Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2022
2904

Ҳамал

Дар ин рӯз бо вуҷуди эҳтиёҷ надоштан ба кӯмаки нафаре дастгириву ҳимояи атрофиёнро эҳсос мекунед. Муҳимаш ба ақидаи нафарони калонсоли оилаатон дар боби масъалаҳои молиявӣ ва рӯзгор гӯш андозед. Барор ҳамсафари ҳамалҳои эҷодкор мегардад. Баъди нисфирӯзӣ мушкилоти ҳаёти шахсиро рафъ месозед.

 



Савр

Дар ин рӯз тамоми ҳунару маҳорати худро сарф кунед, то ки роҳбарият ба меҳнатдӯстӣ ва салоҳияти шумо эътимод намояд. Саври муҷаррад агар муносибатҳояшро бо дӯстдоштааш аз нав дида барояд, ҳаёти шахсияшро хеле хуб ба роҳ мемонад. Дар ин рӯз ташвиш кашидану майдагапӣ карданро тавсия намедиҳем.


Ҷавзо

Дар ин рӯз дар корҳоятон барор ҳамсафаратон мегардад. Рӯзи хубест барои ақди никоҳ, фотиаҳатӯй ва тӯйи арӯсӣ. Аз гуфтору рафтори дағалона худдорӣ намоед. Як муноқишаи одӣ боиси ҷудо шудан аз дӯстдоштаатон мегардад. Нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед. Дар ин рӯз хӯрдани гӯштро тавсия намедиҳем.


Саратон

Дар давоми рӯз тасодуфан ба мушкилиҳои молиявӣ гирифтор мешавед. Бо наздикон муносибатҳои худро хубтар гардонед, натиҷаи рафторатонро мебинед. Баъди нисфирӯзӣ зиёд шудани даромади пулӣ ва соҳиби маблағи хуб шуданатон имкон дорад. Бо вуҷуди машғули кор будан диққати бештари худро ба дӯстдоштаатон равона созед.

 


Асад

Имрӯз ба маъракаву ҷойҳои серодам рафтанро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш рӯзро дар муҳити орому бе ғавғо гузаронед. Дар ҳама кор бо амри дил амал кунед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Пулро сарфакорона истифода баред. Бо нафаре шинос мешавед, ки ба корҳоятон таъсири хуб мерасонанд.

 


Сунбула

Дар ин рӯз ҳангоми харидкунӣ боэҳтиёт шавед. Эҳтимоли сарфи маблағи зиёд вуҷуд дорад. Сабру таҳаммул ва меҳнатдӯстӣ зоҳир намуда, натиҷаи хуб ба даст меоред. Ҷасурона аз пайи кор шавед, эҳтимоли муваффақ шуданатон зиёд аст. Баъди нисфирӯзӣ мушкилоти ҳаёти шахсиро рафъ карда метавонед.


Мизон

Дар ин рӯз имкони ғолиб омадан ба рақибон ва ҳатто ба тарафи худ моил кардани эшонро пайдо мекунед. Аз дастовардҳои худ ифтихор накунед, вагарна чашм мерасад. Хуб мебуд, ки масунияти худро мустаҳкам намуда, табъатонро болида гардонед. Ишқбозии нав боиси ашкрезиву афсӯс хӯрданатон мегардад.

 

Ақраб

Ба ҳодисаи ногуворе афтида пулҳоятонро аз даст медиҳед. Ҳангоми суҳбат бо нафарони ношинос боэҳтиёт бошед. Агар бо ҳамсафари ҳаётӣ муноқиша карда бошед, кӯшиши оштишавиро кунед. Диққати бештари худро ба хона равона намуда, бо таъмир ва ободонӣ машғул шавед. Бемориҳои музминро ҳатман табобат кунед.


Қавс

Нафароне, ки ба наздикӣ ошиқ шудаанд, бояд коре карда, диққати худро ба кор равона созанд, вагарна дар корҳоятон душвориҳо сар мезананд. Масъалаҳои молиявиатон хуб аст, вале ба пули калон умед набандед. Муноқиша бо шахсе, ки дӯсташ медоред, боиси аз ҳам ҷудо шуданатон мегардад.

 


Ҷаддӣ

Дар ин рӯз ба саломатии худ ва саломатии наздикон диққат диҳед. Табъатон зуд-зуд тағйир ёфта, беморӣ ё асабхаробӣ имкон дорад. Аз робитаҳои нави ошиқона худдорӣ намоед. Шиносоӣ боиси муноқиша ё моҷарои калон мегардад. Дар хоб тарсидан аз он хабар медиҳад, ки дар корҳоятон тағйирот рух медиҳад.

Далв

Дар баробари ҳодисаҳои мусбӣ ҳодисаҳои манфӣ низ имкон доранд. Вазъи молиявиатон хуб ҷараён мегирад, вале сарфи ногаҳонии маблағ ними даромадро барбод медиҳад. Шиносоии нав оқибати ногувор ба бор меорад. Дар ҳаёти шахсони калонсол мушкилоти ҷиддӣ имкон дорад.

 


Ҳут

Агар ба кор рафтанатон муҳим набошад, имрӯзро дар танҳоӣ гузаронед. Аз корҳои вазнин ҷисмонӣ, асабоният ва муносибатҳои маҳрамона худдорӣ намоед. Агар дар ҳама кор меъёрро риоя кунед, саломатиятон ташвиш намедиҳад. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, табъатонро хира мегардонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД