formula
ТОЛЕЪНОМАИ 25- ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2386

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагиятонро куллан тағйир медиҳад. Нафаре ба зиндагиятон бармегардад, ки пештар муносибати ошиқона доштед. Бо сабаби нофаҳмиҳои рухдода муносибати худро бо наздикон вайрон насозед. Ба бегонагон имкон надиҳед, ки ба зиндагиву корҳоятон дахолат намоянд.

Савр (21 апрел-20 май)

Мушкилиҳое, ки дар зиндагии шахсиятон сар мезананд, таъсирашонро дар пешравии корҳоятон мегузоранд. Бо нафаре аз ҳамкорон муносибати ошиқона карданро тавсия намедиҳем. Аз ҳамкорони худ бе ибо маслиҳат пурсидан гиред. Сафарҳое, ки бо мақсади истироҳат мекунед, бобарор меанҷоманд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозираи зиёд худдорӣ намуда, беҳтараш истироҳати бофароғат кунед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, хароҷотатон калон мешавад. Ягона чизе ки дар ин рӯз хариданашро тавсия медиҳем, ин асбобҳои техникӣ аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар монед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хурданатон хеле зиёд аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба хароҷоти беҳуда роҳ дода метавонед. Вохӯриҳои тақдирсоз зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ба хотири наранҷидани дигарон худро дар азоб намонед. Ба хотири ба даст овардани маблағи калон саломатиро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди серкорӣ дар вақташ истироҳат кардану хӯрок хӯрданро фаромӯш накунед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре шинос мешавед, ки дар як дам ошиқи шайдо мегардед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз беҳад серкор мешавед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем. Аз касе қарз нагиред, вагарна дар баргардонидани пул душворӣ мекашед. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед, он гоҳ аз шамол хӯрдану бемории зуком халос мешавед. Нисбати дӯстдоштаатон рашки зиёд накунед, вагарна танҳо мемонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳангоми рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба роҳи макру фиреб наравед ва ба таваккал роҳ надиҳед. Ҳамзамон, барои амалӣ сохтани нақшаҳои дигарон низ кӯшиш ба харҷ надиҳед. Ба коре, ки дилатон моил нест, даст назанед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хуб ҷараён гирифта, дар ягон мавзӯъ баҳс намекунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкилиҳои сарзадаро оромона рафъ карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани муноқиша ва нофаҳмӣ зиёд аст. Аз макру ҳиллаи нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтиёт шавед. Худатон низ ҳангоми муошират ба касе фишор наоред. Баъди нисфирӯзӣ харидҳоятон бобарор мешавад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад. Нисбати дӯстдоштаи худ рашкро раво дида, бо ин роҳ ишқи худро собит намудан мехоҳед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, пурхурӣ низ ба саломатиятон зарар мерасонад. Бо нафароне, ки то ин дам забон ёфтанатон душвор буд, муросо мекунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз имкони пулкоркунӣ наёфта, чӣ кор карданро намедонед. Аз фикру хаёли зиёд бо наздикон муноқиша карданатон имконпазир аст. Хушбахтона, кор ба муноқишаи ҷиддӣ намерасад. Нисбати тавсия ва маслиҳати табибон фориғболӣ накунед, нишонаҳои бемориҳои сарзадаро ба эътибор гиред.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз табъи дил истироҳат ва бо дӯстону шахси дӯстдошта вохӯрӣ карда метавонед. Шумо аз доираи нафароне ҳастед, ки ҳар як ҷашну маҳфилро ранги тоза мебахшед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме камбудӣ пайдо шуда, хушбахтона, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар шумо муддати дароз дар ҳалли масъалае душворӣ мекашидед, имрӯз кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед, ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Бо дӯстдоштаи худ беҳтараш сари як пиёла чой нишаста, ба сайругашт набароед. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД