Arzon march 2024
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ МАРТИ СОЛИ 2021
3372

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз эҳтимоли гирифтани маош, баргардонидани қарз ё пешниҳоди нави корӣ вуҷуд дорад. Бонувон эҳсоси танҳоӣ мекунанд. Мушкилиҳои муваққатиро ба дил наздик қабул накунед, онҳо ба зудӣ ҳалли худро меёбанд. Нерӯи шумо кифоя аст, ки зиндагиро аз варақи тоза оғоз намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯзи бебарор аст, фиреб хӯрдану ба доми туҳмат афтиданатон имкон дорад. Аз садо баланд кардану дағалӣ худдорӣ намоед, вагарна нотоб мешавед. Тамоми сафарҳоро дар ин рӯз ба таъхир гузоред. Дар ҳаёти шахсӣ бо сабаби он ки дӯстдоштаатон нуқтаи назари шуморо қабул намекунад, нофаҳмӣ рух медиҳад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Табъатон зуд-зуд хира мегардад. Худро ба даст гирифта, ба эҳсосот дода нашавед. Инчунин, бо ҳамсояҳо ва наздикон муноқиша накунед. Маблағе, ки дар ин рӯз ба даст меоред, ба зудӣ сарф мешавад. Барои он ки асабхаробӣ боиси бемор шуданатон нагардад, шом нағзакак истироҳат кунед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Имкони амалӣ сохтани нақшаву ниятҳоятонро пайдо месозед. Дар ин рӯз барои ба даст овардани дили шумо дӯстдоштаатон кӯшиши зиёдеро бояд ба харҷ диҳад. Танҳо бо мушкилиҳои таъхирнопазири рӯзгор машғул шавед. Хобҳои дар ин шаб дидаатон амалӣ мешаванд. Вазъи саломатиатон мӯътадил аст.

Асад (23 июл-22 август)

Агар хоҳед, ки рӯзатон орому бе мушкилӣ гузарад, бо ҳар сабаби ночиз асабонӣ нашавед. Корҳои навро оғоз накунеду корҳои куҳнаро ба анҷом расонед. Аз вохӯрӣ, мулоқот ва сайругашт худдорӣ намоед. Шомро дар танҳоӣ гузаронед. Дар муносибатҳои ошиқона аз худ фаришта насозед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Муноқишае, ки дар ҷойи коратон сар мезанад, бо сабурӣ рафъ карда метавонед. Аз мағозаву бозоргардӣ худдорӣ намоед, вагарна пули зиёдеро беҳуда сарф мекунед. Баъди нисфирӯзӣ саратон ба дард омада, фишори хунатон баланд мешавад. Муносибатҳои ошиқонаатон хуб ҷараён дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Корҳоятонро ба таъхир гузошта, нағзакак истироҳат кунед. Кори вазнини ҷисмонӣ ба саломатиятон бетаъсир намемонад. Ҷароҳат ё бемории тасодуфӣ нақшаҳоятонро барбод медиҳанд. Шахси дӯстдоштаатон ба кӯмаки шумо ниёз пайдо мекунад. Ба ӯ кӯмак кунед, то мушкилиҳояшро бартараф созад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Мушкилиҳои нави молиявӣ пеш меоянд. Маблағеро, ки умедвор будед, ба даст намеоред. Аз ин рӯ, дар ҷое, ки сарфа кардани маблағ имконпазир бошад, пулро захира намоед. Эҳтимоли ғазаболуд гаштанатон вуҷуд дорад. Рафтори беандеша нисбати дӯстдоштаатон оқибати ногувор ба бор меорад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Мушкилиҳои шахсиро танҳо бо кӯмаки дӯстдоштаатон рафъ карда метавонед. Аз сарфи беҳудаи пул худдорӣ намоед, маблағи хуб ба даст оварданатон душвор аст. Сарфа карданро омӯзед. Фаромӯшхотирӣ ва фориғболӣ боиси ногувориҳо дар давоми рӯз мегардад. Оғози ягон кори навро маслиҳат намедиҳем.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нисбати шиносҳое, ки вақтҳои охир пайдо кардаед, бодиққат бошед. Робита бо онҳо боиси дилмондагӣ мегардад. Рӯзи хубест барои истироҳат дар гӯшаи табиат ва ҷамъоварии гиёҳҳои табобатӣ. Ба хӯрокҳои мехӯрдаатон диққати бештар диҳед. Харидҳои дар ин рӯз кардаатон бобарор мешаванд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Эҳтимол, хостаҳоятон амалӣ намешаванд ё баръакс коратон барор мегирад. Дар муносибатҳои ошиқона ба қаҳру ғазаб роҳ надиҳед. Гардиши ногаҳонии қисмат шуморо дар ҳоли ногувор мегузорад. Худро ба даст гирифта, ҳар як қадами худро санҷида гузоред.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Хабаре мешунавед, ки ба ҳаёти шахсиятон тағйирот ворид мекунад. Имкониятро аз даст надиҳед. Дар ҳаёти шахсӣ сари қарори муҳиме омаданатон лозим аст, ки дар он на танҳо дӯстдошта, балки дӯсти беҳтаринатон кӯмак мерасонад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон вуҷуд дорад, боэҳтиёт бошед.  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД