formula
ТОЛЕЪНОМАИ 28-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2024
1891

Ҳамал

Дар ин рӯз ҳамалҳо кӯшиши беҳтар сохтани вазъи молиявӣ ва хуштар сохтани табъи худро мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи корҳо табъи дили шумо ҷараён мегиранд. Дар байни атрофиён ман-манӣ накунед, пушаймон мешавед. Рӯзи олиест барои вохӯрии ошиқона.

 Савр                                                                    Дар ҳаёти шахсӣ хафагиву нофаҳмӣ рух медиҳад, вале ба зудӣ бо ёратон оштӣ мешавед. Чунин рафтори шахси бароятон азиз табъатонро хира месозад. Ба саломатии худ ва наздиконатон диққати ҷиддӣ диҳед, фаромӯш насозед, ки пулро меёбед, вале саломатиро бо ягон ганҷи дунё харида намешавад.

 

Ҷавзо

Дар ин рӯз аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Беҳтараш ғами саломатиро хӯрда, болидаруҳ бошед. Барои иваз кардани ҷойи зист, кӯчидан ба хонаи нав ва нақшаи сафар кашидан рӯзи мусоид аст. Барои ба камбудиву хатогӣ роҳ надодан, ҳамаи корҳоятонро ба нақша гиред.

 

Саратон

Дар ҳаёти шахсиву муносибатҳои ошиқона сари қарорҳои ҷиддӣ наоед. Имрӯз табъатон гирифтаву дар дилатон чизе намеғунҷад. Беҳтараш бо беҳтар сохтани вазъи саломатӣ машғул шавед. Маблағи калон қарз гирифтану хароҷоти беҳуда карданро маслиҳат намедиҳем.

 

Асад

Обрӯву нуфузи худро на танҳо дар хонавода, балки дар миёни хешу табор баланд нигоҳ доред. Ҳодисаҳои рӯзҳои охир хотиратонро озурда кардааст. Барои аз чунин вазъият берун шудан оқилона рафтор намоед. Ба саломатии меъдаву гурда диққати хоса зоҳир намоед.

 

Сунбула

Дар ин рӯз даромади пулии ногаҳонӣ, вохӯрии хотирмон ва як ҷаҳон таассурот шуморо интизор аст. Ҳар қадаре ба кори хона ё корҳои вобаста ба тиҷорат бо дасту дили гарм часпед, ҳамон андоза онро зудтару босифат ба анҷом мерасонед. Дар ҷодаи муҳаббат ба эҳсосот дода нашуда, ба ақли солим гӯш андозед.

 

Мизон

Тамоми фикру зикри мизонҳо барои дарёфти даромади иловагии пулӣ равон гаштааст. Вазъи молиявиатон душвор аст, аз ин лиҳоз сабрро пеша намуда, бо хости худ амал намоед. Агар хотири наздиконатонро шод гардонидан хоҳед, барояшон маъракаи хотирмон ташкил намоед.

 

Ақраб

Шумо дар ин рӯз дар маркази диққати атрофиён қарор мегиред. Ҳатто дар кӯча намояндагони ҷинси муқобил ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Корҳои ҳаррӯзаро ба таъхир гузошта, аз пайи корҳои муҳим шавед. Бегоҳ вазъи саломатиятон нохуб гаштанаш мумкин. Шамол кашида бошед, дарҳол аз пайи табобат шавед.

 

Қавс

Дар ин рӯз бояд ба нуқтаи назари наздикон гӯш андозед, вагарна кор бо муноқиша анҷом меёбад. Барои вохӯрии ошиқона рӯзи олиҷаноб аст, вале дар интихоби бахт содаву зудбовар нашавед. Ба нафаре, ки ба шумо изҳори муҳаббат мекунад хубтар диққат диҳед. Дарди сар ва хастагӣ нишонаи он ҳастанд, ки шумо бояд истироҳат кунед.

 

Ҷаддӣ

Бо вуҷуди маоши хуб гирифтанатон пулро зиёд сарф накунед. Барои хонаву таҳсили фарзандон маблағи зиёд лозим мешавад. Дар ин рӯз бо нафаре шинос шуда, дар фикри пулкоркунӣ мешавед. Барои мардҳо бегоҳирӯзӣ бо дӯстон ба сауна ва зали варзишӣ рафтан рӯзи хуб аст.

 

Далв

Ҳангоми робита бо наздикон бодиққат бошеду ваъдаҳои ҳавоӣ надиҳед. Агар баногаҳ нафареро ранҷонед, муддати мадид бо шумо қаҳрӣ мегардад. Бо шарофати хонуми воломақоме нақшаҳои зиёдатон ҷомаи амал мепӯшанд. Ин бону кӯмаки пулӣ низ мерасонад.

 

Ҳут

Муваффақият барору ҳамсафари ҳутҳое мегардад, ки қаблан тамоми корҳои худро ба нақша гирифта буданд. Бо қувваи дучанд аз уҳдаи тамоми корҳоятон мебароед. Нафаре кайҳо интизори изҳори муҳаббати шумо аст. Либосеро, ки бегоҳи ин рӯз харидорӣ мекунед, бобаракат аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД