arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ АВГУСТИ СОЛИ 2021
2244

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар шумо муддати дароз дар ҳалли масъалае душворӣ мекашидед, имрӯз кор ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, ба ҳамин хотир, нисбати наздикон ботаҳаммул бошед ва ба қаҳру ғазаб дода нашавед. Бо дӯстдоштаи худ беҳтараш сари як пиёла чой нишаста, ба сайругашт набароед.   

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз табъи дил истироҳат ва бо дӯстону шахси дӯстдошта вохӯрӣ карда метавонед. Шумо аз доираи нафароне ҳастед, ки ҳар як ҷашну маҳфилро ранги тоза мебахшед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме камбудӣ пайдо шуда, хушбахтона, роҳи ҳалли худро пайдо мекунад. Баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз имкони пулкоркунӣ наёфта, чӣ кор карданатонро намедонед. Аз фикру хаёли зиёд бо наздикон муноқиша карданатон имконпазир аст. Хушбахтона, кор то муноқишаи ҷиддӣ намерасад. Нисбати тавсия ва маслиҳати табибон фориғболӣ накунед ва нишонаҳои бемориҳои сарзадаро ба эътибор гиред.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад. Нисбати дӯстдоштаи худ рашкро раво дида, бо ин роҳ ишқи худро собит намудан мехоҳед. Ба хасташавӣ роҳ надиҳед, пурхурӣ низ ба саломатиятон зарар мерасонад. Бо нафароне, ки то ин дам забон ёфтанатон душвор буд, муросо мекунед.  

Асад (23 июл-22 август)

Вазъият тавре сурат мегирад, ки мушкилиҳои сарзадаро оромона рафъ карда метавонед. Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани муноқиша ва нофаҳмӣ зиёд аст. Аз макру ҳиллаи нафароне, ки хуб намешиносед, эҳтиёт шавед. Худатон низ ҳангоми муошират ба касе фишор наоред. Баъди нисфирӯзӣ харидҳоятон барор мегиранд.    

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ҳангоми рафъ намудани мушкилоти молиявӣ ба роҳи макру фиреб наравед ва ба таваккал роҳ надиҳед. Ҳамзамон, барои амалӣ сохтани нақшаҳои дигарон низ кӯшиш ба харҷ надиҳед. Ба коре, ки дилатон моил нест, даст назанед. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон хуб ҷараён гирифта, дар ягон мавзӯъ баҳс намекунед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз беҳад серкор мешавед. Корҳои вазнини ҷисмониро тавсия намедиҳем. Аз касе қарз нагиред, вагарна дар баргардонидани пул душворӣ мекашед. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос пӯшед, он гоҳ аз шамол хӯрдану бемории зуком эмин мемонед. Нисбати дӯстдоштаатон рашки зиёд накунед, вагарна танҳо мемонед.    

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба хотири наранҷидани дигарон худро дар азоб намонед. Ба хотири ба даст овардани маблағи калон саломатиро аз даст надиҳед. Бо вуҷуди серкорӣ, дар вақташ истироҳат кардану хӯрок хӯрданро фаромӯш накунед. Баъди нисфирӯзӣ бо нафаре шинос мешавед, ки дар як дам ошиқи шайдояш мегардед.    

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда, либос ба бар намоед, эҳтимоли шамол хурданатон хеле зиёд аст. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед. Дар масъалаҳои пулӣ ба хароҷоти беҳуда роҳ дода метавонед. Вохӯриҳои тақдирсоз зиндагиятонро тағйир медиҳанд. Ба нафаре, ки аз шумо кӯмаку дастгирӣ мепурсад, ҷавоби рад надиҳед.    

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз баҳсу мунозираи зиёд худдорӣ намуда, беҳтараш истироҳати бофароғат кунед. Ба мағозаву бозор рафтанро маслиҳат намедиҳем, зеро хароҷотатон калон мешавад. Ягона чизе ки дар ин рӯз хариданашро тавсия медиҳем, ин асбобҳои техникӣ аст. Мулоқоти ошиқонаро ба рӯзи дигар ба таъхир гузоред.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Мушкилиҳое, ки дар зиндагии шахсиятон пайдо мешаванд, таъсирашонро дар пешравии корҳоятон мегузоранд. Бо нафаре аз ҳамкорон муносибати ошиқона карданро тавсия намедиҳем. Аз ҳамкорони худ бе ибо маслиҳат пурсидан гиред. Сафарҳое, ки бо мақсади истироҳат мекунед, бобарор меанҷоманд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз бо нафаре шинос мешавед, ки зиндагиятонро куллан тағйир медиҳад. Нафаре ба зиндагиятон бармегардад, ки пештар муносибати ошиқона доштед. Бо сабаби нофаҳмиҳои рухдода муносибати худро бо наздикон вайрон насозед. Ба бегонагон имкон надиҳед, ки ба зиндагиву корҳоятон дахолат намоянд.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД