ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2026
1755

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Мушкилиҳои молиявӣ тамоми ҳушу хаёлатонро банд месозанд. Фикри фардо шуморо ором намегузорад, зеро аз пеш хариди калон доред. Баъзеҳоро қарзҳои нотамом азият медиҳанд. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, имкони харидорӣ намудани моли бесифат зиёд аст. Асбобҳои вайронгаштаи техникиро таъмир карда, фикри харидорӣ намудани навашро накунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Саврҳое, ки муносибати ошиқонаи чандинсола доранд, бояд аз пайи бунёд сохтани қасри бахти худ гарданд. Бемориҳои роҳҳои нафас хурӯҷ намуда, оқибатҳои ногуворро ба бор меоранд. Дар кӯчаву ҳангоми ба сафар баромадан эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Беҳтараш бо нафароне дӯстӣ кунед, ки ба қадри одаму одамгарӣ мерасанд.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Тамоми фикру зикратон банди масъалаҳои молиявӣ мегардад. Рӯзи хубест барои савдо ва хариду фурӯш. Харидҳоятон бобарор гашта, барои хона чизҳои даркориро дастрас карда метавонед. Ҳар кореро, ки оғоз намоед, маблағи хуб ба даст меоред. Ҷавзоҳои муҷаррад дар ҷустуҷӯи бахт мешаванд. Аз ҳад зиёд ба асабоният дода нашавед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Дар масъалаҳои молиявӣ комёбӣ насиби нафароне мегардад, ки дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву пулӣ таҷрибаи бой доранд. Шахси дӯстдоштаатон дар масъалаҳои зиёде ташаббус нишон дода, хотиратонро шод мегардонад. Ошиқон дар фикри издивоҷ мешаванд. Дар табобат намудани бемориҳо вақту маблағро дареғ надоред. Ҳангоми ба сафари роҳи дур баромадан маблағи зиёд сарф мекунед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз хонаву дари худро ба тартиб оварда, чизҳои даркориро партоед. Нигоҳубини ҳайвонот ва гулҳои хонагӣ табъатонро болида месозад. Миёнаи рӯз барои шахси дӯстдоштаатон хароҷот карданатон лозим меояд. Бемориҳои модарзодӣ хурӯҷ намуда, бар асари асабхаробӣ бемориҳои узвҳои ҳозима ва дилу рагҳои хунгард эҳтимол дорад.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар ин рӯз фаъолшавии зеҳниро эҳсос менамоед. Бо нафароне шинос мешавед, ки дар пешравии касбу кор ва ба даст овардани маблағи хуби молиявӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ошиқон ба хотири хушҳол сохтани дӯстдоштаи худ ҷонашонро дареғ намедоранд. Нафароне, ки мошин меронанд, бояд дар роҳ боэҳтиёт бошанд. Саломатиятон нимаи дуюми рӯз нохуб гашта, хатари шамол хӯрданатон зиёд аст.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Даромади пулиятон дар ин рӯз аз саломатӣ, коршоямӣ, диққатнокӣ ва суботкорӣ ҳангоми иҷрои корҳо вобастагии калон дорад. Тамоми рӯз бо сабаби парешонхотирӣ дучори мушкилиҳои молиявӣ мегардед. Нафароне, ки бо таъмири асбобҳои техникӣ машғуланд, маблағи хуб ба даст меоранд. Муносибататон бо шахси дӯстдошта ранги тоза мегирад, мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Вақти бештари худро бо дӯстону наздикон, ҳамсояву шиносҳо гузарониданатон лозим меояд. Дӯстону шиносҳоятон дар рафъи мушкили худ аз шумо кумак мепурсанд. Сафару вохӯриҳо бобарор анҷом меёбанд. Ҷароҳату бемориҳо бо сабаби фориғболӣ, парешонхотирӣ ё хастагии зиёд рух медиҳанд. Ба системаи асаб ва дилу рагҳои хунгард фишор наоред. Бештар бо шахси дӯстдоштаи худ вақт гузаронед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз дар масъалаҳои молиявӣ бурд мекунед. Бо шарофати пуртоқатӣ ва ҷидду ҷаҳд аз фаъолияти касбӣ даромади хуб ба даст оварда метавонед. Бар замми ин, аз сарчашмаҳои иловагӣ низ пул меёбед. Ҳангоми робита бо атрофиён босабру таҳаммул бошед, вагарна дучори муноқиша мегардед. Нофаҳмии байни шумову дӯстдоштаатон сарзадаро бо туҳфаи хотирмон рафъ карда метавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Аз ҳамкориву корҳои дастаҷамъонае маблағи хуб ба даст оварда метавонед, ки чандин сол шиносоӣ доштаву ба боварии якдигар даромада бошед. Кор бо ҳамкорони нав ба ҷои даромади пулӣ нофаҳмиву низоъ меорад. Кори дар танҳоӣ анҷом додашуда бобарор мешавад, хусусан кори ҷисмонӣ. Вохӯриҳои ошиқонаро беҳтараш ба таъхир гузоред, вагарна кор бо ҷудоӣ анҷом меёбад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар масъалаҳои душвори молиявие, ки чанд муддат азобатон медод, муваффақ мегардед. Дӯстдоштаатон чизеро аз шумо пинҳон мекунад. Ба рафтораш хубтар зеҳн монда, сиррашро фош месозед. Ба саломатӣ диққати хоса диҳед, вагарна табобат тӯл мекашад. Дар сурати вуҷуд доштани бемориҳои музмин чораҳои пешгирикунанда андешед. Диққати хосаро ба узвҳои ҳозима равона намуда, парҳезро риоя намоед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нафароне, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ машғуланд, ба комёбиҳои зиёди касбӣ ноил мегарданд. Дар соҳаи тиҷорат даромади хуби молиявӣ ба даст меоред. Барои ошиқ шудан рӯзи мусоид аст. Барои ба даст овардани дили дӯстдоштаатон ҷасуртар амал намоед. Нафароне, ки дар сафару саёҳат қарор доранд, корашон барор мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД