Ҳамал (21 март-20 апрел)
Бо шахсе, ки шуморо пайваста нороҳат месозад, танҳо барои “дарс додан” таҳаммул накунед. Муносибати заҳрогинро хотима диҳед ва ба худ оромӣ бахшед. Агар ростгӯӣ зарар биёрад, баъзан хомӯш бимонед. Бо эҳтиёт амал намоед, ба нақшаҳои калон машғул нашавед. Барои неру ва рӯҳияи хуб, реҷаи хоб ва витаминҳоро ба танзим дароред.
Савр (21 апрел-21 май)
Ба шахси наздикатон бовар кунед ва бе далели кофӣ ӯро муттаҳам насозед. Фарзандони калонсол метавонанд аз шумо маслиҳат пурсанд, ба онҳо муҳаббат ва таҷрибаи худро ато кунед. Дар муомила бо ҳамкорон мулоим бошед. Бо дӯстону шиносон суҳбат кунед, шояд имкони нави даромадро нишон диҳанд. Рӯзи истироҳат аст - аз корҳои вазнин дур монед. Оромиш бароятон фоидаовар хоҳад буд.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар равобити ошиқона сардӣ эҳсос мешавад. Аммо ин давра дер давом намекунад. Бо дӯстдоштаатон меҳрубонтар бошед. Дар коргоҳ бо устуворӣ ва самимият муносибат намоед. Агар даромади кофӣ надоред, чораандешӣ лозим аст. Ба ҳаёт бо назари нав нигоҳ кунед ва аз хурдтарин шодӣ лаззат баред, саломатиятон низ беҳтар мегардад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Шояд имрӯз муяссар шавад, ки мушкили шахсиро ҳал кунед, вале эҳтиёт кунед, гуфтугӯи ошкор метавонад ба зараратон шавад. Пешниҳоди муҳимро аз тарафи роҳбарият қабул намоед. Вақти он расидааст, ки масъулиятро бар дӯш гиред. Аз фиребу найранги бегонагон эҳтиёт шавед. Обрӯ, пул ва ҳатто озодӣ метавонад зери хатар бошад. Барои рӯҳ ва ҷисми солим ҳар рӯзро бо варзиши сабук оғоз намоед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз эҳтимол аст, ки хашм ва асабоният дар шумо авҷ гирад, худро ба даст гиред. Муносибатҳо метавонанд нофаҳмӣ эҷод кунанд. Дар ҷойи кор фишор эҳсос мешавад, аммо маҳорати шумо сабаби муваффақият мегардад. Аз сироятёбӣ эҳтиёт кунед, хусусан дар ҷойҳои серодам. Бар нафсатон ғолиб оед, пурхӯрӣ накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Имрӯз бонувон бо дӯстон мулоқот мекунанд. Агар ҳақ ҳам бошед, ба гуфтаи дигарон гӯш диҳед. Ҳолатҳое мешавад, ки ягон коратон барор намегирад, вале шумо бояд рӯҳафтода нашавед, ҳамеша ба пеш ҳаракат кунед. Роҳи дарёфти маблағро бо усулҳои гуногун санҷед. Барои саломатӣ ғизои дуруст, оромӣ ва парҳез аз одатҳои бад зарур аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шояд хоҳед, ки муносибати кӯҳнаро эҳё кунед, вале аз ин худдорӣ намоед, натиҷааш ноумедкунанда хоҳад буд. Дар бораи нақшаҳои оилавӣ суҳбат кунед. Кори зиёдро ба дӯш нагиред. Имкони беҳбудии вазъи молӣ вуҷуд дорад, фурсати навро аз даст надиҳед. Аз сарфи беҳудаи маблағ худдорӣ намоед. Агар муддате ба варзиш сар накардед, имрӯз оғози хубест. Вале шитоб накунед, баданро азоб надиҳед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шодмонии шумо метавонад диққати афродеро, ки манфиати шахсӣ доранд, ҷалб кунад, эҳтиёт шавед! Дар оила аз интизориҳои зиёд худдорӣ намоед. Имрӯз масъалаҳои молиявиро ҳал накунед. Хомӯшӣ ва беэҳтиётӣ метавонад ба зиёни шумо шавад. Бо эҳсосоти манфӣ мубориза баред ва бештар ба саломатии рӯҳӣ аҳамият диҳед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Эҳсосоти шумо гул мекунад, агар ба дӯстдоштаатон аҳамияти бештар диҳед. Як калимаи ширин метавонад рӯзатонро равшан созад. Аз ҷониби наздикон дастгирӣ мебинед ва неруи тоза хоҳед ёфт. Аммо аз ҳад зиёд ба худ умед набандед, неру ва имкониятҳо маҳдуданд. Мумкин аст, мукофот ё хабари хуш дастрас шавад. Беҳтараш бурдбориҳои худро ба касе нагӯед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Агар мехоҳед дилеро ба даст оред, дигар бепарвоӣ накунед. Муҳим аст, ки пулҳои худро бо маслиҳати наздиконатон сарф кунед. Хоҳишҳои аъзои хонаводаро ба назар гиред. Ҳуҷҷатҳо ва маблағи худро дар ҷои хуб ва дилпур нигоҳубин кунед. Ба худ фишор наоред, вагарна бемор мешавед. Ҳар гапро ба дил нагиред.
Далв (21 январ-20 феврал)
Шумо бояд бо дӯстдоштаи худ ошкоро дарди дил карда тавонед, дар акси ҳол ранҷ мекашед. Аз тарафи фарзандон шодиву сюрпризҳои гуворо интизор шавед. Шумо машғулиятҳои зиёд доред, ки таъхирро таҳаммул намекунанд. Бо худ пули калон нагиред, хусусан дар ҷойҳои серодам эҳтиёт шавед, эҳтимоли ғорат вуҷуд дорад. Фароғат, оромиш ва ҳаракатҳои сабук барои саломатии шумо заруранд.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз дили шумо байни орзуҳои ошиқона ва воқеият парешон аст. Шояд ба хулоса оед, ки нуқсони дӯстдоштаатон ӯро ҷолибтар мекунад. Барои як ниёзи худ ногаҳон маблағ сарф карданатон лозим меояд. Ғизои сабук, меваю сабзавот истеъмол намоед. Аз хӯрдани хӯрокҳои равғанин ва фастфуд парҳез кунед.