талаб кунед. Аммо баъзе ҳамалҳо ҳаққи худро соҳиб шуда наметавонанд, чун онҳо ба ин кор қодир нестанд. Шом хабари нохуш мешунавед.

 Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ба рух додани ҷанҷоли начандон калон бо нафарони калонсоли оила имконпазир аст. Аз тақдир шиква карданро бас кунед, зеро зиндагии шумо, ки ба назари худатон он қадар хуб наменамояд, ба назари мардум беҳтарин аст. Бахтатон омад мекунад ва имкон пайдо мекунед, ки идеяҳои худро амалӣ созед.

 Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯз барои мустаҳкам кардани робитаҳо мусоид аст. Ба бозор ё мағоза рафта, танҳо чизҳои лозимиатонро харидорӣ кунед. Ба шумо тавсия медиҳем, ки дар ҷойҳои серодам гаштугузор кунед ва табъатонро болида созед. Дар муносибатҳои шахсӣ ба эҳсосот дода нашавед ва худро ба даст гиред.

 Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз саратонҳо ишқи деринтизори худро пайдо мекунанд. Парҳез кунед ва ё рӯза бигиред. Ин ба саломатии шумо фоидаи калон дорад. Шомро на дар берун, балки дар хона дар иҳотаи наздикон гузаронед. Ҳамчунин, хабари хуше, ки мешунавед, шуморо беҳад хушҳол мекунад.

 Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил шуда метавонед. Дигарон пешравиҳои шуморо дида, ҳасад мебаранд, вале ба онҳо диққат надиҳед, беҳтар аст. Вақти он расидааст, ки истироҳат кунед ва иҷрои корҳои худро ба нафари дигар вогузоред. Саломатиро аз мадди назар дур накунед.

 Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз ба шумо кори ҷолиб ва сердаромадро пешниҳод мекунанд. Агар хоҳед, ки муносибататон бо мардум вайрон нашавад, оромона кор кунед. Қасдан ба касе зарар нарасонед, ҳатто ба душманони ашадиатон. Зиндагӣ худ ҳамаро ҷо ба ҷо мегузорад. Беҳтараш аз пайи амалӣ кардани нақшаҳоятон шавед.

 Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз бо ҳамкорон, наздикон ва ҳамсояҳо кӯшиш кунед, ки ҷангу ҷанҷол накунед. Яку якбора ба иҷрои чанд кор камар набандед, зеро нерӯи шумо ҳанӯз кофӣ нест. Дар интихоби дӯст боэҳтиёт бошед ва зудбовар нашавед. Шом ба хабаргирии нафаре биравед, ки чанд муддат ӯро надидаед.

 Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз аз пешниҳоди нави тиҷоратӣ эҳтиёт кунед, зеро эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки ба зиндагии шумо дахолат кунанд, аммо ин ҳамаро нодида гиред, беҳтар аст. Аз истеъмоли ширинӣ даст кашед, ин ба шумову саломатии шумо таъсири манфӣ дорад.

 Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз нисбати наздиконатон каме дағалӣ ва якравӣ карда метавонед. Аз ҳад зиёд нозук нашавед, вагарна бо ин коратон чандин нафаронро аз худ хафа мекунед. Дар бораи вазифаҳои таъхирнопазир зиёдтар фикр кунед. Ба касе кордор нашавед ва аҳли оилаи худро ба ҳолашон гузоред.

 Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар ин рӯз нисбати саломатии худ бепарвоӣ накунед. Кӯшиш кунед, ки ба корҳои майда-чуйда аҳамият надиҳед ва ба ғазаб наоед. Системаи асабро эҳтиёт кунед. Гаперо, ки бояд касе надонад, ба ҳама овоза накунед. Бештар об нӯшед, ба саломатӣ фоида дорад.

 Далв (21 январ-18 феврал)

Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки дар ин рӯз эҳтимол зиёдтар хато мекунед. Аммо пеш аз он ки мушкилие сар занад, онро пай бурда, аз пайи ислоҳаш мешавед. Шом танҳо ба сайругашт ва ҷойҳои серодам наравед. Кӯшиш кунед, ки бо нафарони ҳамфикри худатон суҳбат кунед.

 Ҳут (19 феврал-20 март)

Ҳутҳоро лозим аст, ки дар ин рӯз ғамхори худу наздиконашон бошанд. Тамоми диққати худро ба робитаҳои оилавӣ равона созед. Вақти он фаро расидааст, ки нерӯи худро пурра сарф намоед. Дар вуҷуди шумо ҳисси ростгӯӣ бедор хоҳад шуд. Аммо ба суханҳои аз даҳонатон мебаромада диққат диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД