formula
ТОЛЕЪНОМАИ 24-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2386

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз шуморо як ширкати бузург ба кор даъват мекунад ва наздиконатон аз ин хушхабар хурсанд мешаванд. Баъзе ҳамалҳоро хатари дучор шудан ба мушкилоти хурдакаки молиявӣ таҳдид мекунад. Шуморо лозим аст, ки гузаштаро фаромӯш намуда, ояндаро бо диди нав бисозед.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯз барои саврҳо бобарор буда, чанд кори муҳиматонро ҳаллу фасл мекунед. Барои имзои шартнома ва гуфтушунидҳо низ рӯзи нек аст. Агар ҳис мекунед, ки дар миёни обу оташ мондаед, пас интихоб намоед, ки кадоме бароятон азизтар аст. Дар интихоби дилхоҳ чиз кӯшиш намоед, ки иштибоҳ накунед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз муносибатҳоятон бо роҳбаратон аз пештара хубтар шуда, ҳарду мисли узви як оила мешавед. Имкониятҳоро дуруст ва бамаврид истифода баред. Мушкилие дар назар нест, ба шарте ки худатон мушкилӣ эҷод накунед. Нисбати саломатӣ дар ин рӯзҳои салқин бетараф набошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Барои саратонҳои ошиқ рӯзи бобарор аст. Барои истироҳат низ айёми хуб аст, хусусан, агар шумо дербоз истироҳат кардан мехостед. Ба он ҷое биравед, ки худро ором, озод ва роҳат ҳис мекунед. Дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ бодиққат бошед ва ба саросемагӣ роҳ надиҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз тиҷорати шумо пеш меравад, новобаста аз он ки чӣ гуна тиҷорат аст. Устуворона ба пеш қадам занед ва худро бисозед. Асадҳои оиладор набояд ҳамсари худро танқид кунанд, зеро азизтарин такягоҳи шумо дар ҳоли ҳозир аст. Аз дарди гурда ва сутунмӯҳра эҳтиёт кунед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз коре карда, мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкамтар кунед. Барои мулоқот ва муошират бо нафарони муҳим вақт ҷудо намоед. Вақти зиёди худро ба корҳое сарф кунед, ки фоидаи бештар меоранд. Ба касе такя карданро тавсия намедиҳем, ба худ такя карданро омӯзед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз корҳои таъҷилӣ ба миён меоянд, ки онҳоро бо на бо саросемагӣ, балки бо ақли солим бояд ҳал кард. Вазъият шуморо ба таври ҷиддӣ рӯҳафтода мекунад, аммо дар ниҳоят натиҷаи дилхоҳро ба даст оварда, шод мешавед. Кам хоб мекунед ва ин ба саломатии шуморо таъсири бади худро мегузорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз шумо хеле серташвиш хоҳед буд. Ҳанӯз аз субҳи барвақт ташвишҳои шумо оғоз мешаванд ва то як поси шаб идома мекунанд. Рӯҳафтода нашавед, ба наздикӣ ҳамааш хуб хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама боварӣ ба худ мебошад. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ аҳамияти бештар диҳед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз агар масъалаҳои баҳснокро бо роҳи осоиштагӣ ҳал кунед, ин ба фоидаи шумо хоҳад буд. Бо наздикони худ муросо карданро омӯзед ва баъзе феълу рафтори бади худро тағйир диҳед. Ба зиндагии худ каме эътимод ва қатъият илова кунед. Онҳоеро, ки ҷонибдори шумоянд, қадр кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз корҳоеро ба сомон мерасонед, ки дербоз барои ба субут расониданашон фурсат намеёфтед. Шомгоҳон дар маркази диққат қарор гирифта, чандин нафарро ба худ мафтун мекунед. Ба шумо изҳори муҳаббат мекунанд ва ситораҳо тавсия медиҳанд, ки онро оромона қабул кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки нисбат ба масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед. Қарорҳои муҳимро худсарона қабул накарда, бо мутахассисони соҳа машварат кунед. Ба пешниҳодҳо дарҳол ҷавоб надиҳед. Бигзор каме фикр карда, ба қарори ниҳоӣ оед. Саломатии худро аз мадди назар дур накунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Ситораҳо мегӯянд, ки рӯз барои истироҳату фароғат мусоид аст. Ба корҳои вазнин, ки шуморо хаста мекунанд, даст назанед. Нимаи дувуми рӯз хабари ғайричашмдоште асабҳои шуморо вайрон карда метавонад. Дар шумо хоҳиши гузаштан аз баҳри ҳамаи дӯстон пайдо мешавад, аммо ба ҳаяҷон дода нашавед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД