arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
2269

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз хеле эҳтиёткор буданатон лозим аст, зеро эҳтимоли аз даст додани ашёи қиматбаҳо вуҷуд дорад. Аз имрӯз сар карда, ҳар рӯз китоби бадеӣ хонед ва тафаккури худро рушд диҳед. Шумо бояд шахси оқилу бофарҳанг бошед ва бо ин роҳ дар оянда соҳиби пулу моли зиёд шуда метавонед.

Савр (21 апрел-20 май)

Саврҳоро лозим аст, ки имрӯз аз ҳад зиёд шитоб накунанд. Каме таваққуф карда, андеша кунед, ки ба куҷо равонаед. Ба корҳое, ки ба шумо лозим нестанд, машғул нашавед ва мушкилиҳоро оромона рафъ намоед. Бо дӯстдоштаатон якдигарфаҳмӣ мекунед ва миёни шумо муҳаббати самимӣ ҳукмфармо мегардад.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба ғалату камбудиҳо роҳ доданатон имкон дорад. Ба корҳои шубҳанок даст назанед ва бо роҳи макру ҳилла наравед. Аз пайи амалӣ кардани ҳадафҳоятон шавед ва кӯшиши аз нерӯи худ бештар кор карданро накунед. Фаромӯш насозед, ки имрӯз ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ имконпазир аст.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯз барои ошиқон бобарор аст, зеро ба осонӣ дил дода, ба чолокӣ дил ба даст меоред. Шумо нафари боэътимод ва боваринок ҳастед ва маҳз ҳамин хислати шумо таваҷҷӯҳи ҷинси муқобилро ҷалб месозад. Ғурур доштан хуб аст, аммо кӯшиш кунед, ки ба дигарон дағалиро раво набинед. Давоми рӯз аз дӯстатон қарз мегиред.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқонаи худ рангу нумӯи тоза илова кунед, зеро якрангӣ инсонро дилгир месозад. Ба он хотир дӯсти кам доред, ки шахси дарундор ҳастед ва бо ҳар кас рафиқ шуда наметавонед. Ҳарчанд дар маркази таваҷҷӯҳ будан ба шумо писанд нест, аммо имрӯз худро нишон диҳед.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар давоми рӯз нақшаҳои эҷодӣ ба некӣ анҷом меёбанд. Муваққатан аз даву този зиндагӣ бозистода, ба ҳолати рӯҳии худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Баро ҳар як туҳфаи неку бади тақдир шукргузор бошед ва ба қадри ҳар як лаҳзаи умр расиданро омӯзед. Вазъи саломатиатон аз худатон вобастагӣ дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Давоми рӯз тағйироти куллиро интизор бошед. Дар як ҷой наистода, барои рушд кардану пеш рафтан кӯшиш ба харҷ диҳед. Ояндаи хуб доред, ба шарте ки танбалӣ накарда, кор кунед. Вазъи саломатиатон бад мешавад, зеро бемориҳои кӯҳна дубора хуруҷ карда, ҳоли шуморо ба танг меоранд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз на танҳо дар ҳаёти шахсӣ, балки дар касбу коратон низ навгониҳоро интизор шуда метавонед. Ба кор дода шуда, аз ишқу муҳаббат ва дӯстдорӣ канорагирӣ накунед. Бояд ҳар кор вақту соати худро дошта бошад. Агар дилатон бештар кор кардан мехоҳад, пас ишқи худро баумед накунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар давоми рӯз сабру таҳаммулро пеша карданатон лозим аст. Самимию хоксор бошед ва барои ба даст овардани иззату икром кӯшиши беҳуда накунед. Бо кордониатон диққати атрофиёнро ҷалб карда метавонед. Қаҳру ғазабро як сӯ гузошта, аз нафарони ботаҷриба маслиҳат пурсед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои ошиқонаи худ диққати аввалиндараҷа диҳед. Самимӣ бошед, он гоҳ оилаи худро мустаҳкам сохта метавонед. Бо наздикони худ ҷангу ҷанҷол накунед, вагарна онҳоро хафа карда, бахшиш пурсиданатон лозим меояд.

Далв (21 январ-18 феврал)

Имрӯз ҳолати рӯҳиатон нохуб шуда, шуморо лозим меояд, ки ба назди равоншинос равед. Эҳтимол тарсҳои кӯҳна аз нав рӯ зада, шуморо азият медиҳанд. Агар ба назди табиб рафта натавонед, бо волидонатон ошкоро суҳбат намоед. Агар хоҳед, ки дучори иштибоҳу ғалат нашавед, ба гузаштаи худ такя карда, ибрат бигиред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз барои қабули ягон қарор талош накунед. Дар ҷои кор эҳтимол бо роҳбарият гапатон мегурезад. Нақшаву ниятҳои ҷадид боиси мушкилоту душвориҳо мешаванд. Дар ҳамагуна вазъият оромиро нигоҳ доред, ин ба фоидаи худи шумо хоҳад буд. Бо дӯстдоштаатон низ муросо карда наметавонед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД