arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 7-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
2343

Ҳамал

 

Рӯзи каме серташвиш аст. Зимни муносибат бо шахси дӯстдоштаатон ягон тағйироти манфӣ дида намешавад. Дар масъалаҳои молиявӣ аз хароҷоти калон худдорӣ намоед. Мушкилоти хурди рӯзгор ба касбу коратон таъсири худро мерасонад. Аз қасаму гуфтугузори нодаркор худдорӣ намоед.

 

 

 

Савр

 

Аввали рӯз худро хаставу бемадор эҳсос карданатон имкон дорад. Нафарони муҷаррад имкони пайдо намудани бахти худро доранд. Аз гирифтани қарзи калон худдорӣ намоед. Бо гирифтани маоши кам вазъи молиявиатон душвор мегардад. Барои баромадан аз ҳолати ногувор аз пайи пайдо намудани сарчашмаи нави даромад шавед.

 

 

 

Ҷавзо

 

Рӯзи пур аз ҳодисаву ташвиш аст. Барои он ки баъдан дар назди атрофиён худро сафед карданатон лозим наояд, ба рафтору гуфтори ноҷо роҳ надиҳед. Танҳо бо ҳамин роҳ аз муноқиша халосӣ ёфта, обрӯятонро ҳифз мекунед. Айни замон истироҳат кардан ба фоидаи шумост.

 

 

 

Саратон

 

Зуд-зуд ивазшавии нақшаву табъи шумо монеи ҳамдигарфаҳмиятон бо атрофиён мегардад. Барои нафарони оиладор дар ин рӯзҳо ҳамсару фарзандон ташвиши зиёд меоранд. Хислати зотии шумо чунин аст, ки тамоми ҳаёти худро ба шахси дӯстдоштаатон бахшида, барои хурсандии ӯ ҷонатонро фидо мекунед. Баъзан ин коратон бар зарари худатон аст.

 

 

 

Асад

 

Аввали рӯз каме дарди сар азиятатон медиҳад. Нофаҳмиҳои сарзадаро бо роҳи ба мусолиҳа омадан рафъ намоед. Вохӯрӣ бо дӯстону шиносҳо ва сафарҳои гуногун муфид анҷом меёбанд. Рӯзи хубест барои муҳаббат ва вохӯриҳои ошиқона. Эҳтимоли ошиқ шудан ё барқарор сохтани муносибатҳои кандашудаи ошиқона вуҷуд дорад.

 

 

 

Сунбула

 

Дар ин рӯз хеле боэҳтиёт бошед, то ки ҷароҳат набардореду лат нахӯред. Ҳамзамон аз нӯшидани машрубот, дорувориҳо ва муносибати маҳрамона худдорӣ намоед. Вазъият дар ҷойи кор душвор мегардад, аз ин рӯ, гузашт кунеду мулоҳизакор бошед. Бо вуҷуди ноҳақ будани яке аз ҳамкорон худро ба даст гиред.

 

 

 

Мизон

 

Ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем. Хатари ба садамаи автомобилӣ афтидан ё баланд сохтани суръати мошин дар назар аст. Барои сафару саёҳат рӯзи дигарро интихоб намоед. Аз шиносоиҳои нав худдорӣ намоед. Дучори дудилагиву шубҳа гаштанатон имконпазир аст.

 

 

 

Ақраб

 

Агар бо нафаре қаҳрӣ ё ногап бошед, рӯзи хубест барои оштишавӣ ва нақшаи рӯзи дигарро кашиданатон. Наздиконро барои иҷрои коре маҷбур насозед. Беҳтараш гузашт кунед. Саломатии худро назорат намоед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида мегардонад, дарду ғами худро фаромӯш мекунед.

 

 

 

Қавс

 

Аввали рӯз серташвиш буда, каме хотиратонро парешон месозад. Дар касбу коратон пешниҳодҳои ҷолиб пеш меоянд. Сабукфикрӣ ё баръакс кордонӣ боиси нофаҳмӣ бо атрофиён мегардад. Аз муноқиша бо шахси дӯстдоштаатон худдорӣ намоед, бо хурдагириҳои худ ҷони ӯро ба лабаш наоред. Баъди нисфирӯзӣ истироҳат намоед.

 

 

 

Ҷаддӣ

 

Дар ин рӯз хеле сабур буданатон лозим аст. Ба баҳсу мунозира ва муноқиша бо ҳамкорон, наздикон ва атрофиён роҳ надиҳед. Агар худро ба даст гирифта тавонед, корҳоятон хуб анҷом меёбанд. Дар акси ҳол муноқиша тӯл мекашад. Мулоқоти ошиқона бобарор анҷом меёбад.

 

 

 

 Далв

 

Дар ин рӯз эҳтимоли он ки нафарони муҷаррад бахти худро пайдо месозанд, хеле зиёд аст. Қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем, вагарна дучори мушкилоти пулӣ мегардед. Мардони оиладор бо сабаби камбудиҳои молиявӣ ва рӯзгор  дучори муноқиша мегарданд. Агар шумо сафи фарзандонро зиёд кардан хоҳед, сарчашмаҳои нави даромади пулиро ҷӯё шавед.

 

 

 

Ҳут

 

Бо шахси дӯстдоштаи худ ё аъзоёни калонсоли хонавода каме муноқиша карданатон имкон дорад. Ин нофаҳмӣ бо сабаби он сар мезанад, ки шумо якдигарро шунидан намехоҳед. Барои оштӣ шуданатон шумо бояд қадами нахустин гузоред. Аз гуфтани сухани хуб, туҳфа ва меҳрубонӣ зихнагӣ накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД