sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 26 АВГУСТИ СОЛИ 2020 (ЧОРШАНБЕ)
2665

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барои ҳамалҳо рӯзи номусоид аст, зеро пайдоиши мушкилиҳои ғайричашмдошт дар назар буда, барои ҳалли онҳо фикрҳои оқилона лозим аст. Кӣ дар бораи шумо чӣ фикр мекунад, бигзор бароятон бефарқ бошад. Ҳамон тавре зиндагӣ кунед, ки худатон мехоҳед. Атрофиёнро зиёд ташвиш надиҳед.

 

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар ҷои кор шахси ғайриоддӣ будани худро нишон диҳед ва исбот кунед, ки аз ӯҳдаи ҳама кор ба хубӣ баромада метавонед. Агар дар охири рӯз хаста шудан нахоҳед, корҳои пучу бемаъниро ба ӯҳда нагиред. Ба ақидаи худ устувор буданро омӯзед. Ба саломатиатон диққати бештарро равона кунед.

 

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар дар ҳалли масъалае нороҳатиро ҳис кунед, пас барои кӯмак ба ҳамкорони худ муроҷиат намоед. Вазъи имрӯзаи худро тағйир доданӣ бошед, сараввал оқибаташро фикр кунед. Аз онҳое, ки шуморо ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дур бошед. Аз пасатон бадгӯӣ мекунанд, аммо диққат надоданатон беҳтар аст.

 

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз гуноҳи дигаронро ба сари шумо бор мекунанд ва худро сафед карда наметавонеду ҷазо мебинед. Асабҳои худро эҳтиёт кунед ва агар имкон дошта бошед, ба асабшинос муроҷиат намоед. Барои ҳаллу фасли фаврии саволҳои ҷамъшуда кӯшиш ба харҷ диҳед. Саратонҳоро даромади иловагӣ дар назар аст.

 

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз бароятон рӯзи пурмаҳсул хоҳад буд, ҳарчанд шумо аз худ қаноатманд ва розӣ нестед. Худро ба фикр кардан маҷбур накунед ва саломатиатонро дар мадди аввал гузоред. Наздиконатон ба шумо лаҳзаҳои фараҳбахшро фароҳам меоранд. Волидонатонро ба хонаи дӯстдухтаратон барои хостгорӣ фиристед.

 

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Барои барқарор намудани саломатӣ давраи мусоид мебошад. Дар лаҳзаҳои душвор худатон тани танҳо кӯшиш накунед, аз як сар ду сар беҳтар аст. Сирру асрори худро ба онҳое, ки бо шумо муносибати дуруст надоранд, фош насозед. Сунбулаҳои ошиқро дар роҳи ишқ нокомӣ интизор аст.

 

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз ҳама масъалаҳои алоқаманд бо ишқу муҳаббат ҳалли худро меёбанд. Норозигии худро ба нафаре баён мекунед. Агар аз худ боварӣ надошта бошед, беҳтараш дар лаҳзаҳои ҳассос хомӯш бимонед. Ҳар сухани аз даҳонатон мебаромадаро дар тарозуи ақл бар кашед.

 

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз пеш аз оғози ҳар кор бо ҳамкорон, аҳли оила ва нафарони салоҳиятдор маслиҳат кунеду машварат пурсед. Чандест, ки ба ҷои дуре азми сафар доред ва имрӯз шумо метавонед, ки ба сафар бароед. Барои боздид ба амал овардан аз маконҳои таърихӣ рӯзи хуб аст.

 

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ситораҳо мегӯянд, ки дар ин рӯз ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ зиёдтар машғул шавед. Ҳангоми қабули қарорҳои ҷиддӣ ва муҳим андешаи атрофиёнро ба назар гиред, хусусан, агар онҳоро эҳтиром кунед. Агар волидайни худро дербоз надида бошед, барои аёдати онҳо рӯзи неку бобарор аст.

 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯз барои пайдо намудани дигар манбаъҳои даромади иловагӣ мувофиқ гуфта мешавад. Хоҳиши кор кардан дар шумо аз пештара бештар мушоҳида карда мешавад. Ба овозаҳо бовар накунед, зеро асосе барои бовар кардан нест. Ҷаддиҳои оиладор бо ҳамсарашон муноқиша мекунанд, аммо зиёд қаҳрӣ накунед.

 

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ нармдил ва меҳрубон нашавед, ҳатто нисбат ба атрофиён ва аъзои оилаи худ. Гузаштаро комилан фаромӯш созед, зеро он намегузорад, ки ба пеш ҳаракат кунед. Зиёдтар китобҳои бадеӣ мутолиа намуда, фонди луғавии худро ғанитар созед. Нӯшидани оби бегазро бароятон тавсия медиҳем.

 

Ҳут (19 феврал-20 март)

Барои издивоҷ, бастани ақди никоҳ ва ё вохӯриҳои ошиқона рӯзи пурбарор аст. Ҳутҳое, ки дербоз оиладор шудан мехостанд, имрӯзро аз даст надиҳанд. Имрӯз аз иҷрои ҳар кори вазнин худдорӣ кунед ва онҳоро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред. Ҳамчунин, вохӯриҳои кориро низ ба таъхир андозед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД