arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 30-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
4167

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Қабл аз онки бо коре машғул шавед, бояд аз маслиҳати дӯстон истифода баред. Имкони иваз намудани касбу кор ва ба хориҷа сафар карданатон зиёд аст. Аз ғами дурии ёр дарун ба дарун хун мехӯред. Аз яку якбора тағйир ёфтани табъатон эҳтиёт шавед, эҳтимол ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор шавед.

Савр (21 апрел-20 май)

Нафаре аз наздикон ё хешовандон кӯмаки молиявӣ мерасонад. Барои таъмир ва ободонии хонаву дар рӯзи мусоид аст. Дар ҳаёти шахсӣ барои сари қарори муҳиме омадан шитоб накунед, вагарна баъди пушаймон шудан чизеро баргардонида наметавонед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, ба сафар мебароянд.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз табъи гирифтаву хотири парешонатон аз атрофиён пинҳон намемонад. Ин натиҷаи хастагӣ ва бехобиатон аст. Корҳои нотамом, хабари нохуш ва мушкилиҳои ҳаёти шахсӣ имкон намедиҳанд, ки нағзакак истироҳат намоед. Барои ба худ омадан бештар дар ҳавои тоза сайр кунед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Танбалӣ ва фикри фардоро накарданатон боиси нофаҳмиҳои хурд мегарданд. Агар ба худ бовар дошта бошед, вазъиятро ислоҳ карда метавонед. Нияти ба мағозаву бозор рафтанро дошта бошед, дар ҳамин рӯз харидҳоятон бобарор мешаванд. Вазъи саломатии Шумо аз худатон вобастагӣ дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз чунон корҳоятон зиёд мешаванд, ки вақти сархорӣ намеёбед, хеле рӯзи серташвиш аст. Баъди даву този зиёд аз дидори нафари бароятон азиз шод мегардед. Асадҳое, ки нияти оиладор шуданро доранд, бояд нағзакак фикр карда, баъдак қадами муҳими ҳаёти худро гузоранд. Саломатӣ ташвишатон намедиҳад.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи орому бобарор аст. Барои ҳар рӯзи нави худ шукрона кунеду дилхушӣ намоед. Аз изҳори муҳаббат кардани дӯстдоштаи худ ҳайрон нашавед. Вазъи пулиятон хуб асту корҳои рӯзгорро бояд фавран ба анҷом расонед. Агар шамол хӯрданатонро ҳис кунед, аз ҷойи кор ҷавоб гирифта, нағзакак табобат кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои нафарони эҷодкор рӯзи бобарор аст. Шиносоӣ бо нафаре ё ҳодисаи ногаҳоние рух медиҳад, ки даромади пулӣ ба даст меоред. Нисбати дӯстдоштаатон фармонфармоӣ накарда, нуқтаи назари ӯро шунавед. Барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ масунияти худро мустаҳкам карданатон лозим аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ҳангми сӯҳбат бо роҳбарият нуқтаи назари худро иброз накунед, вагарна садди роҳи пешравиатон дар вазифа мегардед. Нисбати дӯстдоштаатон бепарвоӣ зоҳир накунед. барои нафарони эҷодкор рӯзи бобарор аст. Аз шиносоӣ бо нафаре даромади пулӣ ба даст меоред. Баъди нисфирӯзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯйхати хароҷотҳои худро барои рӯзҳои наздик тартиб диҳед, ҳангоми сарф кардани маблағ боақлона рафтор кунед .нисбати нафароне, ки чӣ будани меҳрубониро намедонанд, меҳрубонӣ зоҳир намоед. Бо дӯстдоштаатон ба ҳамдигарфаҳмӣ омада наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ хастагиву асабониятатон зиёд мегардад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба ғизои мехӯрдаи худ бодиққат бошед, барои саломатии сутунмӯҳраи худ машқ кунед, вагарна дар сафари роҳи дур азоб мекашед.аз худхоҳиву худпарастӣ худдорӣ намоед ва танқиди одилонаро қабул намеод. Баъди нисфирӯзӣ аз ошиқатон хабари хуш шунида, хушҳол мешавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз асабӣ шудану ба ғазаб омаданатон эҳтимол дорад. Агар худро ба даст нагиред, бо аҳли оилаи худ муноқиша мекунед. Бо наздикони худ муносибатро вайрон накунед, вагарна рӯҳафтода мегардед. Хуб мебуд, ки ҷарроҳиҳои тиббиро ба таъхир гузоред. Мушкилиҳои пулиятон хеле хуб анҷом меёбанд.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз корҳоятон барор намегиранд. Ҳаққи хизмати худро низ саривақт ба даст оварда наметавонед. Мушкилиҳои зиёде сар мезананд, ки бояд сари вақт аз пайт рафъ карданашон шавед. Кӯмаки Шумо имрӯз ба бисёриҳо лозим мешавад. Ба дӯстдоштаи худ бовар карданро омӯзед, вагарна ӯро аз даст медиҳед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД