sebiston july new
ТОЛЕЪНОМАИ 8-УМИ НОЯБРИ СОЛИ 2020
2434

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Рӯзи бе ташвиш аст. Аз хароҷоти беҳуда ва харидани чизҳои нодаркор худдорӣ намоед. Нимаи дуюми рӯз аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед. Аз ҳад зиёд нисбати саломатӣ таваҷҷуҳ намуда, воҳима накунед. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона аз дағалӣ худдорӣ намоед.  

Савр (21 апрел-20 май)

Ба касе имкон надиҳед, ки шуморо фиреб кунад. Нафарони зиёде аз зудбоварии шумо истифода бурдан мехоҳанд. Дар истеъмоли хӯрок ва муносибатҳои маҳрамона андозаро нигоҳ доред, вагарна худро бад ҳис мекунед. Бо ҳамкорон созиш карда наметавонед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Хоҳишу дархостҳоятон дар ин рӯз амалинашавандаанд, вале аз роҳ гаштан намехоҳед. Дар ин рӯз ҳама гуна оббозӣ дар ҳаммоми гарм ва саршӯӣ ба саломатиатон фоида дорад. Дар дунё кори осон нест. Аз мақсаду ниятҳои нафароне, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, бо амри дил хабардор гашта метавонед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Бо мушкили дигарон андармон шуда, вақти зиёдатонро сарф мекунеду корҳои худатон нотамом мемонанд. Хастагӣ боиси бемориҳо мегардад. Эҳтимоли шамол хӯрдану сар задани бемориҳои сироятӣ зиёд аст. Бо корҳои вазнини ҷисмонӣ машғул нашавед. Дар зиндагии оилавии худ дигаргунӣ ворид намоед.

Асад (23 июл-22 август)

Дахолати фаъолонаи атрофиён ба зиндагиятон шуморо асабӣ мегардонад. Эҳтимоли бо бонувон муноқиша карданатон вуҷуд дорад. Бо масъалаҳои молиявӣ машғул шуданро тавсия намедиҳем. Дар ин рӯз аз саломатиятон дар ташвиш набошед, вале ба асабоният роҳ надиҳед. Хушбахтии оилавиро барқарор созед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз мушкилиҳои молиявиро рафъ карда метавонед. Шумо пулро беҳуда сарф намекунед, балки хароҷоти худро ба нақша гирифта метавонед. Мулоқоти ошиқона хуш мегузарад, ба сафарҳо беҳтараш бо шахси дӯстдошта равед. Вазъи саломатӣ дар ин рӯз ташвиш намедиҳад, нерӯятон зиёду бардам мегардед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ягон ҳодисаи муҳим рух намедиҳад. Орзуву ниятҳоятон амалӣ нашуда, табъатон хира мегардад, вале дастгирии наздикон шуморо аз ин варта берун месозад. Аз харидҳои ғайринақшавӣ худдорӣ намоед: имрӯз шумо пулро беҳуда сарф мекунед. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон дар назар аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз ба андешаи касе созиш накарда, дар натиҷа ба ғалат роҳ доданатон имконпазир аст. Масъалаҳои молиявӣ роҳи ҳалли худро меёбанд. Барои беҳтар сохтани саломатӣ як даври табобати витаминҳоро гирифта, шумо қувваи худро дучанд мегардонед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйирот дида намешавад.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз бо рақибони пурзӯру тавоно ва ҳиллагар сару кор гирифтанатон лозим меояд. Дар ҳаёти шахсӣ бурдборӣ насибатон мегардад. Барои шиносоиҳои нав, изҳори муҳаббат ва мулоқоти ошиқона рӯзи олиҷаноб аст. Саломатиятон хеле хуб аст, худро хуб ҳис мекунед. Дар муносибатҳои ошиқона самимиву росткор бошед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Нимаи аввали ҳафта бо нафаре муноқиша мекунед, ки бурдбориву пешравиҳоятон аз ӯ вобастагии калон дорад. Таваккал кардану ба толеъ умед бастанатон лозим нест. Аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Бештар дар ҳаракат бошед, машқи бадан кунед. Мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозаду мушкилиҳо фаромӯш мегарданд.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Ба наздикони худ фишор оварда, онҳоро ба амалҳое водор месозед, ки айни замон омода нестанд. Эҳтимол, бо сабаби норасоии пул муноқиша мекунед. одатҳои бади худ худдорӣ намоед. Барои ба тартиб овардани фикру андешаҳои худ муваққатан аз дӯстдоштаатон дурӣ ҷустанатон лозим аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи душвор аст. Муноқишае рух медиҳад, ки шумо ба он робитае надоред, вале зарар мебинед. Дар масъалаҳои молиявӣ кӯшиш намоед, ки аз роҳу усулҳои шубҳанок истифода набаред. Бо атрофиён зуд-зуд муноқиша мекунед. Агар шумо рӯзи дароз менишаста бошед, кӯшиш кунед, ки об кам нӯшед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД