Муш
1924, 1936, 1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008, 2020
Зодагони соли муш бояд донанд, ки дар соли Асп вазъият зуд-зуд тағйир меёбад. Барои он, ки калиди бахту барорро аз даст надиҳед, бояд фавран иваз намудани нақшаҳоятонро ёд гиреду барои амалӣ намудани ҳадафҳоятон пулро дареғ надоред. Барои мушҳо ин амал хеле душвор аст, зеро табиатан танҳо ҷамъ кардани пулро дўст медоранд. Мушҳои зихнаро нохушию бебахтиҳо интизор аст. Мушҳо набояд дар ин сол ягон амали ноҷо кунанд ё қадами бефикр гузоранд, чунки Асп баъзе нохушиҳоро аз қабили садама ва нобоварӣ нисбати дўстону наздикон ба гарданашон бор карданист. Дар ҷодаи меҳру муҳаббат оромӣ ҳукмфармост. Аз паси ишқ надавед, вагарна аз шумо рўй мегардонад.
Бақар
1925, 1937, 1949, 1961, 1973, 1985, 1997, 2009, 2021
Зодагони соли бақар ҳамеша дар такопӯянд, қувваашонро ба назар нагирифта, тамоми корҳоро ба гардани худ бор мекунанд ва ин серташвишӣ ба саломатиашон зарари калон мерасонад. Серкории зиёд боиси руҳафтодагӣ мегардад. Бақарҳо бояд аввал ҷояшонро нағзакак дида, баъд пояшонро гузоранд, вагарна танқисӣ дар молу пул ва ишқи бебарор онҳоро домангир мешавад. Нобарорӣ дар кор низ дида мешавад. Ба ҳар ҳол рӯҳафтода нашавед, нобарориҳо нимаи дуюми сол бартараф хоҳанд шуд. Даромади пулӣ охири сол шуморо хурсанд мекунад ва дари имкониятҳои калонро ба рўятон боз месозад.
Паланг
1926, 1938, 1950, 1962, 1974, 1986, 1998, 2010, 2022
Тамоми дигаргуниҳое, ки имсол дар зиндагии палангҳо рӯй медиҳанд, бахтоваранду кордашон то охири сол болои равған мешавад. Зодагони соли паланг дар соли асп аз хатар ва бадбахтиҳо эминанд. Палангҳои корчалон ҳатто як лаҳза ҳам истироҳат накарда, пули калон ва обрўи зиёдро соҳиб мешаванд. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, метавонанд бепарвоёна таваккал кунанд. Махсусан нимаи дуюми сол бахти палангҳо механдад ва пул ё вазифаҳои калон насибашон мегардад. Дар сарф намудани пул палангҳо бояд эҳтиёткор бошанд.
Харгўш
1927, 1939, 1951, 1963, 1975, 1987, 1999, 2011, 2023
Имсол барои харгўшҳо соли хуб аст, дари бахту саодат ба рўяшон кушода мешавад. Вохўрӣ бо шахсони маъруф дар пеш аст, ки барои шумо манфиати калон меорад. Барои харгўшҳои эҷодкор соли асп хеле бобарор мешавад. Сафарҳои пай дар пайи хотирмон дар назар аст. Аввали сол эҳтиёткор бошед ва ба одамони ношинос дилатонро накушоед. Сиратонро фош насозед, вагарна камбудиатонро бар зарари шумо истифода мекунаду дар назди дигарон шармандаю забонкўтоҳатон месозанд. Бо пайдо намудани дўстони нав ҳаётатон дигаргун хоҳад шуд. Пули калоне, ки охири сол ба даст меоред, барои тиҷорат оғоз намудан имкон медиҳад ва манбаи даромадатонро васеъ месозад.
Наҳанг
1928, 1940, 1952, 1964, 1976, 1988, 2000, 2012, 2024
Соли асп барои зодагони мучали наҳанг сюрпризҳои аҷиб ва дар баробари ин баъзе нохушиҳо низ дорад. Наҳангҳо ҳамеша нақшаҳои фантастикӣ месозанд, имсол метавонед далерона ба ҳар коре, ки дилатон мехоҳад, даст занед. Дар соли асп ҳаёти шахсиятонро зери назорат бигиред, зеро агар дар гуфтору рафтор эҳтиёткор набошед, ҷоми бахтатонро бо дасти худ мешиканед. Даромади пулиятон имсол мўътадил аст. Поятонро болои по гузошта, пули калонро интизор нашавед, барои нони равғанин хўрдан дасту остин барзада, аз пайи меҳнат шудан лозим аст.
Мор
1929, 1941, 1953, 1965, 1977, 1989, 2001, 2013, 2025
Агар дар соли асп зодагони соли мор аз сидқи дил чизеро ба даст овардан хоҳанду амал кунанд, тамоми орзуҳояшон ҷомаи амал мепўшад. Маблағҳои ба дастовардаро беҳуда харҷ накарда, барои харидани хона ва ё мошин сарфа кунед. Нимаи аввали сол баъзе морҳо вазифаи калон мегиранд. Серташвишӣ метавонад ба асаб ва саломатиятон зарар расонад, бинобар ин, фикри зиёд накунед. Мушкилиҳо худ аз худ ҳал мешавнд. Морҳо нақшаҳояшонро ҳамеша пинҳонӣ мекашад, вале имсол бояд пинҳонкориро дар соли куҳан монанд, то нақшаҳояшон бо мадади дўстону пайвандон амалӣ гарданд.
Асп
1930, 1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014, 2026
Имсол барои аспҳо, ки ҳокими соланд, соли хушбахтиҳо ва сарсабзиҳост. Аспҳоро болоравии вазифа дар назар аст ва инчунин ошиқ шуданашон эҳтимолият дорад. Аспҳо ҳамеша дар ҳаракатанд, аз ин рў, пули калон ба даст меоранду зиндагиашон бобаракат мешавад. Дар муносибат бо дўстон эҳтиёткор бошеду дилранҷониро бас кунед, вагарна танҳо мемонед. Нимаи дуюми сол бемор шуданатон дар назар аст ва агар ҷиддӣ аз пайи табобат нашавед, дардатон кўҳна шуда, зарурати ҷарроҳӣ кардан пеш меояд. Бархе аз зодагони Аспро имсол ба ҷойи кори нав гузаштан дар назар аст. Шиносоии нав метавонад дари бахтро ба рўятон кушояд.
Гўсфанд
1931, 1943, 1955, 1967, 1979, 1991, 2003, 2015, 2027
Ин сол барои гўсфандҳо соли оромиш мешавад. Ягон мушкилии ҷиддӣ дар назар нест. Соли асп навгониҳои аҷоибро ба зиндагиатон ворид мекунад, ба шарте, ки дар муошират бо атрофиён эҳтиёткор бошед. Мушкилиҳое, ки соли гузашта гўсфандҳоро азият медоданд, дар соли нав ному нишонашон намемонад. Дар касбу кор шуморо пешравиҳо дар назар аст. Пас аз гирифтани вазифаи нав зиндагиятон ба тамом тағйир меёбад, вале ҳушёр бошед, зеро душманонатон аз рашку ҳасуд бароятон чоҳ кофта мегарданд. Ҳолати молиявиятон хеле хуб мешавад. Харидҳои калон карда метавонад, агар қарзи бефоиз гиреду баъдан тўли сол баргардонед.
Ҳамдуна
1932, 1944, 1956, 1968, 1980, 1992, 2004, 2016, 2028
Соли Асп барои ҳамдунаҳо соли хуб ба ҳисоб меравад, гарчанде ғаму дарди соли қаблӣ онҳоро ором намегузорад. Имсол пайдо намудани кори сердаромад насибатон хоҳад шуд, ба шарте дар як ҷой нанишаста, аз пайи ҷустуҷўйи кор шавед. Дар соли асп Ҳамдунаҳо бояд ҷиддӣ бошанду феълу рафторашонро тағйир диҳанд, вагарна бесару сомонӣ шуморо ба гирдоби ғурбат мекашад. Масъалаҳои оилавӣ ҳамдунаҳоро ташвиш нахоҳанд дод. Ҷангу ҷанҷолҳои кўчаки хонаводагӣ ба зудӣ паси сар мешаванд ва ба зиндагии тинҷу ороматон рашки ҳамсояҳо меояд. Кўшед қасри бахтатонро бо меҳру муҳаббату садоқат боз ҳам зеботар ороед.
Мурғ
1933, 1945, 1957, 1969, 1981, 1993, 2005, 2017, 2029
Барои мурғҳо соли асп соли санҷишҳо аст. Аз тақдир умед нокарда, ҳамеша бо кўшишу ғайрат ба пеш ҳаракат кунед, зеро як қатор мушкилиҳое пеш меояд, ки дар ҳаллаш ягон нафар кўмакатон намекунад. Дар ҷойи кор ҷиддӣ бошед, зеро дар коргоҳатон вазъият бар зарари шумо тоб мехўрад. Соли асп ба мурғҳо барор намеорад. Ҳар нақшае, ки мекашед, барбод меравад. Озурда нашавед, дер ё зуд мурғи бахт ба китфи шумо низ мешинад. Ситораҳо маслиҳат медиҳанд, ки феъли гаправиро партоеду вазъиятро бо чашми ақл дида, баъд амал намоед. Ошиқ шудан мурғҳои муҷаррадро сарсону саргардон мекунад, вале охири сол муҳаббат ба издивоҷ мерасонаду ташвишҳо фаромўш мешаванд.
Саг
1934, 1946, 1958, 1970, 1982, 1994, 2006, 2018, 2030
Имсол ба даст овардани даромади калон ва гирифтани вазифае, ки кайҳо орзуяш мекардед дар назар аст. Бо ҳамкоронатон меҳрубон ва хоксор бошед, вагарна душманонатон барои шуморо аз вазифа бардоштан тамоми кори аз дасташон меомадаро мекунанд. Нимаи дуюми сол харидани хонаи шахсӣ ба баъзе зодагони соли саг муяссар мегардад. Ҳама аз саг кўмак мехоҳанд, чизеро умедвор мешаванд, мутаассифона на ҳама умедҳоро сабзу амалӣ гардонида метавонад. Дасти мадад дароз накарданатон ба баъзе одамон шуморо дучори имтиҳонҳои зиёд месозад. Озурда нашавед, одамшиносиро меомўзед. Ягона чизе, ки шуморо имсол каме ташвиш медиҳад, саломатист. Зарур ояд аз ташхиси духтур пурра гузаред, то дилатон ором шавад.
Хубон
1935, 1947, 1959, 1971, 1983, 1995, 2007, 2019, 2031
Аввали сол намояндагони соли хубонро дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ тағйироти куллӣ нигарон аст. Аз инсони меҳрубон ба якборагӣ ба шахси ҷиддӣ мубаддал мегарданд. Маҳз дар соли нав хубон лоиҳаҳои дарозмуддатро оғоз менамояд. Соли гузашта мақсади озодонаву осудаҳолона зистанро доштанд, дар соли асп ин орзўяшонро пурра амалӣ месозанд. Аксари зодагони Хубон аз мушкиле, ки сади роҳашон буд, халос мешаванд. Даромади калон нимаи дуюми сол шуморо шод мекунад, вале дар сарф карданаш хеле боэтиёт бошед. Қарз доданро аз хаёлатон дур кунед, фиреб хўрданатон аз имкон дур нест. Дар чодаи ишқ шуморо каме дилозурдагӣ ва ҳатто ҷудоӣ дар назар аст.