Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 30-ЮМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2639

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз нафаре шуморо гумроҳ кардан мехоҳад. Агар ба маълумотҳои пешниҳодшуда шубҳа дошта бошед, аз нав тафтиш карда бароед. Барои ҳамалҳои ошиқ рӯзи бебарор аст, эҳтимоли сар задани ҷанҷол бо дӯстдоштаатон вуҷуд дорад. Аммо барои таҳкими робитаҳои корӣ рӯзи хуб аст.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз нақшаҳои ояндаи худро тарҳрезӣ намоед, аммо барои амалӣ карданашон шитоб накунед. Барои сафар ва сайру саёҳат рӯзи хуб аст. Дар фикри саломатии худ бошед ва беаҳамиятӣ зоҳир накунед. Масунияти худро баланд бардоред, то аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин бошед.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз кӯшиш намоед, ки хотири ҳамкоронатонро озурда насозед, вагарна баъдан эҳсоси пушаймонӣ хоҳед кард. Ҳангоми гузаштан аз роҳи оҳан эҳтиёткор бошед. Оилаатон ба шумо эҳтиёҷ доранд, барои онҳо низ вақт ҷудо кунед. Мардҳоро лозим аст, ки аз хиёнат ба ҳамсари худ даст кашанд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар бораи нақшаҳои ояндаатон ба касе чизе нагӯед. Баъзе саратонҳои муҷаррад ба вохӯрии ошиқона рафта, бо табъи болида бармегарданд. Шумо ҷиддӣ кор карда наметавонед, чун фикрҳоятон аз ҳақиқат дуртар ҳастанд. Ба реҷаи хӯрокхӯрии худ диққат дода, аз истеъмоли ғизоҳои хамирӣ даст кашед.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз шумо ваъдаҳои додаатонро аз хотир бароварда метавонед, вале мо онҳоро хотиррасон мекунем. Кӯшиш намоед, ки худро аз одамон ва андешаҳое, ки боиси ба ташвишу изтироб афтодани шумо мешаванд, дур гиред. Ба вазъияти ногувор афтода метавонед. Ғайбатчиҳо ба даст меафтанд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Ба назаратон чунин менамояд, ки муваффақият наздик аст, аммо барои расидан ба қуллаи мурод ҳоло барвақт аст. Ба варзиши сабук машғул шавед ё дучархаронӣ кунед. Ҳадди ақал аз хона то ҷои кор ё аз ҷойи кор то хона пойи пиёда биравед. Сунбулаҳои ошиқро нокомӣ интизор аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои харидани мошин ё амволи ғайриманқул рӯзи бобарор аст. Асабҳоятон ором нигоҳ доред. Ин оромӣ сабаб мешавад, ки дар соҳаи хизматрасонии молиявӣ аз хатоҳо ҷилавгирӣ кунед. Гуфтушунидҳои кориро ба нақша гиред, онҳо бомуваффақият паси сар мешаванд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр ва бирёншуда худдорӣ намоед, вагарна ҳолатон бад мешавад. Дар ҷойи кор бо ҳамкоратон гапатон мегурезад, аммо аввалин шуда, узр пурседу оштӣ кунед, хуб мешавад. Ҳар қадаре дар назди худ вазифа гузоред, ҳамон қадар натиҷаҳои дилхоҳро ба даст меоред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз чизеро дар худ маҳдуд накунед, зеро хоҳишҳои шумо бо қобилиятатон мувофиқат мекунанд. Барои оғози тиҷорати хурд ва зиёдтар кардани нуқтаҳои фурӯш рӯзи неку бобарор аст. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат ба қалби худ такя кунед, дилатон ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз худро комилан озод ҳис мекунед. Барои харид, истироҳату фароғат ва рафтан ба кошонаи ҳусну сартарошхона айёми мусоид аст. Ҷаддиҳои ошиқ дили онеро, ки чанд вақт боз дӯсташ медоштанд, ба даст меоранд. Аз дӯсти наздикатон хабари хуш мешунавед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нисбат ба наздикони худ ғамхору меҳрубон бошед, вагарна онҳо сардии шуморо эҳсос карда, эҳтимоли ранҷиданашон вуҷуд дорад. Вақти бештарро ба оилаи худ, хусусан, ба фарзандонатон сарф кунед. Аз истеъмоли шароб худдорӣ намоед ва зиёдтар об нӯшед, то организматон тоза шавад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз барои ҳамагуна вазъияти ғайричашмдошт омода бошед. Агар хуб омодагӣ бинед, ҳодисаҳои нохушро пешгирӣ карда метавонед, вагарна... Корҳои бар дӯшатон бор бударо ҳарчӣ зудтар ба итмом расонед. Дар муносибат бо дӯстдоштаатон меҳрубонтар бошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД