Arzon march 2024
Тухм хоб бинӣ бой мешавӣ ё бадбахт?
4606


Ман Наргис, сокини шаҳри Ваҳдат, 22-сола ва хонандаи сомонаи Oila.tj мебошам. Чандин вақт мешавад, ки тум хоб мебинам. Қариб ҳар шаб дар хобам аз лнаи ягон парранда тухм меёбам, тумбирён мехӯрам ё ба ягон мағза даромада тухм мехарам.

Аз чанд кас пурсидам, вале таъбири аниқи хобамро касе гуфта натавонист. Баъзеҳо мегӯянд, ки тухм дар хоб хосияти нағз надорад мегӯянд, бархи дигар баръакс чунин хобро фоли нек медонанд. Мегуфтед, ки дар асл тухм хоб дидан ба чи далолат мекунад? Тухм дар хоб чи таъбир дорад?
Наргис, ш. Душанбе

                      Посух
Хоҳари азиз! Барои ба саволи шумо ҷавоби аниқ пайдо кардан мо чандин хобномаҳои исломиро варақ зада, чунин маълумотҳои аҷибро пайдо кардем. Маълум мешавад, ки пайдо кардани лонаи парранда бо тухмҳояш дар хоб аз сарватманд шудани шахси хобдида далолат мекунад. Зан, агар чунин хоб бинад, бо шахси дӯстдоштааш издивоҷ карда, хушбахт мешавад, агар оиладор бошад, соҳиби фарзанд хоҳад гашт.
Хӯрдани тухм дар хоб маънои онро дорад, ки ягон шахси саховатманд пайдо шуда, ба шумо кӯмаки моддӣ мерасонад ё дар ҳалли мушкиле, ки чанд вақт боз азобатон медод, дасти ёрӣ дароз мекунад.
Кас хоб бинад, ки бағалаш пур аз тухм аст ва ҳама ба ӯ бо ҳавас нигоҳ мекунанд, машҳур мешавад.
Фақат тухми пӯсидаро хоб дидан хосияти хуб надорад. Дидани чунин хоб маънои онро дорад, ки ба шумо хавфи “бонкрот” шудан, яъне талафоти молу мулк таҳдид менамояд, бинобар ин, бояд эҳтиёткор бошед ва сари вақт чораҳои зарурӣ андешед, то ки дороии худро аз даст надиҳед.
Дар хобатон ягон кас ба шумо як сабади тухм диҳад, ин маънои онро дорад, ки дар муомилоти тиҷории фоидаовар иштирок хоҳед кард. Дар ҷангал пайдо кардани тухми парранда ба гирифтани мерос далолат мекунад, шояд ягон хешу табори бефарзандатон хона, мошин, ул ё дигар дроияшро ба шумо бахшад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Номам Манижа 2023-08-27, 20:47
Ман хоб дидамки дуто тухмро аз руи хавли ёфтаам . Аммо тухмҳо ба тухми паранда монанд набуд ман тухми мурғ гуфта хостам ба хона барам амма дар хомон вакт касе ба манг гуфтки инҳо тухми парванда аст боз ба чояш гузор вакте хостам ба чои гирифтаам барам ногаҳон яктояш шикас . Намедонам ин хоб чи маъно дорад илтимос чавобашро диҳед
Посух
холидшоҳ 2023-10-22, 11:59
29 10 2022 н муъминобод д гарабдара
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Номам Манижа 2023-08-27, 20:47
Ман хоб дидамки дуто тухмро аз руи хавли ёфтаам . Аммо тухмҳо ба тухми паранда монанд набуд ман тухми мурғ гуфта хостам ба хона барам амма дар хомон вакт касе ба манг гуфтки инҳо тухми парванда аст боз ба чояш гузор вакте хостам ба чои гирифтаам барам ногаҳон яктояш шикас . Намедонам ин хоб чи маъно дорад илтимос чавобашро диҳед
Посух
холидшоҳ 2023-10-22, 11:59
29 10 2022 н муъминобод д гарабдара
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД