Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз беҳтараш бо ҳамсаратон бо оромӣ суҳбат кунед ва аз қарорҳои шитобкорона худдорӣ намоед. Рашк ё шубҳаи беҳуда метавонад баҳс ба вуҷуд орад, пас ба ҳамдигар бовар кунед. Дар касбу кор худро зиёд зери фишор нагузоред, имрӯз барои корҳои вазнин мувофиқ нест. Истеъдодҳои шумо метавонанд даромад биёранд. Аз хастагӣ эҳтиёт шавед, ғизоро гуногунтар кунед ва камбуди витаминҳоро ҷуброн намоед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз пурэнергия ҳастед ва ин нерӯ ба беҳтар шудани муносибатҳои хонаводагӣ кумак мекунад. Метавонед саҳифаи наве дар зиндагӣ боз кунед. Дар касбу кор кордонӣ нишон диҳед, аммо масрафи маблағро бо наздикон маслиҳат кунед. Иммунитетатон хуб аст, танҳо аз пурхӯрӣ ва ғизои равғанин худдорӣ намоед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз дар масоили ошиқона бобарор аст, шиносоии нав, суҳбати самимӣ ё мулоқот метавонад рӯҳатонро болида созад. Бо вуҷуди ин, аз фиреби одамони бегона эҳтиёт бошед. Дар кор қобилияти хуб нишон медиҳед, вале пешниҳодҳои шубҳанокро қабул накунед. Сардор метавонад масъалаҳои қадимиро ёдрас кунад, ором бошед. Дар ғизо мева ва сабзавотро бештар истифода баред.
Саратон (21 июн-22 июл)
Рӯзи пур аз тағйирот аст: як лаҳза шодӣ, баъд нохушӣ, вале ҳамааш зуд мегузарад. Кӯшиш накунед вазъро маҷбуран дигар кунед, ҳама чиз дар ҳамин давра аз назорати шумо берун аст. Агар дар муносибати ошиқона шубҳа ё камэътиборӣ пайдо шавад, ҷанҷол эҳтимол дорад. Кори оғозкардаатонро ба охир расонед ва барои корҳои нав замина гузоред. Ба корҳои хайр диққат диҳед.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз хоҳиши саёҳат ё таҷрибаҳои нав зиёд мешавад, аммо эҳтиёт кунед, то қарорҳои шитобкорона пушаймонӣ наорад. Бо наздикон дар мавзӯъҳои ҳассос баҳс накунед. Хабари хуш метавонад ҳаёти шуморо тағйир диҳад. Масъалаҳои пулӣ каме нозуканд, бо саросемагӣ қарор қабул накунед. Аз ғизои вазнин дурӣ ҷӯед, меъда метавонад нороҳат шавад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Ба ҳамсаратон бештар эътимод кунед ва бо сабабҳои ночиз баҳс накунед. Барои тоза кардани муҳит ҳатто тағйири хурд кифоя аст. Шояд кори якранг шуморо хаста карда бошад, аммо аввал ором шуда, корҳои муҳимро ҷудо намоед. Тартиботи хона пул меорад, бенизомӣ бошад баръакс таъсир мекунад. Аз ғизои носолим ва одатҳои бад дурӣ ҷӯед. Ба ҳавои тоза бароед, саломатӣ беҳтар мешавад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз вақти хуб барои мулоқоти нав аст, агар касеро дӯст доред, ба мулоқот даъват кунед. Дахолати наздиконро сахт қабул накунед, онҳо танҳо ғамхорӣ мекунанд. Корҳои қафомонда ба осонӣ анҷом меёбанд. Рӯз каме ҳассос аст, эҳсосотро идора кунед ва ба баҳсҳо роҳ надиҳед. Барои истироҳат вақт ҷудо кунед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз беҳтараш эҳсосотатонро барои худ нигоҳ доред, на ҳама ростқавлӣ ва муваффақияти шуморо хуб қабул мекунанд. Бо оила масъалаҳои муҳими рӯзро ҳал кунед, вале бо ҳамсояҳо баҳс накунед. Беҳтараш камтар сухан гӯед, ҳар калима метавонад бар зидди шумо истифода шавад. Аз одамони баду манфӣ дурӣ ҷӯед, худро бо шахсони мусбат иҳота намоед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Стресс гирифтантон эҳтимол дорад, аммо кӯшиш кунед ором бошед. Хоҳиши тағйир додани муҳит пайдо мешавад, ҳатто таъмири хурд ҳам рӯҳияро беҳтар мекунад. Дар кор пешравӣ ҳаст, танҳо корҳои муҳимро мавқуф нагузоред. Варзиш, роҳгардӣ ва нигоҳубини саломатӣ имрӯз ба шумо нерӯ медиҳад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз узрхоҳӣ метавонад вазъро беҳбуд бахшад ва муносибатҳоро хубтар кунад. Дар хона хароҷоти ногаҳонӣ эҳтимол дорад, тағйири либос ё таъмири хурд. Имрӯз барои анҷом додани корҳои қафомонда вақти беҳтарин аст. Аз ноумедӣ худдорӣ кунед ва худро зери фишор нагузоред. Бо хешу табор баҳс накунед, асабҳоятонро эҳтиёт кунед.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз рӯҳияи ошиқона доред ва шонси пайдо кардани шарики муносиб зиёд аст. Ба хона ва аъзоёни оила бештар диққат диҳед. Дар истифодаи техника ва барқ эҳтиёткор бошед. Дар масоили пулӣ каме ноустуворӣ эҳсос мешавад, бахусус агар қарз дошта бошед. Дар рӯзҳои наздик кори ҷисмонӣ зиёд мешавад ва ин ба саломатӣ фоида меорад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз барои муошират ва шиносоӣ рӯзи хуб аст, ҷаззобияти шумо диққати одамонро ҷалб мекунад. Аз ин имконият дуруст истифода баред. Дар вақти холӣ корҳои хонагиро анҷом диҳед, дигар мавқуф гузоштан мумкин нест. Барои соҳибкорон рӯзҳои серкорӣ фаро мерасад. Эҳтимол пуле бирасад, ки интизораш набудед. Қисме аз маблағро захира кунед ва аз одатҳои зараровар канора гиред.