Muhojirati behatar
Тоторҳо тоҷикӣ мехонанд?
206

Фарзандони тоҷикони муқими Тотористон ба омӯзиши алифбои забони тоҷик шурӯъ карданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷамъиятии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тотористон. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.

“Дарси забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Қазон роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафаш ҳифз ва тарғиби забони модарӣ мебошад”, - навиштаанд манбаъҳо.

Ба зикри хабаргузориҳо, нахустин дарси забони тоҷикӣ, дар “Хонаи дӯстии халқҳо” бо ибтикори Ташкилоти “Ҷамъияти тоҷикони Тотористон” доир гардидааст. “Хонандагони мактаби якшанбегӣ фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон мебошанд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд. Дар доираи ин дарс ба хонандагон дар бораи Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ ва алифбои забони тоҷикӣ маълумот пешниҳод мешавад”.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии ин мактаб ҳам, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст.

Баъди ин, акнун фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон имкон доранд, рӯзҳои якшанбе соати 16:00 дар "Хонаи дӯстии халқҳо" забони тоҷикӣ омӯзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД