ТОЛЕЪНОМАИ 6-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
1443

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз барои корҳои оилавӣ рӯзи хуб аст. Шояд тамоми рӯз фурсат наёбед, аммо ҳатман бегоҳӣ каме тозакорӣ ё дигаргунии хурд кунед. Муошират бо наздикон муҳим мешавад. Ҳамроҳ чой нӯшида, лаҳзаҳои ширин мегузаронед. Дастархони пур низ фазоро хуштар мекунад. Эҳсоси гарми оилавӣ имрӯз шуморо ҳамроҳӣ мекунад.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз мушкилиҳои хурд шуморо каме ғамгин карда метавонанд, вале ҳар як мушкилро ба осонӣ ҳал мекунед. Барои расидан ба ҳадаф меҳнати ҷиддӣ талаб мешавад. Шиносоии нав ба зиндагиятон таъсири хуб мерасонад, одамони ношинос метавонанд шуморо дастгирӣ кунанд ва ҳатто дӯст шаванд. Хабари ногаҳонӣ табъи шуморо болида мекунад. Бо нақшаҳои худ устувор бошед ва баъзе корҳоро имрӯз анҷом диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои Ҷавзо рӯзи муваффақ меояд. Кори оғозкардаатон бо осонӣ пеш меравад ва рӯҳбаланд мешавед. Вале ба ваъдаҳои дигарон такя накунед, беҳтараш ба худ бовар кунед. Шумо дар гуфтор хеле боварибахш ҳастед ва метавонед ҳар нафарро ба фикри худ розӣ кунонед. Агар корҳои нотамом дошта бошед, имрӯз вақти хуб барои анҷом додани онҳо аст. Бо атрофиён ором муносибат кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол касеро бе мақсад ранҷонед, бинобар ин, ҳангоми гуфтор эҳтиёт кунед. Аз фикрҳои нохуш дур шавед ва худро ба чизҳои хуб машғул намоед. Дар кор худро ҳамчун шахси боэътимод нишон медиҳед. Роҳбарон ва ҳамкорон ба шумо бовар мекунанд. Шоми рӯз хабари хуш мегиред, ки табъатонро болида месозад. Барои саломатӣ истироҳати кӯтоҳ ва хоби барвақт фоида дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз барои ба нақша гирифтани корҳои нав мувофиқ аст, аммо нақшаҳоятонро ба касе нагӯед, ҳатто ба наздикон. Корҳоятон зиёд мешаванд, махсусан барои нафароне, ки мехоҳанд даромади бештар ба даст оранд. Ба ташвиши беҳуда роҳ надиҳед, чизҳои норӯшан худ ҳал мешаванд. Ба саломатӣ диққат диҳед ва худро аз хастагии зиёдатӣ эмин доред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз корҳои хона ва масъулиятҳои майда ба зиммаатон зиёд меафтанд, вале шумо ҳамаашро ба осонӣ иҷро мекунед. То бегоҳ нерӯи зиёд доред. Даъвати дӯстон ё ҳамкоронро қабул кунед, нишасти самимӣ табъатонро боло мебарад. Бо ҳамсаратон ё шахси дӯстдошта нақшаҳои худро дар миён гузоред, маслиҳати хуб мегиред. Шабро ором гузаронед, нағзакак истироҳат кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз барои муошират чандон осон нест. Бо баъзеҳо ҳаллу фасли масъалаҳо мушкил мешавад. Дар касбу кор шитоб накунед, зеро хатогиҳо имкон доранд. Ҳама чизро ду маротиба санҷед. Аз таҷрибаи пешина истифода баред, маҳз он ба шумо роҳи дурустро нишон медиҳад. Имрӯз сабр ва оромӣ муҳим аст. Шомгоҳон боиси оромиши рӯҳӣ мешавад. Аз баҳсҳои беҳуда канорагирӣ кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз имкони пайдо кардани дӯстон ё шиносони хуб вуҷуд дорад. Барои ин дар хона нанишинед, ба ҷойҳое равед, ки одамони ҳамфикр ҷамъ мешаванд. Корҳои ногаҳонӣ пайдо мешаванд, вале шумо аз уҳдаи ҳамааш хеле хуб мебароед. Нерӯятон кофист. Интуитсияи қавии шумо роҳи дурустро нишон медиҳад. Ба маслиҳатҳои бад эътибор надиҳед ва рӯзи худро бо нерӯи хуб анҷом диҳед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз метавонед ба наздикон такя кунед, онҳо бо сухан ва амал кумак мерасонанд. Баъзе корҳои хонагиро ба шахси дӯстдошта супоред, ӯ беҳтар иҷро мекунад. Шиносоиҳои нав, вохӯриҳои гуворо ва хабари хуш эҳтимол доранд. Корҳоро ба фардо нагузоред, онҳо ду баробар бештар мешаванд. Имрӯз вақти ҳал кардани масъалаҳои асосист. Шом бо оромӣ мегузарад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Рӯзи бобаракат доред, бисёр масъулиятҳо ба анҷом мерасанд ва аз худ розӣ мемонед. Пеши роҳатон имкони нави беҳтар сохтани зиндагӣ пайдо мешавад. Агар бо касе ранҷишу хафагӣ дошта бошед, имрӯз барои оштӣ шудан беҳтарин вақт аст. Аз ин худатон сабук мешавед. Вале ҳамеша ба фикри дигарон эҳтиром гузоред. Дар масъалаҳои молиявӣ низ имкониятҳои нав пайдо мешаванд.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз аз оғоз кардани корҳои калон худдорӣ намоед, онҳо мувофиқи нақша намераванд. Монеаҳое пайдо мешаванд, ки вақти шуморо мегиранд. Нерӯятон камтар аст, аз ин рӯ, танҳо ба корҳое машғул шавед, ки хуб аз уҳдааш баромада метавонед. Аз одамони манфӣ дурӣ ҷӯед, онҳо нерӯи шуморо кам мекунанд. Шомро ором гузаронед ва нағзакак истироҳат кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзро ба наздикон бахшед, ба ҳамсар, фарзандон, падару модар ё дӯстон. Оғоз кардани кори нав метавонад бо муваффақият анҷом ёбад. Ҳама коратон ба осонӣ пеш меравад. Вале ба ҳаёти шахсии дигарон дахолати зиёд накунед, саволҳои номуносиб ё кунҷковӣ нофаҳмӣ меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД