sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 3-ЮМИ ИЮНИ СОЛИ 2021
2822

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳама корҳои худро бомуваффақият паси сар мекунед ва дар шумо хоҳиши боз кор кардан пайдо мешавад. Агар рухсатӣ гирифта, ба истироҳат рафтан мехоҳед, пас интихоби маконро ба зиммаи ҳамсаратон гузоред. Масъалаи саломатиро нодида нагиред ва худу оилаатонро ҳатман аз муоина гузаронед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз шумо бояд қоидаи “сад бор чен куну як бор бур”-ро риоя кунед. Дар масъалаҳои ба пул алоқаманд эҳтиёткору бодиққат буданро фаромӯш насозед. Бархе аз саврҳоро дар ҷодаи ишқу муҳаббат ноумедӣ интизор аст. Ҳангоми ба нақша гирифтан ва ҷобаҷогузории корҳо ба саросемагӣ роҳ надиҳед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз аз рӯи пешгӯии ситораҳо ҳеҷ ҳодисаи манфӣ, ки ба рӯҳияи шумо таъсири бад мерасонад, ба вуқӯъ намеояд. Ғолибият танҳо ба нафароне кафолат дода мешавад, ки аз таҳти дил кор мекунанду заҳмат мекашанд. Кори ғайриимконеро аз дигарон талаб накунед, вагарна дар охир пушаймон хоҳед шуд.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ чанд санҷиш шуморо интизор аст. Ба бозиҳои хатарнок даст назанед ва ба шарикони худ эътимод дошта бошед. Ҳисси бадиву бахилиро аз худ дур кунед, зеро ин ба шумо зебанда нест. Барои иҷрои коре, ки аз ӯҳдааш намебароед, ваъдаи пешакӣ надиҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз атрофиён кӯшиш мекунанд, ки ба мушкилиҳои шумо расидагӣ кунанд ва барои ҳалли онҳо камар банданд. Дар ҷои кор мушкилии бузурге ҳалли худро меёбад, ки аз он фоидаи калон мебинед. Аз нишон додани норозигии худ дар ҳарос набошед ва фикри шахсии худро иброз намоед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз барои анҷом додани ҳамагуна кор рӯзи мувофиқу мусоид аст. Ба асабонияти зиёд роҳ надиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона хушбахтӣ пешгӯӣ карда мешавад, ба ҳамин хотир, нақшаи ҷолиберо тарҳрезӣ кунед. Агар дӯстдошта надоред, пас кӯшиш кунед, ки ин ҳиссиётро дар худ бедор созед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҳаёти якрангатон тағйирот ворид созед. Ба умеди касе нашуда, танҳо ба гуфтаи дили худ гӯш диҳед. Барои мизоеҳои муҷаррад айёми хуб аст, то касеро дӯст доранду ошиқ шаванд. Рӯзро пурра ба оилаи худ бахшед ва ғамхориро ба онҳо арзонӣ доред. Саломатӣ бояд дар ҷои аввал бошад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ситораҳо мегӯяд, ки шумо имкони хубе доред, то вазъиятро аз нуқтаи назари дигар нигоҳ кунед. Чизеро кашф мекунед, ки то ин дам ба назар аён набуд. Агар корҳоятонро дуруст ва бе камбудӣ ба роҳ монед, ба тиҷорататон сармояи хориҷӣ ҷалб карда метавонед. Муваффақият бо шумост, аз ин рӯ, ҷасур бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз ба вазъияти ногувор дучор мешавед ва сабабаш боварии кӯр-кӯронаи шумо ба дӯстонатон мебошад. Эҳтимол, гапатон бо як-ду рафиқи наздикатон низ мегурезад. Босабр бошед, ин ба шумо зарар намерасонад, балки барои қабули қарорҳои дуруст дар оянда мусоидат хоҳад кард. Саломатиатонро эҳтиёт кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ҷаддиҳо корҳоеро анҷом медиҳанд, ки баъдан аз кардаи худ пушаймон мешаванд. Бузургон “сад бор чен куну як бор бур” гуфтаанд. Пеш аз оғози ҳар коре ҳамаҷониба фикр карданатон зарур аст. Барои хариди чизе шитоб накунед. Надониставу насанҷида туҳмат кардан аз рӯйи одоб нест.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз барои вохӯрӣ ва шиносоиҳои ҷадид рӯзи бобарор нест, бинобар ин, аз чунин корҳо дар давоми рӯз худдорӣ кунед. Бо аъзоёни оила, хусусан, бо нафарони калонсол дар ҳаргуна мавзӯъҳои муҳим баҳс карданатон лозим нест. Дар ниҳоят шумо мефаҳмед, ки дӯстдоштаатон бароятон чӣ қадар азиз аст.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз тибқи пешгӯии ситораҳо шумо ғамгин шуда метавонед. Кӯшиш кунед, ки барои истироҳату фароғати худатон вақт ҷудо кунед ва зиндагиатонро дар давоми рӯз рангину зебо паси сар намоед. Пеш аз қабули ҳар қарору қонун бо нафароне, ки ҳамфикри шумо ҳастанд, машварату маслиҳат кунед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД