Arzon march 2024
Трайфл «Сникерс»
956

 

Маҳсулоти лозима:

2 дона – тухм

140 грам – шакар

35 грам – орд

10 грам – какао

15 мл – равғани растанӣ

50 грам – маска

80 грам - қаймоқ

Намак, маводи ковокунанда

Барои ороиш:

250 грам – панири дилмашуда (творожный сыр)

25 грам – хокаи шакар

70 грам – шоколад

100 грам – чормағз

Тарзи таҳия:

Дар зарфе тухм, 40 грам шакар ва каме намак пошида бо миксер 5 дақиқа лат мезанем. Баъдан орд, какао, 1 қошуқча маводи ковокунанда, 1 қошуқ равғани растанӣ илова карда, хуб бо миксер лат мезанем. Дар қолаб равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем, хамирро рехта дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа 30 дақиқа то пӯтанаш меистад. Бисквит ки пӯхт майда мекунем. Зарфи дигарро дар болои оташи паст мегузорем ва карамелро омода мекунем. Дар зарф шакар, маска ва каме намак илова карда, меҷӯшонем ва баъдан қаймоқ илова карда 5 дақиқаи дигар дар оташи паст меҷӯшонем. Барои малҳам (крем) панири дилмашуда (творожный сыр) ва қаймоқу хокаи шакарро дар зарф гирифта, бо миксер лат мезканем. Пасон дар зарфи формаи муайяндошта, бисквити майдакардаро як қабат мечинем ва аз болояш малҳам (крем) ва карамел мекунем. Дар қабати дуюм низ бисквитро мечинем ва малҳаму карамел мекунем. Барои ороиш ганаж омода мекунем. Шоколадро об мекунем, равғани растанӣ ва чормағз илова карда омехта мекунем. Аз болои трайфл ганажро мерезем ва 30 дақиқа дар яхдон мегузорем.

Бо иштиҳо бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД