orienbank akciya
Торти «Баунти»
1693


                  Маҳсулоти лозима:

Хокаи какос – 300 грам

Какао – 10 грам
Мағзи донагӣ (кешю) – 125 грам
Асал – 65 грам
Ширқиём – 150 грам
Ванелин -10 грам
Қаймоқ – 150 грам
Хокаи шакар – 35 грам
Шир – 400 грам
Шоколади сиёҳ – 60 грам
Шоколади “Баунти” – 2 дона

Тарзи таҳия:

Какос, мағз (кешю) ва какаоро 5 дақиқа дар блендер хуб омеха кунед, баъд ба зарф гирифта,ба дарунаш ширқиём ва асал резеду бо дастатон омехта кунед, то ки сахт шавад. Онро ба қолаби махсуси тортпазӣ гирифта, 30 дақиқа дар яхдон нигоҳ доред.

Дар зарфи дигар барои малҳами дарунаш какос ва ширро омехта намуда, тахминан 25-30 дақиқа дар оташи миёна ҷӯшонед, сипас малҳамро дар блендер гирифта, қаймоқ ва хокаи шакар илова карда, лат занед ва дар қолаб гиред.

Шоколади сиёҳ ва какосро дар дегчаи дигар дар оташи миёна гарм кунед ва глазурро ба болояш резед.
Тортро ҳамвор кунед ва дар яхдон 15 дақиқа гузоред. Болояшро бо хокаи какос ва шоколади “Баунти” (Bounty) оро диҳед. Ин торт хеле болаззат ва рӯҳафзо буда дастархони шуморо зебо месозад. Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД