goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
1431

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз шумо эҳсоси муҳаббати ҳақиқиро дар дилатон ҳис мекунед, ин фурсатро аз даст надиҳед ва эҳсосоти худро ба шахси наздик ошкоро нишон диҳед. Аз ибрози ин ҳиссиёт натарсед, ҳатто агар он барои шумо каме мураккаб намояд. Ханда беҳтарин дору аст, якҷо филми хандаовар тамошо кунед ва вақтро хуш гузаронед. Масъалаҳои касбӣ дар ҷои аввал меистанд: ба роҳбарият муроҷиат кунед. Аз қарорҳои шитобкорона, махсусан дар масъалаҳои молиявӣ, худдорӣ намоед. Саломатӣ хуб аст, аммо эҳтимоли зуком вуҷуд дорад.

Савр (21 апрел-21 май)

Дар ҳаёти шахсӣ эҳтимол нофаҳмиҳо ба миён оянд, эҳтиёткор бошед, ки бо ранҷиш ё гумонҳои беасос муносибатҳоро вайрон накунед. Кӯшиши ҳамеша исбот кардани ҳаққонияти худ метавонад вазъиятро душвортар кунад. Ба масъалаҳои молиявӣ диққати ҷиддӣ диҳед. Бо кӯдакон бо оромӣ суҳбат кунед. Агар коратон ба молия вобаста бошад, пешниҳоди судманд гирифтанатон мумкин аст. Имрӯз хоҳиши худнамоӣ зуд мегузарад. Саломатӣ каме ноустувор аст, бинобар ин оромиро нигоҳ доред.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Пеш аз он ки шахси наздикро гунаҳкор кунед, аввал вазъиятро пурра фаҳмед, эҳтимол шумо маълумоти нодуруст гирифтаед. Рӯз барои баррасии масъалаҳои фарзандон хеле мувофиқ аст. Корҳои кӯҳна метавонанд натиҷаи хуб диҳанд, онҳоро аз нав арзёбӣ кунед. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед, зеро уҳдадориҳои ногаҳонӣ пайдо мешаванд. Имрӯз шумо дар миёни одамоне хоҳед буд, ки шуморо дӯст медоранд ва ин ба рӯҳияи шумо таъсири мусбат мерасонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Аз мулоқот даст накашед, он ба шумо шодии зиёд меорад. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии дарозмуддат ё муносибати ошиқона табдил ёбад. Ба меҳмонони ногаҳонӣ омода бошед ва фазои гармро нигоҳ доред. Муваффақият дар кор аз фаъолият ва ҷуръати шумо вобаста аст, масъулиятҳои навро қабул кунед. Аз қаллобон эҳтиёт шавед ва аз харидҳои бо тахфифи аз ҳад зиёд худдорӣ намоед. Ғизои солим ва хоби кофӣ саломатии шуморо беҳтар мекунад.

Асад (23 июл-23 август)

Тағйирот бештар ба ҳаёти шахсии шумо таъсир мерасонад. Шумо дарк мекунед, ки ба ҳар сухани ҳамсар аҳамияти зиёд додан лозим нест. Дар касбу кор имкони муваффақ шудан вуҷуд дорад, аммо аз худнамоӣ худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба маслиҳати наздикон гӯш диҳед. Саломатии хуб ба шумо имкон медиҳад, ки корҳои зиёдеро анҷом диҳед ва дигаронро низ рӯҳбаланд созед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Баъзе ҳолатҳои нохуш ё ҳасад метавонанд шуморо маҷбур кунанд, ки обрӯи худро ҳимоя намоед. Рӯз барои ибрози муҳаббат мусоид аст. Бо наздикон ихтилофҳои хурд имконпазиранд. Дар тарбияи кӯдакон сабру таҳаммул нишон диҳед. Масъалаҳои марбут ба ҳуҷҷатҳоро беҳтараш ба рӯзи дигар гузоред. Муоширати фаъол бо одамон имкони даромадро зиёд мекунад. Шумо нерӯи зиёд доред, онро ба варзиш ё фаъолиятҳои ҷисмонӣ равона кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳатто агар дар ҳаёти шахсӣ мушкилот пеш ояд, оромиро нигоҳ доред. Шумо ҳанӯз имкони фаҳмидани вазъиятро доред. Ихтилоф бо наздикон ё эрод аз роҳбарият имконпазир аст. Хирадмандӣ ва эҳтиёткорӣ ба шумо барои ҳал кардани мушкилот кeмак мекунанд. Рӯз барои омӯзиш ва таҳлил хеле мувофиқ аст. Қарорҳои муҳимро осонтар қабул мекунед. Аз амалҳои беандеша, махсусан дар масъалаҳои пулӣ, худдорӣ намоед. Ба ғизои солим афзалият диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Шахсони танҳо метавонанд шиносоии ошиқона пайдо кунанд. Аммо масъалаҳои рӯзгор метавонанд ба муносибатҳо халал расонанд. Дар кор мушкилот пеш меояд, вале оромиро нигоҳ доред. Хунсардӣ ба шумо кeмак мекунад, ки обрӯи худро нигоҳ доред. Харидҳои гарон накунед ва аз қарз худдорӣ намоед. Имрӯз хоҳиши тағйири тарзи зиндагӣ пайдо мешавад, онро истифода баред. Таҷрибаҳои нав рӯҳияро беҳтар мекунанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имкони саргузашти ошиқонаи ҷолиб вуҷуд дорад, онро аз даст надиҳед. Машғулиятҳои муштарак шуморо боз ҳам наздиктар мекунанд. Дар кор роҳбарият талаботи зиёд мегузорад, бинобар ин интизомро риоя кунед. Даромадҳо метавонанд зиёд шаванд, аммо назорати молиявиро фаромӯш накунед. Муошират бо дигарон ба ҳолати рӯҳии шумо таъсири хуб мерасонад ва дастгирии онҳо барои шумо муҳим мешавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба шахси дӯстдошта бештар диққат диҳед, вагарна муносибатҳо метавонанд сард шаванд. Хотираҳои хуши ошиқона ба шумо нерӯ мебахшанд. Барои ноил шудан ба муваффақият диққатро ба кор равона кунед. Ба ҳамкорон фишор наоред, зеро ин натиҷаи баръакс медиҳад. Қувваи шумо каме паст аст, бинобар ин худро эҳтиёт кунед. Машғулиятҳои оромкунанда, мисли мулоҳиза, ба барқарор шудани нерӯ мусоидат мекунанд.

Далв (21 январ-19 феврал)

Рӯзҳои гузашта душвор буданд, бинобар ин имрӯз аз амалҳои хавфнок худдорӣ намоед. Имкони амалӣ шудани орзуи дерина пайдо мешавад. Нақшаҳои ҷолиб зиёданд, вале на ҳамаи онҳо иҷро мешаванд. Омилҳои беруна метавонанд халал расонанд. Кӯшиш кунед маблағро сарфа кунед. Аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ба даст овардани пул дурӣ ҷӯед. То бегоҳ худро хаста эҳсос мекунед, аммо натиҷаҳо шуморо қаноатманд месозанд.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз шахси наздик ба кeмак ва дастгирии шумо ниёз дорад, ҳатто дар соҳае, ки барои шумо нав аст. Рӯз барои омӯзиш ва таҳқиқ хеле мусоид аст. Дар кор муваффақ мешавед, таҷрибаи худро бо дигарон мубодила кунед. Ба муошират бо ҳамкорон диққати бештар диҳед. Мушкилоти муваққатии молиявиро ҷиддӣ нагиред, вазъият ба зудӣ беҳтар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД