goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ МАЙИ СОЛИ 2026
1312

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз барор ба шумо рӯ меорад ва бисёр корҳоятон хуб пеш мераванд. Шумо ҷолиб ва ҷаззоб менамоед, вале талаботи зиёд метавонад муносибатҳоро каме душвор кунад. Кӯшиш кунед, ки ҳарфҳоро бодиққат интихоб намоед, то нофаҳмӣ пеш наояд. Дар кор фаъол бошед ва масъулиятро ба дӯш гиред. Вазъи пулӣ бад нест. Агар хаста шудед, ҳатман каме истироҳат кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз барои шиносоӣ ва эҳсосоти ошиқона рӯзи хуб аст. Шояд бо шахси ҷолиб вохӯред. Бо наздикон вақт гузарондан ба шумо рӯҳбаландӣ медиҳад. Хастагӣ метавонад каме халал расонад, бинобар ин худро аз ҳад зиёд маҷбур накунед. Вазъи пулӣ чандон хуб нест, эҳтимол ба қарз ниёз пайдо кунед. Ба саломатӣ диққат диҳед ва бештар истироҳат кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз дар муносибатҳо нофаҳмӣ пайдо шуда метавонад. Беҳтараш ором бошед ва аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Агар худро идора кунед, ҳама чиз ба хубӣ ҳал мешавад. Барои кор ва ҳуҷҷатгузорӣ рӯзи мувофиқ аст. Дар масъалаҳои пулӣ эҳтиёт кунед. Худро ба ҳаракат дароред ва аз ҳолати сустӣ берун шавед, фаъолият ба шумо фоида меорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар муҳаббат беҳтараш худатон қадами аввал гузоред. Ин рӯз барои муошират бо наздикон хеле хуб аст ва ба шумо хушҳолӣ мебахшад. Эҳтимол каме хароҷоти ногаҳонӣ шавад. Дар кор имконият пайдо мешавад, ки худро нишон диҳед. Ба маслиҳати дигарон гӯш диҳед. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва доруҳоро сари вақт истеъмол кунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз эҳсосотатон метавонад тез шавад, бинобар ин ба суханони худ диққат диҳед. Агар ба шарики худ гӯш диҳед, муносибатҳо беҳтар мешаванд. Як нақша метавонад бо сабаби пулӣ иҷро нашавад. Дар кор ба ҳисси худ бовар кунед. Эҳтимол касе аз пушти шумо ғайбат кунад. Ба саломатӣ диққат диҳед ва одатҳои нодурустро ислоҳ кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз муносибатҳоро метавонед гармтар ва ҷолибтар кунед. Каме меҳрубонӣ ва сухани хуб ҳама чизро беҳтар мекунад. Дар кор аз баҳсҳои зиёдатӣ худдорӣ намоед. Шиносоии нав метавонад ба дӯстии хуб табдил ёбад. Имкони кори фоидаовар низ ҳаст. Дар хӯрок мeътадил бошед ва худро аз ҳад зиёд маҳдуд накунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои истироҳат ё сафар рӯзи хуб аст. Муҳаббат ва дастгириро бештар нишон диҳед. Агар ба пул ниёз дошта бошед, аз наздикон кӯмак пурсед. Як хароҷоти калон метавонад шуморо каме нигарон кунад, вале боақлона амал кунед. Аз ҳад зиёд худро хаста накунед ва ба саломатӣ диққат диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз имкони беҳтар шудани муносибатҳо вуҷуд дорад. Агар танҳо бошед, шиносоии ҷолиб мумкин аст. Корҳои муҳимро беҳтараш ба рӯзи дигар гузаронед. Хароҷоти ногаҳонӣ метавонад пеш ояд. Барои оромӣ каме истироҳат кунед ё машқҳои сабук анҷом диҳед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, то худро беҳтар ҳис кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз сӯҳбати ором метавонад бисёр мушкилотро ҳал кунад. Ба фикри дигарон гӯш диҳед, вале худро пурра фаромӯш накунед. Кори имрӯзатон ба оянда таъсир мерасонад. Агар пул дошта бошед, дар бораи сармоягузорӣ фикр кунед. Гаштугузор ва ҳавои тоза рӯҳияатонро беҳтар мекунад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз шояд ҳама нақшаҳо иҷро нашаванд, бинобар ин шитоб накунед. Ба наздикон меҳрубонӣ нишон диҳед. Рӯзи бад нест, вале хароҷоти зиёдатиро кам кунед. Эҳтимол рӯҳия каме тағйир ёбад ё бо касе нофаҳмӣ шавад. Бо сабр ва оромӣ ҳама чизро метавонед ҳал кунед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз эҳтимол як вохӯрии муҳим рух диҳад, махсусан агар аз хона дур бошед. Дар муносибатҳо ростқавл бошед. Рӯз барои кор хуб аст ва шумо метавонед бисёр корҳоро анҷом диҳед. Кӯшиш кунед байни хоҳиш ва имкониятҳои пулӣ тавозун нигоҳ доред. Ба саломатӣ диққат диҳед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз дар муҳаббат ҳама чиз ором ва хуб мегузарад. Шарик метавонад шуморо хурсанд кунад. Қарорҳои муҳимро худатон қабул кунед, вале маслиҳати наздиконро низ гӯш кунед. Вохӯрӣ бо дӯстону наздикон рӯҳия мебахшад. Дар касбу кор эҳтиёткор бошед, то мушкил пеш наояд. Ба ғизо диққат диҳед, то худро хуб ҳис кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД