arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 31-УМИ МАЙИ СОЛИ 2021
4114

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз саломатии худро эҳтиёт карданатон лозим аст. Нафароне, ки бемориҳои дил, нафастангӣ ва қанд гирифторанд, бемориҳояшон хуруҷ мекунанд. Ба ҳар коре, ки даст мезанед, аввал онро аз аввал то охир фикр карда, ба қарори дуруст оед. Сар-сарӣ кор карданро ба шумо тавсия намедиҳем.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз имкон доред, ки маблағи калон ба даст оред. Пас, тавсия медиҳем, ки ин имкониятро самаранок истифода баред. Барои тамошо ва васеъ кардани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва омӯхтани донишҳои нав рӯзи муосид аст. Хабари шунидаатонро овоза накунед, вагарна ба худатон зарар мерасонеду халос.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Ҳар як суханро сад бор андеша карда, баъд ба забон оред, то дӯсти худро душман накунед. Қисми зиёди балоҳое, ки ба сари шумо меоянд, маҳз аз пушти беандешагиатон аст. Ба корҳои ночизу назарногир аҳамият дода, асабҳои худро вайрон накунед. Рашки беҳуда боиси ранҷиши дӯстонатон мешавад.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз дар робита бо шиносҳои нав боэҳтиёт бошед. Дар ин рӯз бештар нафарони бадрафтору дағал ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, ки ба онҳо диққат надиҳед. Пеш аз он ки ба нафаре дарди дил мекунед, феълу рафтори ӯро омӯзед. Маблағи калонро ҳамроҳатон гирифта нагардед, гум карданатон мумкин аст.  

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз ба саратон мушкилиҳои молиявӣ бор мешаванд. Рӯҳафтода нашавед, ҳамааш бо хубӣ паси сар хоҳад шуд. Гузаштаи дурро фаромӯш кунед. Ба баҳсу мунозираи дигарон дахолат карда, вақти худро беҳуда талаф надиҳед. Оби хунук нанӯшед, зеро ба дарди дандон гирифтор шуданатон аз эҳтимол дур нест.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз корҳоятон барор мегиранд ва киссаҳоятон пури пул мешаванд. Дар ин бора ба касе лаб накушоед, зеро чашми одамизод сангро ҳам мекафонад. Сирри комёбии худро ба ҳар кас нагӯед. Вазъи саломатиатон хуб аст, шуморо ташвиш нахоҳад дод. Барои ёфтани дили ҳамсаратон ҳар кори лозимаро анҷом диҳед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз дар ҷои кор мехоҳанд, ки шуморо ба муноқишае ҳамроҳ кунанд. Ба иғвои ҳамкорон дода нашавед, зеро муноқиша ба шумо умуман рабт надорад. Агар мошини шахсӣ дошта бошед, имрӯз аз сафар ба ҷойҳои дур худдорӣ намоед. Барои шиносоиҳои нав ва муносибатҳои ошиқона рӯзи бобарор аст.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз асабҳои худро эҳтиёт кунед, вагарна бемор шуданатон мумкин аст. Бо роҳбарият баҳсу мунозира карда, муносибатҳои худро вайрон накунед, зеро ин барои пешрафти кори шумо халал мерасонад. Дӯстро аз душман фарқ карда, нисбат ба маслиҳатҳои дӯстдоштаатон бепарвоӣ накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Қавсҳои оиладорро зарур аст, ки дар муносибат бо нафарони бегона эҳтиёткор бошанд, зеро онҳоро хатари сар задани мушкилиҳо дар оила таҳдид мекунад. Барои гузаронидани чорабиниву маъракаҳо рӯзи хуб аст. Аз пайи ба даст овардани даромадаи иловагӣ шавед ва хароҷотатонро камтар кунед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аз субҳ муносибататон бо атрофиён хуб ҷараён мегирад. Нафаре, ки аз шумо қарздор буд, қарзашро бармегардонад, зеро аз боварии шумо баромадан намехоҳад. Худро тамоман хубу бардам ҳис мекунед. Тавсия медиҳем, ки бештар дар ҳавои тоза гашту гузор намоед. Агар аз шумо кӯмак пурсанд, ёрӣ расонед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз агар аз ӯҳдаи коре набаромадед, бори дигар кӯшиш кунед. Зеро агар муваффақ шавед, аз ин кор маблағи калон ба даст меоред. Дастгирии аҳли оила ва наздикон ба шумо болу пар мебахшад. Агар асабҳоятон хаста шуда бошад, ба сайру гашт ва тамошои ҷойҳои камодам бароед. Беҳуда рашк накунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз вазъи саломатиатон нохуб мешавад. Ба духтур муроҷиат кунед ва дар баробари ин, аз истеъмоли ғизоҳои тезу шӯр худдорӣ намоед. Дӯстдоштаатон ба шумо чизе гуфтан мехоҳад, ба ӯ имконият диҳед. Барои ба даст овардани маблағи зарурӣ кӯшиш бояд кард. Дар ҳалли мушкилиҳо бодиққат бошед.  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД