Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2022
2259

Ҳамал

Рӯзи пур аз ташвиш аст. Аз пайи анҷом додани корҳои нотамом шавед, вагарна рӯзҳои наздик тамоман вақти холӣ пайдо карда наметавонед. Барои мустаҳкам сохтани муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Ба шахси дӯстдоштаи худ меҳрубонӣ зоҳир намоед ва дар ҷавоб ҳатман меҳрубонӣ мебинед.

Савр

Рӯзи ором аст. Бо коре машғул шавед, ки аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Барои ҳаллу фасл намудани нақшаҳои дарозмуддат рӯзи хуб аст. Дар ҷодаи муҳаббат фиреб хӯрданатон имкон дорад, аз ин рӯ, бодиққат бошед. Имкон надиҳед, ки дар бораи шумо фикри бад кунанд, обрӯятонро нарезонед.

Ҷавзо

Дар ин рӯз на танҳо маблағ, балки вақтро сарфа карданатон лозим аст. Ба ҳаёт бо дили гарм нигаред ва зиндагиятон ранги дигар мегирад. Дар ҳаёти шахсӣ раҳмдилӣ ва нозукдилӣ ба фоидаатон мегардад. Агар бегоҳирӯзӣ сафари дур дошта бошед, пешакӣ тайёрӣ дида, баъдан ба роҳ бароед.

Саратон

Ба мушкилиҳое, ки дар касбу коратон пайдо мешаванд, омода бошед. Ба умеди кӯмаки нафаре нашавед. Нафароне, ки ҳамроҳатон кор мекунанд, сади роҳи пешравиҳоятон мегарданд, вале ин маънои онро надорад, ки аз мубориза даст кашед. Дар ҷодаи муҳаббат ба рашк роҳ надиҳед.

Асад

Дар бисёр ҷодаҳои зиндагиятон муваффақ гашта, аз натиҷаи заҳматҳои худ қаноатманд мегардед. Танқиде, ки аз ҳамкорон нисбати худ мешунавед, дар сурати ҳақиқат доштанаш оромона қабул намоед. Аз гирифтани қарз худдорӣ намоед. Эҳтимоли нохуб гаштани саломатиятон вуҷуд дорад, аз шамолкашӣ ва бемориҳои музмин эҳтиёт шавед.

Сунбула

Барои он ки ба ғалату камбудӣ роҳ надиҳед, аз хатогиҳои пешинаи худ андеша намоед. Дар касбу кор хеле боэҳтиёт бошед, зеро хатари фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад. Аз намудҳои фаъоли варзиш худдорӣ намоед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон дар ин рӯз зиёд аст. Бегоҳирӯзӣ бо собиқ дӯстдоштаи худ вомехӯред.

Мизон

Дар ин рӯз агар хоҳиш дошта бошед, куҳро зада талқон мекунед. Агар ба садои қалби худ гӯш андозед, аз нобарориҳо эмин мемонед. Нафаре мехоҳад шуморо ба кори бад талқин намояд, аз ин рӯ, эҳтиёт шавед. Бемориҳо аз каноратон гузашта мераванд, худро бардаму солим ҳис мекунед.

Ақраб

Нафарони муҷарраде, ки баъди як ҳафтаи шиносшавӣ оиладор шудан мехоҳанд, ғалат мекунанд. Ошиқ шуданатон хуб аст, вале хуб мебуд, ки бештар ақли солимро ба кор баред. Давоми рӯз лоиҳаи самаранокеро пешниҳод мекунанд, ки даромади калон меорад. Сайругашти бегоҳирӯзӣ ба фоидаатон мегардад.

Қавс

Дар ҳама коратон муваффақ мегардед, вале нисбати атрофиён дағалиро раво набинед. Ин рафторатон боиси дилсардӣ ва аз шумо дурӣ ҷустани дӯстонатон мегардад. Яку якбора чанд корро ба анҷом расонида наметавонед. Нисбати наздикони худ меҳрубон бошед.

Ҷаддӣ

Дар ин рӯз хастагиро эҳсос карда, қобилияти кориятон паст мегардад. Мушкилиҳои сарзадаро дар танҳоӣ рафъ карда наметавонед. Нафаре аз дӯстон шуморо барои пешравии корҳояш истифода бурдан мехоҳад. Агар худатон сабабгори чунин амали дӯстатон гашта бошед, шикоят накунед. Шиносоии нави ошиқона бароятон мушкилиҳои зиёдеро пеш меорад.

Далв

Дар ин рӯз пулро зиёду беҳуда сарф накунед. Маблағи ба даст овардаатонро барои хариди даркорӣ мавқуф гузоред. Қабл аз он ки ба дӯстдоштаатон бовар кунед, самимӣ будани муҳаббаташро аниқ намоед. Нафароне ки ҷонибдори муҳаббати содиқанд, оромиву нишотро эҳсос мекунанд.

Ҳут

Имрӯз ба рафтори беандеша даст заданатон имкон дорад. Эҳтимол бадҷаҳлии шумо бо сабаби мушкилиҳои ҳаёти шахсиятон сар мезанад. Дар ин рӯз маъракаҳои ҷиддиро ба нақша нагиред. Дар муносибатҳои ошиқона ба рафтори ноҷо даст назанед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД