formula
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2023
2077

Толеъномаи 29 декабр

Ҳамал

Дар ин рӯз корҳоеро, ки аз уҳдааш намебароед, ба ҳеҷ ваҷҳ ба дӯш нагиред. Мутаассифона, дар ин шабу рӯз ташвишу корҳоятон хеле зиёд мешаванд. Рӯз барои ба анҷом расонидани масъалаҳои душвор созгор нест. Вазъият ҳар лаҳза тағйир ёфта, дар ҳоли ногувор монданатон имконпазир аст.

 

Савр

Дар ин рӯз барои тағйир додани вазъият ва беҳбудӣ коре карда наметавонед. Тамоми рӯз асабиву норозӣ мегардед. Агар асабатонро ором карда тавонед, баъзе мушкилиҳои молиявиро рафъ карда метавонед. Дар арафаи соли нав танҳо мондан нахоҳед, нисбати дӯстдоштаи худ диққати бештар зоҳир намоед.

 

Ҷавзо

Суботкориву мунтазамӣ дар рафтору аъмол, дар кору таҳсил ва рӯзгор низ натиҷаи хуб меорад. Аз маҳфили нафароне, ки зарарашон ба шумо бисёр расидааст, дурӣ ҷустанатон лозим аст. Нисбати пайдошавии аввалин нишонаҳои бемории зуком беэътиноӣ зоҳир накунед, вагарна аз по меафтед.

 

Саратон

Дар ин рӯз имкони амалӣ сохтани нақшаҳоятонро пайдо месозед. Бо нафароне шинос мешавед, ки дар оянда кӯмаку дастгирияшонро зиёд мебинед. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон омадани меҳмон имконпазир аст. Агар зуком шуда бошед, дар хона бо ниқоб гаштану зуд-зуд ҳавои утоқҳоро тоза карданатон лозим аст, вагарна наздикони худро бемор месозед.

 

Асад

Вақту диққати худро ба корҳои дуюмдараҷаву суҳбатҳои беҳуда сарф накунед. Беҳтараш андешаҳои худро ба тартиб оварда, мушкилиҳои шахсиро бартараф намоед. Ба нафаре, ки дар ин рӯз табъатонро хира месозад, посухи арзанда доданатон лозим аст, вагарна асабоният ба саломатиятон бе таъсир намемонад.

 

Сунбула

Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошударо кӯшиши мустақилона рафъ кардан накунед. Беҳтараш аз дӯсти наздике, ки нисбати шумо бефарқ нест, маслиҳат пурсед. Дар акси ҳол имкони мусоидро барои ислоҳ сохтани вазъият аз даст медиҳед. Барои он ки гирифтори зуком нашавед, дар ҳавои тоза сайругашт намуда, бештар меваву чойи гарм нӯшед.

 

Мизон

Дар ин рӯз нисбати корҳоятон ҷиддӣ муносибат намоед. Рафтори беандеша ё сари ғазаб анҷом додаатон оқибати нохуш ба бор оварда метавонад. Вазъи саломатиятон хеле хуб аст, вале барор метавонад ҳар лаҳза аз шумо рӯй тобад. Аз шамолхӯрӣ эҳтиёт шавед, нӯшокиҳои газноку сард нанӯшед.

 

Ақраб

Рӯзи ором аст. Ба маслиҳати дӯстону наздикон гӯш андохта, сару либоси худро нав кунед. Ба мушкилоти майда-чуйдае, ки шуморо аз кори асосӣ дур месозад, машғул шавед. Барои он ки аз дарди гурда азият накашед, ҳамеша бо духтури табобатии худ дар тамос бошеду фармудаҳояшро сари вақт иҷро намоед.

 

Қавс

Имрӯз хатари зери таъсири бегонагон афтиданатон зиёд аст, аз ин хотир, аз робита бо нафарони ношиносу онҳое, ки ба шумо писанд нестанд, худдорӣ намоед, вагарна ба хатогиҳои зиёд роҳ медиҳед. Дар ин рӯз харидани молу ашёҳои косметикиро маслиҳат намедиҳем.

 

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз муносибататон бо шахси дӯстдошта мисли филмҳои ҳиндӣ зебо мегардад. Имрӯз вохӯриҳои ошиқона, армуғонҳо, изҳори муҳаббат, муноқиша ва оштишавии дилдодагон хотирмон мегузаранд. Ягона чизе, ки хотиратонро озурда месозад, каме нотоб шуданатон аст.

 

Далв

Имрӯз ба мазмуни мушкилиҳо сарфаҳм рафта, роҳи ҳалли масъалаи душворро пайдо месозед. Мутаассифона дар амал татбиқ намудани ин ақида бе ягон дастгирӣ бароятон душвор мегардад. Аз нафароне, ки гирифтори зуком гаштаанд, дуртар буданатон аз манфиат холӣ нест. Бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоед, меваву сабзиҷоти тару тоза истеъмол намоед.

 

Ҳут

Дар ин рӯз эҳтимоли зери таъсири бегонагон афтиданатон зиёд аст. Аз ҷойҳои серодам худдорӣ намуда, ба сергапӣ, худситоӣ ва лофзанӣ роҳ надиҳед. Ба доми дуздону ҳаннотон афтиданатон имкон дорад. Нафаронеро, ки дӯст мешуморед, аз пасатон мазоқу масхара мекунанд. Дӯстро аз душман фарқ карданатон лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД