formula55
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3244

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ҳаёти оилавӣ ба эҳсосот дода нашуда, оқилона рафтор намоед. Аз шахси бароятон азиз туҳфаи гаронбаҳо мегиред. Барои ҳамалҳои оиладор лаҳзаҳои хотирмон фаро мерасад. Бештар ба варзиш машғул шавед. Ҳаёти ҳамалҳои муҷаррад баъди шиносоӣ бо нафаре комилан тағйир меёбад.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи олиҷанобест барои нафароне, ки нияти ба хонаи нав кӯчидан доранд ё онро таъмир кардан мехоҳанд. Дар оилаатон хурсандиву нишот ҳукмфармост. Дар оилаи баъзе саврҳо сафи фарзандон зиёд мешавад. Вохӯрии тақдирсоз имкон дорад. Дар ҷои кор шартномаи муфид баста, даромади пулӣ ба даст меоред.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз корҳоятонро дақиқ ба нақша гирифта, аз дастгирии дӯстон рӯ нагардонед. Дар ҷои коратон бо ҳамкорон якҷоя меҳнат карда, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардед, аз ин рӯ, дар танҳоӣ амал накунед. Барои мустаҳкам сохтани масунияти бадан шарбатҳои мевагиро бештар истеъмол намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз ба муноқишае кашида мешавед, ки зарараш дергоҳ шуморо ором намегузорад. Меҳнати шуморо қадр мекунанд, вале ба корҳое, ки боиси сар задани душвориҳо мегарданд, даст назанед. Саратонҳое, ки аз вазни зиёдатӣ азоб мекашанд, бояд парҳезро риоя намоянд. Дар муносибатҳои ошиқона ҷасур бошед.  

Асад (23 июл-22 август)

Бо нафаре, ки ба наздикӣ шинос шудаед, нақшаҳои хуб тартиб медиҳед. Аввал шиносатонро нағзакак омӯхта, баъдан ҳамкорӣ кунед. То даме ки корҳоятонро ба анҷом нарасонед, ба даромади калон умед набандед. Ба муноқишаҳое, ки дар ин рӯз сар мезананд, дахолат накунед, вагарна ҷанҷол калон мешавад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз аз шириниҳои зиндагӣ лаззат бурда, шоҳиди рӯйдодҳои фараҳбахш мегардед. Такягоҳи саховатмандеро пайдо мекунед, ки ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ шуморо таъмин месозад. Муноқишаи дар коргоҳатон сарзадаро бо ҳазлу шӯхӣ бартараф карда метавонед. Шом омадани дӯстатонро интизор шавед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи пур аз рӯйдод аст. Пешниҳодҳои корӣ ва даромади пулӣ имкон дорад. Дар оилаатон оромиву нишот ҳукмфармо гашта, танҳо бо суҳбатҳои беҳудаву шубҳаву гумон метавонед муносибати худро бо ҳамсафари ҳаётӣ вайрон созед. Ба умеди туҳфаи тақдир нашавед, беҳтараш худатон ба дигарон кӯмак кунед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ҳаёти шахсии ақрабҳо давраи ором фаро мерасад. Аз чунин ранг гирифтани вазъият шод гашта, аз пайи пайдо намудани кори иловагӣ мешавед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед ва саломатии худро эҳтиёт кунед. Барои он ки одати рӯирост гап заданатон боиси ҷанҷол нашавад, ба гуфтаҳои худ аҳамият диҳед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар вазъи молиявиатон субҳ беҳтар нагардад, мунтазири кӯмаки касе нашуда, аз пайи пайдо намудани манбаи нави даромад шавед. Рафтори шоистаи дӯстдоштаатон ҳам табъатонро болида месозаду ҳам дилпур мегардед. Аз он ки дӯстдоштаатон ба хотири шумо ҷонфидоӣ мекунад, ба ҳайрат меоед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар байни ҳамкорон ба рафтори дағалона роҳ надиҳед, вагарна обруву нуфӯз ва мавқеи худро, ки бо душвориҳои зиёд пайдо намудаед, аз даст медиҳед. Рӯзи бобарорест барои хариди калон, сафар ва робитаҳои тиҷоратӣ. Дар ҷодаи муҳаббат душворие дида намешавад, вале ҷаддиҳои серкор вақти ишқбозӣ надоранд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар муносибатҳои оилавиятон мушкилиҳо пеш меоянд. Аз нафарони оқил дастгириву маслиҳат пурсед. Бигзор наздикон дар ин ҳолат ба шумо кӯмак расонанд. Сайругашти бегоҳирӯзӣ рӯҳатонро болида мегардонад. Ба нафаре, ки имрӯз ба шумо изҳори муҳаббат мекунад, умуман бовар накунед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба ишқбозиҳои бемаънӣ роҳ надиҳед. Тамоми мушкилиҳоятон бо ҳамин сабаб пайдо мешаванд. Беҳтараш бо корҳои молиявӣ машғул шавед, хусусан, агар ба рухсатӣ баромаданӣ бошед. Бадгумонӣ хоси ҳутҳо нест, вале дар ин рӯз ба дилатон роҳ меёбад. Баъди нисфирӯзӣ каме худро нотоб ҳис мекунед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД