formula
Туҳфаи “FUJIFILM” ба беморон
424

"Мо дастгоҳро барои муоинаи аъзои оилаҳои гирифтори бемории сил ва маҳалҳои дурдасти кишвар фавран дастрас мекунем. Аз ҳар як шахсе, ки мо хидмат мекунем, ба ширкати FUJIFILM аҷру савоби фаровон хоҳад расид, ки ба он миннатдории самимии 'Ҳамкорони пешгирии сил' илова хоҳад шуд.

Ин як имкони беназир барои мо ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи босамари Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аст”.

Ин нуқтаро Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи «Ҳамкорони пешгирии сил” дар чорабиние, ки бахшида ба омӯзиш ва истифодаи дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ сурат гирифт, қайд кард.

Мутахассисони ширкати FUJIFILM ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ, радиологҳо ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ ба 120 нафар иштирокчӣ таҷрибаҳои амалии кишварҳои Озарбойҷон, Покистон ва Ҳиндустонро бо равишҳои навоваронаи ташхис, яъне тарзи истифодаи дастгоҳи рентгени сайёр бо зеҳни сунъӣ омӯхтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки барои санҷиши дақиқу саривақтии бемории сил якчанд усулҳо бо дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла дастгоҳи рентгени сайёр ба роҳ монда шуда, дар баробари ин дигар усулҳои муоина низ истифода карда мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД