Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳои гузашта аз байн мераванд ва барои нақшаҳои нав имконияти хуб пайдо мешавад. Дар хароҷоти рӯзмарра сарфакор бошед, то барои истироҳат ё сафар маблағи бештар ҷамъ кунед. Дар кор роҳбарият заҳмати шуморо қадр карда, эҳтимол мукофоти молӣ диҳад ё вазифаи масъул супорад. Маблағи хурде ба дастатон мерасад. Ба ғизои солим бештар аҳаммият диҳед ва аз хӯрокхӯрии саросема худдорӣ кунед.
Савр (21 апрел-21 май)
Эҳтимол аст, ки ба шахсе таваҷҷуҳи нав пайдо кунед, аммо эҳсосоти худро саросема баён накунед. Имрӯз бо наздикон баҳс кардан хуб нест. Дар ҷойи кор низ аз муҳокимаи масъалаҳои баҳснок худдорӣ намоед. Вазъи молиявӣ метавонад тағйирёбанда бошад, бинобар ин ба хароҷот бодиққат бошед. Агар худро бемор ҳис кунед, беэътиноӣ накунед. Аз ҷойҳои серодам ва хавфи сироятёбӣ то ҳадди имкон дурӣ ҷӯед.
Ҷавзо (22 май-21 июн)
Дар ҳаёти шахсӣ рӯйдодҳои ҷолиб зиёд мешаванд ва шояд лозим ояд барои муносибатҳои ошиқона вақти бештар ҷудо кунед. Барои одамони оиладор фаҳмидани ҳамдигар осон нест, бинобар ин масъалаҳои баҳснокро оромона ҳал кунед. Беҳтараш имрӯз камтар сухан гӯед, зеро баъзе суханони тунду тез баъдтар метавонанд бар зидди шумо истифода шаванд. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед ва ба муомилаҳои шубҳанок роҳ надиҳед. Аз ҷиҳати саломатӣ рӯзи ором аст.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз дар муҳити дӯстона таърифу суханони хуш мешунавед, гарчанде рафтори аз ҳад беодобонаи яке аз наздикон метавонад шуморо асабонӣ кунад. Ба ҳамсаратон аз сабаби масъалаҳои хурд эрод нагиред ва хатогиҳои ночизро бубахшед. Дар кор зиракӣ ва ҳисси қавии шумо барои бартараф кардани мушкилот кумак мекунад. Вазъи молиявӣ ба туфайли кӯшишҳои саривақтӣ беҳтар мешавад. Имрӯз худро аз корҳои вазнину хастакунанда эҳтиёт кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Имрӯз мехоҳед дар бораи муносибатҳои худ бештар андеша кунед. Кӯшиш кунед фаҳмед, ки чӣ чиз шуморо дар муносибатҳо хушбахт мекунад. Дар хона эҳтимоли нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, вале онҳоро оромона ҳал кардан мумкин аст. Бегоҳ шиносоии нав ё истироҳати гуворо дар пеш аст. Ҷуръату қатъияти шумо бештар мешавад ва муносибатҳо бо шарикон низ метавонанд беҳтар гарданд. Ба саломатӣ ва масуният низ диққат диҳед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Агар танҳо бошед, бештар ба ҷойҳои серодам равед: сайругашт ё маъракаҳо метавонанд барои шиносоии ҷолиб имконият фароҳам оваранд. Дар муносибатҳо кӯшиш кунед пеш аз сар задани баҳс мушкилро ҳис карда, оромона ҳал намоед. Барои сафарҳои дур ва гуфтушунид бо шарикони хориҷӣ рӯз мусоид аст. Дар масъалаҳои молиявӣ сабабҳои кам шудани даромадро таҳлил кунед ва оғоз кардани корҳои муҳими навро ба таъхир гузоред. Бегоҳ ба истироҳат ва барқарор кардани нерӯ машғул шавед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Имрӯз вақти хубест, ки ба намуди зоҳирӣ ва саломатии худ бештар аҳамият диҳед. Агар зарур бошад, вазни зиёдатиро кам кунед ё ба назди мутахассиси зебоӣ ва ороишгар равед. Бегоҳ ба корҳои хеле душвор шуруъ накунед; корҳои хурди хонагӣ ва истироҳат беҳтар мебошанд. Дар ҷойи кор серкор мешавед, вале шумо метавонед вазифаҳоро сари вақт анҷом диҳед. Барои қувват бахшидани масуният низ рӯзи мувофиқ аст.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Кӯшиш кунед имрӯз эҳсосоти шадид ва хашмро идора намоед. Дар ҳолати асабонӣ метавонед суханҳое гӯед, ки баъдтар аз онҳо пушаймон мешавед. Эҳтимол, дӯст ё хешовандон ба меҳмонӣ оянд, бинобар ин барои қабули меҳмон омода бошед. Дар кор муваффақ шудан мумкин аст, аммо барои ин заҳмати зиёд лозим мешавад. Барои натиҷаи беҳтар фикри ҳамкорон ва қобилияти шарикони худро ба назар гиред. Аз асабоният, ҷанҷол ва ҳар чизе, ки ба саломатӣ зарар дорад, дурӣ ҷӯед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар байни шумо ва шахси наздик нофаҳмӣ ба вуҷуд омада бошад, имрӯз вақти хубест, ки онро бартараф кунед. Кинаҳои гузашта метавонанд аз байн раванд. Таъмири хона ё харидани ашёи нав ба муҳити оила гармӣ ва роҳат мебахшад. Шиносоии нав, сафар ва таассуроти ҷолиб ба шумо нерӯи тоза медиҳанд. Ҳангоми харид саросема нашавед ва барои чизҳои нолозим пул сарф накунед. Дастгирии наздикон метавонад вазъи молиявиро беҳтар кунад. Фаъолияти ҷамъиятӣ низ ба обрӯю мақоми шумо таъсири хуб мерасонад.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Имрӯз эҳсосоти шахсӣ ва муносибатҳои ошиқона метавонанд хеле фаъол шаванд. Дар оғози рӯз нисбат ба аъзои оила сабр ва ғамхории бештар нишон диҳед. Пеш аз ҳар иқдом хуб андеша кунед, то аз қарорҳои шитобкорона ва сарфи беҳудаи вақт пешгирӣ шавад. Барои ҳалли баҳсҳои вобаста ба маблағҳои калон ё амвол имрӯз вақти муносиб нест; дар масъалаҳои ҳуқуқӣ низ эҳтиёткор бошед. Ба саломатӣ диққат диҳед ва аз корҳои зиёдатии хастакунанда худдорӣ намоед.
Далв (21 январ-19 феврал)
Шояд муддате боз дар интихоби роҳи ояндаи худ дудила бошед. Каме таваққуф карда, оромона андеша намоед ва қарор қабул кунед. Дар муносибат бо наздикон эҳтимоли нофаҳмиҳои хурд вуҷуд дорад, бинобар ин нақшаҳои рӯзро пешакӣ мувофиқа кунед. Дар кор имкониятҳои хуб пайдо мешаванд: метавонед якчанд вазифаро бомуваффақият иҷро кунед ва шиносоии муфид пайдо намоед. Аммо дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёткор бошед, зеро хатари зарари молиявӣ вуҷуд дорад. Ба ғизо ва нӯшокиҳои зиёдатӣ низ роҳ надиҳед.
Ҳут (20 феврал-20 март)
Имрӯз барои муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона рӯзи мусоид аст. Шиносоии ҷолиб ё мулоқоти фаромӯшнашаванда эҳтимол дорад. Шояд мушкили кӯҳнаеро ҳал карда, аз баъзе тарсу нобоварӣ халос шавед. Бо наздикон бо сабру таҳаммул муносибат кунед, зеро суханони тунду эҳсосоти идоранашуда метавонанд боиси ҷанҷол шаванд. Қарорҳои ҷиддиро чанд рӯз ба таъхир гузоред, зеро вазъ метавонад ногаҳон тағйир ёбад. Барои харидани хона, мошин ё анҷом додани муомилаҳои калони молиявӣ рӯз мувофиқ аст. Начало формы