sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 29-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2792

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз таваккал карда, ба пеш ҳаракат кунед. Тақдир худаш шуморо ба самти дуруст хоҳад бурд. Кори аз ҳад зиёдро ба ӯҳда нагиред, вагарна ба худатон дарди сар эҷод мекунед. Имрӯз калимаи “мехоҳам”-ро фаромӯш кунед ва аз харҷи беҳудаи маблағҳои пасандозкардаатон худдорӣ намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ шуморо сюрпризҳои гуворо интизор аст. Баъзе саврҳо ба висоли дӯстдоштаи худ мерасанд ва дили нафареро, ки дӯсташ медоранд, ба даст меоранд. Барои харид рӯзи хуб аст, аммо агар хоҳед, ки бо ҳамёни холӣ ба хона барнагардед, аз хариди беҳуда даст кашед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз шарт нест, ки тамоми рӯз кор кунед. Ҳатто агар як дақиқа вақти холӣ ёфтед, ба истироҳату фароғат машғул шавед. Миёни шумову дӯстдоштаатон нафари севум пайдо мешавад, ки ба муносибатҳои шумо таъсир мерасонад. Ваъдахилофӣ накунед, зеро ин хоси шумо нест.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба дӯстони пешина такя карда, нақшаҳои навро амалӣ карда метавонед. Ба болои хубии як нафари дигар пой нагузоред, зеро замоне фаро мерасад, ки боз коратон ба ҳамон нафар меафтад. Нафаре ҳастед, ки дар бисёр мавридҳо дурӯғ мегӯед. Ин хислати худро партоед.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз бо ҳамагон меҳрубон буданро тавсия медиҳем. Ба онҳое, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон ёрӣ расонед. Баъзеҳо ба шумо ногаҳон таваҷҷуҳ мекунанд, ки ба онҳо эътимод накунед. Шояд нияти онҳо он қадар пок нест, ки шумо фикр мекунед. Даромади пулӣ дар назар нест, баумед нашавед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз нисбат ба кори худ масъулиятшинос бошед. Фаромӯш накунед, ки дар зери назорати сардоратон қарор доред. Барои кӯчидан ба хонаи нав ё иваз кардани ороиши дохили хона рӯзи мусоид аст. Ба худатон низ дигаргунӣ ворид намуда, ба зоҳиратон беҳтар аҳамият диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ба зудӣ давраи мусоид фаро мерасад ва дар ҳамаи самтҳои фаъолияти шумо пешравии назаррасро дидан мумкин аст. Бо одамон дағалӣ накунед, ҳатто агар душмани шумо бошанд. Қувваи худро ба корҳое сарф кунед, ки пештар ба нақша гирифта будеду баро иҷрояшон фурсат намеёфтед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз дар ҳаёти шумо рӯйдодҳое рух медиҳанд, ки ҳам хурсанд мешаведу ҳам ғамгин. Агар аз шумо ёрӣ пурсанд, рад накунед. Эҳтимол, нафаре пайдо мешавад, ки шуморо дар чанд коратон дастгирӣ мекунад. Вақти он расидааст, ки ба кӯмаки дӯсти наздикатон шитобед, зеро ӯ ба шумо эҳтиёҷ дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба ҳеҷ ваҷҳ истироҳат гуфта, аз кор дур нашавед, вагарна мавқеи худро дар соҳати савдо аз даст медиҳед. Агар хоҳед, ки муносибататон бо хонаводаатон хуб бошад, шумо ҳам дар хона инсони хуб шавед. Шарм накарда, аз онҳое, ки таҷрибаи калон доранд, дар бораи коратон пурсон шавед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Некбинӣ ва эътимод ба худ дар пайдо кардани шиносҳои нав кӯмак мекунанд. Андешаи худро барои худ нигоҳ доред ва эҳсоси худро ба дигарон нишон надиҳед. Муваққатан аз додани маслиҳат худдорӣ намоед, вагарна ҳама балоро ба сари шумо бор карда метавонанд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба осонӣ натиҷаи дилхоҳро ба даст меоред, ба шарте ки музокиротҳоро хуб паси сар кунед. Барои мулоқот, умуман, барои ҳамагуна машғулият рӯзи хуб аст. Агар дили шумо то ҳол озод бошад, пас тақдир бароятон мулоқоти ғайричашмдоште омода кардааст. Агар ба касе ваъдае додаед, аз пайи вафо кардан шавед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз масъалаҳои алоқаманд бо маблағ бидуни мушкилот паси сар мешаванд. Идеяҳои худро, ки қаблан дар иҷрояшон оҷиз будед, ҳамин ҳоло дар амал татбиқ кунед. Шомро дар хона гузаронида, барои оилаатон бо дасти худ хӯроки шом омода кунед. Ба занги нафарони ношинос ҷавоб надиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД