arzon replenishment
Торти Вупи Пай барои 8 март
1012

                           Маҳсулоти лозима:

Тухм – 4 дона

Асал – 100 грам

Шакар- 80 грам

Орд – 300 грам

Маска – 150 грам

Сода ва намак – ним қошуқча

                        Барои ороиш:

Қаймоқ – 300 грам

Панири дилмашуда – 400 грам

Хокаи шакар – 50 грам

Ванелин – 10 грам

                         Тарзи таҳия

Ҳамаи маҳсулотро омода мекунем. Аввал дар зарфе маска, шакар, асал ва каме намак андохта, дар оташи миёна кофта истода, хуб омехта мекунем, каме сода илова кард,а кофтанро идома медиҳем. Сурхча, ки шуд, зарфро аз рӯйи оташ мегирем ва ба зарфи дигар мерезем.

Тухмҳоро дона –дона илова карда, бо миксери дастӣ лат мезанем, сипас, ордро илова мекунем ва лат заданро идома медиҳем.

Болои хамирро бо қоғази пергамент пӯшонда, каме дам медиҳем ва то он вақт аз картон ё қоғаз рақами 8-ро бурида тайёр мекунем. Баъдан хамирро ба 2 ё 3 қисм тақсим мекунем.

Дар қолаб равғани растанӣ рехта қоғази пергамент тунук мекунем ва хамирро тунук карда, рақами 8-и тайёркардаамонро аз болояш гузошта хамирро мебурем.

Боқимондаҳои хамирро мегирем ва бо чангак болои хамирро гирдо ба гирд зер мекунем, баъд дар тафдон мегузорем.

Барои ороиш қаймоқ ва хокаи шакарро то дам карданаш бо миксер лат мезанем, баъд панири дилмашуда илова карда, боз лат мезанем, сипас, ванелинро якҷоя мекунем ва боз ками дигар лат мезанем. Малҳамро дар қолаби махсуси малҳамкунӣ мегирем.

Хамири торт, ки пухт аз тафдон мегирем ва малҳам мемолем. Болояшро мувофиқи табъи худ бо шоколад ва ҳар гуна меваҳо оро додан мумкин аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД