formula
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2332

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ягон пешниҳоди нави кориро қабул накунед, ҳатто агар ба шумо писанд бошад ҳам. Бисёри ҳамалҳо мехоҳанд, ки ба назди роҳбари худ даромада, талаби зиёд намудани маошро кунанд, аммо ситораҳо мегӯянд, ки каме дигар сабр кунед. Шомро якҷоя бо дӯстдоштаатон сипарӣ кунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз ҳамкоронатон омодаанд, ки шуморо дар ҳама ҳолат, ҳатто дар баҳсбарангезтарин масъала дастгирӣ кунанд. Бо дастгирии дӯстон ба натиҷаҳои назаррас ноил мешавед. Барои ташаккур гуфтан саросема нашавед, зеро ҳоло вақти миннатдорӣ кардан нарасидааст.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз худро нотавон ҳис карда, аз ӯҳдаи баъзе корҳо баромада наметавонед. Пирӯзии худро ҳамроҳ бо дӯстону рафиқони наздик ҷашн гиред. Баъзе корҳоятон дертар натиҷа медиҳанд, интизор бошед. Иҷозат надиҳед, ки касе ҳуқуқҳои шуморо поймол намуда, таҳқиратон кунад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз шуморо лозим аст, ки маблағҳоятонро ба роҳи дуруст сарф намоед. Ҳангоми гузаронидани гуфтушунидҳои муҳим ба ҳисси худ такя накунед, балки аз рӯйи ақл кор кунед. Хилофи одобу ахлоқ коре накунед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз ҳар гуна муноқишаи ночиз ба ҷанҷоли калон табдил ёфта метавонад. Аз ин рӯ, мувозиби худу забони худ бошед, то ба оташ равған напошед. Агар худро дошта тавонед, аз об хушк мебароед. Сабрро пеша кунед ва интизор шавед, рӯйдодҳо ба зудӣ аз паси ҳам мераванд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз дар вуҷудатон қувваеро ҳис мекунед, ки қаблан дар ботини худ эҳсос мекардед. Баъзе сунбулаҳо барои зодрӯзи нафаре нигаронанд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Ҳолати рӯҳии худро таҳти назорат гиред ва агар аз мушкилие азоб мекашед, пас ба мутахассис муроҷиат намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз шумо сабаб мешавед, ки нафарони танбал ва сустирода илҳом гирифта, дубора ба кори худ бармегарданд. Даромади пулӣ дар назар нест, беҳуда ба умед нашавед. Дар ҷои кор ба маслиҳати нафари кордону боэътимод такя карда метавонед. Бештар об нӯшед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯз барои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ мусоид аст. Вақтҳои охир зиёд орзу мекунед ва аз худ бехуд шудаед. Кӯшиш намоед, ки аз рӯйи ақли солим кор карда, зиёд ба эҳсосот дода нашавед. Аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, мақоми худро баландтар бардоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз беҳтараш аз ҳазлу шӯхӣ ва хурсандӣ дар ҷои кор бо ҳамкорон худдорӣ намоед. Аз оғози як лоиҳаи азим натарсед, дар охир муваффақ хоҳед шуд ва мушкилие пеш намеояд. Зиёд об нӯшида, организми худро тоза намоед. Даромади иловагии пулӣ дар назар нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз нисбат ба дигар рӯзҳо зиёдтар кор мекунед, бинобар ин, истироҳат карданро аз хотир набароред. Муваффақиятҳои шумо душманонатонро ором намегузорад ва онҳо аз пайи кандани чоҳу ба дом афтонидани шумо мешаванд. Беҳтараш ба онҳо диққат надиҳед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бинобар асабонияти шумо иҷрои баъзе корҳо тӯл мекашанд. Имкониятҳои нави молиявӣ, масалан, афзоиши музди меҳнат, мукофотпулӣ, мулоқот бо нафарони муваффақ ва пешниҳоди мансаби баланд шуморо интизор аст. Шомро дар хона гузаронед ва фақат истироҳат кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ҳаёти шахсиатон мушкилиҳое ба миён меоянд, ки ба кратон низ таъсири худро мерасонанд. Ба васвасаҳо дода шуда, нисбат ба корҳоятон беаҳамият нашавед. Ҳолатҳое мешавад, ки аз баҳри ҳама чӣ гузаштан мехоҳед, аммо ин ҳолат муваққатист. Асабҳоятонро ором кунед, ҳамааш хуб мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД