Oila 5 years
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
3076

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо дар шартномае имзо мегузоред. Пеш аз гузоштани имзо шартномаро аз назар гузаронед ва мувофиқа кунед. Шумо барои сармоягузорӣ ба тиҷорати худ ба маблағи иловагӣ ниёз доред. Дар дилатон тарс доред, аммо тавсия медиҳем, ки маблағи заруриро натарсида сармоягузорӣ кунед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз вақти он расидааст, ки шумо бояд озод бошед. Фаъолияти касбиатон ба шумо мисли як бори вазнин аст. Ин вазнинӣ шуморо хаста мекунад, ки ояндааш он қадар хуб нест. Аз ин кор ҳарчӣ зудтар ҷилавгирӣ кунед. Ба шумо истеъмоли шириниву хӯрокҳои дӯстдоштаатонро тавсия медиҳем.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз дар масъалаи кор хабари хуше мешунавед, ки шуморо рӯҳбаланд месозад. Аммо ин кор аз шумо масъулияти зиёдро талаб мекунад. Барои пирӯз шудан шумо бояд дучанд масъулиятшинос бошед. Ба самтҳои гуногуни тиҷорати худ навгонӣ ворид кунед. Оромӣ ва оқилиро дар ҳама ҳолат аз даст надиҳед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҷодиёти шумо афзоиш меёбад. Барои харид ва ҳалли мушкилиҳои рӯзмарра рӯзи ниҳоят мувофиқ аст. Кӯшиш накунед, ки ба гузашта баргардед. Баръакс, барои ба пеш рафтан талош кунед. Гузаштаро ба ёд оварда, чизеро тағйир дода наметавонед. Шом ба хонаатон меҳмони нохонда меояд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз агар шумо сулҳу оромиро пеша накунед, корҳоятон тамоман барор намегиранд. Дар назди худ мақсадҳои мушаххас гузоред ва аз як вазифа ба вазифаи дигар гузаред. Агар танбалиро дар худ мағлуб карда тавонед, ба чандин муваффақиятҳои назаррас ноил мегардед. Ба худ боварӣ дошта бошед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз якчанд низоъ бармехезад ва шумо бетараф буда наметавонеду ба онҳо ҳамроҳ мешавед. Кӯшиш кунед, ки дастаи ҷониби худро ҳимоя кунед ва худро тавре вонамуд созед, ки гӯё аз дигарон фарқ мекунед. Даромади иловагӣ дар назар нест, бинобар ин, харҷи беҳуда накунед ва чизҳои нолозимро нахаред.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз хабари нохуше мешунавед, ки асабҳои шуморо то ҳадде хароб месозад. Аз ҷониби хешовандон ва наздикон дастгирӣ меёбед. Барои ба даст овардани даромадҳои иловагӣ имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад, аммо барои ин аввал маблағи зиёдеро сармоягузорӣ карданатон лозим аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар ҳаёти шумо тағйиротҳои хушу гуворо ба амал меоянд. Барои шиносоии нав ва иштирок дар маҳфилҳои ошиқона рӯзи хуб аст. Вақти он расидааст, ки ҳақиқатро бигӯед. Аз касе натарсед, зеро ҳақиқат дер ё зуд маълум мешаваду ҳақ ба ҳақдор мерасад. Саломатии фарзандонро зери назорат гиред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз дар ҷодаи муҳаббат бо баъзе мушкилиҳо дучор мешавед. Кӯшиш кунед, ки бештар дар ҳавои кушод сайр кунед ва пиёда қадам занед. Ба гапҳои беҳуда бовар накунед ва ба ғайбати дигарон низ ҳамроҳ нашавед. Танҳо ба дониши худ такя кунед, он гоҳ аз ӯҳдаи ҳама кор ба осонӣ баромада метавонед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз корҳои навро ба нақша бигиред ва қолаби гапу корҳои кӯҳнаро шиканед. Барои боздид аз ҷойҳои фарҳангиву фароғатӣ рӯзи хубу бобарор аст. Шиносҳои нав пайдо мекунед, ки ҳаёти шуморо то андозае тағйир медиҳанд. Дар аввал хеле эҳтиёткор бошед, то онҳоро хуб шинохта тавонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз шумо ба ҳама кор қодир ҳастед. Ситораҳо пешгӯӣ мекунанд, ки шумо инро исбот карда метавонед. Гуфтушунидҳои муҳимро ба таъхир нагузоред, зеро ин ба фоидаи шумо нахоҳад буд. Кореро, ки ба анҷом расонида наметавонед, беҳтараш оғоз карда, дар ними роҳ нагузоред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз аз ӯҳдаи ҳар коре, ки баромада метавонед, анҷом диҳед, зеро дар охир пули калон ба даст меореду ҳисси комёбӣ дар шумо бештар мешавад. Эҳтимол, сафи дӯстонатон зиёд мешавад. Барои васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани донишҳои нав вақти хуб аст. Аз худ қаҳрамон натарошед ва хоксор бимонед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД