Oila Navruz
Торти шоколадӣ
973

Маҳсулоти лозима:
4 тухм, 225 г равғани маска, 1 стакон шакар, як халтача какао, 1, 75 стакон орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда, 1 қошуқча ванилин.
Барои ороиш: 0, 5 ст какао, 1 стакон хокаи шакар, 4 қошуқ равғани маска, 3-4 қошуқ шир.
Тарзи таҳия:
Тафдонро бо ҳарорати 180 дараҷа тасфонед. Ба ду қолаби тортпазӣ равған молида, коғази пергамент тунук кунед. Дар зарфе орду какаоро омехта, ба он тухму шакар, равғани маска ва ванилин илова карда, бо миксер лат занеду 2 қошуқ оби ҷӯш илова кунед. Агар хамир тунук набошад, боз 2 қошуқи дигар оби ҷӯш илова кунед. Хамирро ба ду тоба тақсим карда, муддати 40 дақиқа пазед. Какао ва шакари кӯфтаро бо равғани маска ва шир бо миксер лат занед. Малҳамро ба кулчаҳои хунукшуда молида, тортро оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД