Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2020
2756

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Хабару навигариҳои зиёд мешунавед, дар кори муҳиме муваффақ мегаред. Бо вуҷуди барор нагирифтани коратон рӯҳафтода намешавед, муътақид ҳастед, ки баъдан ба мақсад мерасед. Нимаи дуюми рӯз ҳодисаҳои ногувору дилмондагӣ имкон дорад, ҳатто бо нафарони наздиктарини худ забон ёфтанатон мушкил мешавад.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи душвор аст. Табъи хушро нигоҳ доштан мехоҳед, вале бо душворӣ муваффақ мегардед. Вазъиятро идора кардан бароятон имконнопазир мегардад. Хатоҳои пешинаи худро такрор накунед. Аз таҷрибаи бегонаҳо истифода баред. Аз пурсидани маслиҳат аз нафароне, ки нисбаташон эътимод доред, шарм надоред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар нақшаҳои бузург дошта бошед, аз субҳ барои амалӣ сохтанаш омодагӣ бинед. Рафту кореро ба таъхир гузоред, ҳеҷ гоҳ онро амалӣ намесозед. Вохӯриҳои кориву шахсиро то нисфирӯзӣ ба анҷом расонед. Баъзе зодагони мучали ҷавзо сирру асрори худро ба нафаре фош месозанд, ки бароятон дӯст нестанд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи бобарор, самарабахш ва аҷиб аст. Корҳоятон зиёд мешаванд, вале шумо аз чизе шикоят намекунед, чун барои чӣ заҳмат кашидани худро хеле хуб дарк менамоед. Ҳатто нафарони танбал хеле хуб меҳнат мекунанд. Нимаи дуюми рӯз шиносоиҳои гуворо ва изҳори муҳаббат имконпазир аст.

Асад (23 июл-22 август)

Рӯзи бад нест. Дар корҳои зиёди худ муваффақ мегардед. Аксаран дар ин кор дилёбии шумо нақш мебозад. Шумо ба атрофиён маъқул ҳастед, шуморо дастгирӣ мекунанд. Вале баъзан атрофиён бо меҳрубонии худ аз ҳад мегузаронанд ва имкон намедиҳанд, ки мустақилона амал намоед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи серташвиш бошад ҳам, онро душвор номидан мумкин нест. Таҷрибаи пештар андӯхтаатон фоидабахш мегардад. Ҳодисаҳоеро, ки чанде қабл аз сар гузаронида будед, бори дигар андешаронӣ намоед, он гоҳ ғалатҳои кардаи худро дубора такрор намекунед. Даромади иловагӣ дар назар аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Мушкилиҳои сарзадро бо табъи болида рафъ месозед. Хеле муҳим аст, ки ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, хусусан, агар дар танҳоӣ амал мекарда бошед. Нимаи дуюми рӯз сафарҳои аҷиб ва вохӯрӣ бо нафарони ғайриоддӣ имконпазир аст. Кунҷкобии зотӣ имкон медиҳад, ки маълумоти даркориро ба даст биёред.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз нобарории корҳо рӯҳафтода нашуда, ба пеш амал намоед. Устуворӣ намуда, ба натиҷаи назаррас ноил мегардед. Дар робита бо атрофиён сабур бошед. Аз фишору ҳуҷум худро ҳимоя намуда, ба нафароне, ки аз хубиятон истифода бурдан мехоҳанд, имкон надиҳед. Аз нигоҳи зираки шумо хатогие намегузарад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи серташвиш аст, шуғлҳои аҷиб пайдо мекунед. Кӯшиши ба анҷом расонидани ҳама корро накунед, диққати худро ба корҳои муҳимтарин равона созед. Зимни робита бо нафароне, ки бароятон азизанд, бо дағаливу густохӣ роҳ надиҳед. Ҳарфҳои ноҷои гуфтаатон сабабгори муноқишаву хафагӣ мегарданд.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ҳама гуна масъалаҳои муҳимро нимаи аввали рӯз ҳаллу фасл намоед. Ҳар нофаҳмие, ки дар муносибатҳои шахсиатон вуҷуд дошта бошед, сари вақт рафъ намоед, вагарна хафагиву ранҷиш зиёд мегардад. Наздикон ба дастгириву меҳрубониятон ниёз доранд, кӯшиш намоед вақти бештари худро бо онҳо сипарӣ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Аввали рӯз душвору серташвиш меояд. Дар ин рӯз диққати бештари худро ба корҳои бегонагон равона сохтанатон лозим меояд. Бо ҳамин сабаб нақшаҳоятон тағйир ёфта, сахт ба ғазаб меоед. Кӯшиш намоед, ки нафарони азизтарини худро дар сари қаҳр озор надиҳед. Нимаи дуюми рӯз бобарор меояд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Аз субҳи содиқ худро ба даст гиред, ба эҳсосот дода нашавед. Рӯзи бобарор аст. Корҳои зиёдатонро ба анҷом мерасонед, ҳатто аз ӯҳдаи корҳое, ки чанд муддат пеш дастнорас буданд, баромада метавонед. Ҳурмату эҳтироматонро атрофиён қадр мекунанд. Дар муносибатҳои ошиқона мушкилие дида намешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД