arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 5-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021
2461

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз нафаре Шуморо кӯшиш мекунад, ранҷонад, аммо Шумо қавӣ бошед. Зеро қавӣ будани Шумо ба душманонатон намефорад. Кӯшиш кунед ба дӯстонатон зиёдтар занг занед. Ба ҳамалҳои муҷаррад ситораҳо тавсия медиҳанд, бо дӯстдоштаҳояшон зиёд арбада накунанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ба сари Шумо фикрҳои олиҷаноб меоянд. Аз рӯзи Душанбе пайи амалӣ карданашон бошед. Аҷибаш он аст, ки идеяҳо дар тобистон бояд амалӣ шаванд. Ҳатмӣ нест, ки тамоми ҳафта аз пайи амалӣ карданир онҳо бошед, оҳиста-оҳиста орзуҳоятонро амалӣ созед. Охири рӯз барои Шумо ғайриинтизор воқеае рух хоҳад дод.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Имрӯз Шумо ба кӯмакӣ пули ниёз доред. Аммо аз роҳбарият зиёд кардани маошро талаб кардан айни муддао нест. Ин метавонад боиси ранҷидани роҳбарият ва ҳатто пеш кардани Шумо аз кор шавад. Масъалаҳои пулиро имрӯз мустақилона ҳал кунед. Қарзҳои ҳафтаи гузашта гирифтаатонро баргардонед. Барои гирифтани қарз фикр накунед, хубтараш аз паи ҷустуҷӯи кори хуб бошед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз шиори зодагони мучали саратон:”Аз худат мондӣ, аз ҷаҳон мемонӣ”-хоҳад буд. Аммо ситорагон тавсия медиҳанд, ки аз кӯмаки дигарон худдорӣ накунед. Аз рӯи ин ақидаатон имрӯз бароятон вазнин хоҳад шуд. Нагузоред барои масъалаи кӯчак миёни Шумо ва дӯстонатон дилранҷонӣ шавад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз зодагони бурҷи шер ҳис мекунанд, ки қуввати ҳалли баъзе мушкилиҳоро надоранд. Хубаш барвақттар ба ин тайёрӣ бинед, вагарна тамоми рӯз хиҷолат кашида асабонӣ мешавед. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ба зодагони бурҷи асад, камтар дахолат карда шаванд, имрӯз онҳо тоби бардоштани суханҳои нохубро надоранд.

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз Шумо дар ҷустуҷӯи ҳақиқат хоҳед буд. ҳатмӣ нест, ки ба зиндагии бегона дахолат кунед. Дар муносибат бо хешовандон эҳтиёт кунед. Эҳтимол аст бо дӯсти аз ҳам наздикатон вохӯред. Ситораҳо тавсия медиҳанд, ки ба варзиш машғул бошед, махсусан дар рӯзҳои истироҳатӣ.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз қобилияти фикрии шумо аз дигар рӯзҳо фарқ мекунад. Ин ҳафта Шумо шоҳиди воқеаҳое шудед, ки ба тафаккури Шумо бетаъсир намонд. Дар назди дӯстон кам гап заданро тавсия медиҳем. Рӯзҳои истироҳатӣ ба серӣ хоб кунед, чунки ҳафтаи оянда корҳоятон ба маротиб зиёд шуда, даромади пулӣ дар назар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз ақраб роҳҳои нав барои ёфтани мушкилиро пайдо мекунад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки мушкилиҳо зодагони ин бурҷро пурқувват мекунанд. Ба нафарони оиладор тавсия дода мешавад, ки вақти бештарро бо оила гузаронанд. Тамошои зиёди телевизорро ситораҳо тавсия намедиҳанд.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз нафароне ки ба корҳои зодагони бурҷи қавс дахолат мекунанд, тавсия медиҳем аз ин кор худдорӣ кунанд. Чунки зодагони бурҷи қавс имрӯз ба истироҳат дода шуда, намехоҳанд истироҳаташон халалдор шавад. Ба зодагони ин бурҷ тавсия медиҳем баъзе корҳоро дар танҳоӣ ба сомон расонанд. Рӯзи Душанбе бо асаби ором ба кор меравед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз табъи зодагони бурҷи ҷаддӣ хеле болида мешавад. Нагузоред масъалаҳои кӯчак табъи Шуморо хира кунад. Аввал рӯз ба дӯстатон, ки зодрӯз дорад занг зада вақташро хуш кунед. Аввали ҳафтаи ояндабарои Шумо бобарор мешавад. Аз сарфаи беҳудаи пул худдорӣ кунед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба фикри одамони гирду атроф гӯш диҳед. Феъли якравиатон метавонад боиси ранҷиши дӯстон ва роҳбарият гардад. Ба ашхоси муҷаррад тавсия медиҳем, зудтар хонадор шаванд. Дар охири рӯз ба хона меҳмони олиқадр меояд. Тайёрии худро дида хубаш дар хона бимонед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯзҳо Ҳутҳо аз ҷанҷол кардан худдорӣ мекунанд. Сабабаш дар он аст, ки зодагони бурҷи ҳут ҳафтаи хуберо пушти сар карданд ва мехоҳанд истироҳати бофароғат ва ором дошта бошанд. Дар аввали рӯз зуд корҳоятонро ба сомон расонед, вагарна охири рӯз кори муҳими даромаднок шуморо интизор аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД